Бинобар иттилои нашрияи "The Washington Post" ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон ба мардон пӯшидани шими ҷинсӣ ва ороиши мӯйҳои гуногунро манъ кардааст.
Гуфта мешавад, ки қонунҳои нав дар охири моҳи август қабул шудаанд. Мақсади онҳо манъ кардани тақлид ба ғайримусулмонон дар намуди зоҳирӣ ва рафтор аст.
Ба ғайр аз пӯшидани ҷинсӣ ва мӯйсартарошӣ, акнун ба мардони афғон кӯтоҳ кардани риш ва нигоҳ кардан ба занон, ғайр аз ҳамсар ё хешовандонашон манъ карда шудааст.