ПУШАЙМОН ШУДУ АВФ ГАРДИД

Маълум, ки ҳама ҳам хато мекунад, вале на ҳама аз кардаи худ пушаймон мешаваду боиси бахшоиши худованду авфи атрофиён мегардад.

Шукри беҳад, ки дар даврони истиқлол ҳукумати адолатпарвари мо ашхосеро, ки раҳгум зада ба кӯчаи ҷиноят дохил шуда, маҳкуми ҷазо гардидаанду оқибат аз кардаи худ сидқан пушаймон шудаанд, авф намуда, имкони ба ҷамъият баргаштану сафед кардани худро додааст.
Ба қарибӣ бо фармони Президент ба муносибати Иди Рамазон як гурӯҳ маҳкумшудагон авф гардида, ба канори фарзандону хешу ақрабо баргаштанд. Дар қатори авфшудагон сокини маҳаллаи «Меҳробод»-и шаҳри Тирмиз Ойдина Санонова ҳам буд, ки аз гумроҳӣ ба гирдоби ҷараёни динӣ-экстремистии «Ҷиҳодчиён» афтида, дую ним соли гул барин умри худро паси панҷараи торик гузаронид.
Ойдина Санонова 19 декабри соли 1993 таваллуд шуда, ҳанӯз ба шавҳар набаромадааст. 14 феврали соли 2017 барои алоқадориаш бо ҷараёни динӣ-экстремистии «Ҷиҳодчиён» аз тарафи суди вилоят оид ба корҳои ҷиноӣ айбдор дониста шуда, панҷ солу як моҳ аз озодӣ маҳрум гардидааст. Вақте ки инсон бемор шуд, баъд ба қадри саломатӣ мерасад. Ойдина Санонова ҳам баъди маҳрум шудан аз озодӣ ба қадри ин неъмати бебаҳо расид. Дар торикӣ ҳис намуд, ки равшанӣ чӣ фароғате дорад. Аз кардаи худ пушаймон шуда, сидқан тавба намуд ва имрӯз дар назди ҳукумат ва қонун авф гардид.
Рӯзи 17 июн мувофиқи дар маркази мутобиқсозии иҷтимоӣ ва саридораи корҳои дохилии вилоят бо ӯ ва модараш суҳбат доир гашт. Ойдина Санонова ваъда дод, ки ба боварии нисбат ба ӯ додашуда хиёнат намекунад ва дигар ба ин роҳи пурхатар ҳаргиз намедарояд.
Дар ҷараёни суҳбат Ойдина Санонова ба масъулони маркази кӯмакрасони иҷтимоии ҳокимияти вилоят, ки ба ӯ 1 миллиону 215 ҳазор сӯм ёрдами моддӣ расониданд ва ба ходимони Саридораи корҳои дохилӣ, ки дар гирифтани шиносномааш амалӣ кӯмак намуданд, миннатдорӣ изҳор дошт. Баъди ин ҳокими вилоят аз муаммоҳои Ойдина ва модари ӯ пурсон гардида, ба масъулон супориш дод, ки дар 4 сотих замини наздиҳавлиашон барои сохтани гармхона кӯмак намуда, дар гирифтани кредити имтиёзнок кӯмаки амалӣ расонанд, инчунин шавқу завқи Ойдинаро нисбат ба корҳои дӯзандагӣ ба эътибор гирифта, ӯро бо мошинаи дӯзандагӣ таъмин намоянд.
Ин лаҳзаҳо аниқ, ки аз дили Ойдина чӣ ҳаяҷону ҳиссиёте мегузарад. Чаро нагузарад, ки ҷараёни ноқонунии «Ҷиҳодчиён» ӯро бо ваъдаҳои хушку холӣ фиребида, оқибат сӯи ҳабсхона раҳнамун сохту ҳукумати адолатпарвар ин гуноҳи ӯро бахшида ба ҳаёти озоду обод роҳ нишон дод. Президенти адолатпеша бори дигар ба ӯ имкони озод зиндагӣ кардану дар назди қонун сафед кардани худро фароҳам намуд.

Ф. ДУЛАНОВ,
мутахассиси хизмати матбуоти Саридораи корҳои дохилии вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: