ҚАБОҲАТ ДАР ХОНАИ МЕҲРУБОНӢ

Чанд муддат сару садоҳои зиёд роҷеъ ба ҳодисаҳое, ки дар Хонаи меҳрубонии рақами 1-уми шаҳри Марғелон ба вуқӯъ пайвастанд, бештар мавриди ҷалби аҳли ҷомеа гардид.

Дар муқобили як қатор шахсони масъули Хонаи меҳрубонӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз гардиданд ва дафтари аъмолашонро кормандони идораҳои ҳуқуқӣ варақгардон карданд.
Аммо асли воқеа чӣ буд, ки барои ошкор кардани сабабу оқибатҳои ин муаммои гӯшношунид аксарият хомӯширо афзал шумурданд? Чаро дар маскане, ки кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, корҳои ношояму гапҳои гӯшношунид рух додаанд? Барои ин асосан кадом омилҳо сабаб шудаанд ва чаро муддати дароз пеши аъмоли онҳое гирифта нашудааст, ки ба чунин амалҳои ғайриинсонӣ ва ношоям  даст задаанд?
Тибқи маълумоти расмӣ маблағи умумии ба тороҷбурдаи мутасаддиёни Хонаи меҳрубонии рақами 1-уми шаҳри Марғелон дастикам яксаду ҳафтод миллион сӯмро ташкил додааст. Дар ин ҷо боз як идда кормандони ин маскан тибқи моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноӣ ба мӯҳлатҳои гуногун ба зиндон маҳкум шуданд. Аз ҷумла, онҳо барои сохтакориҳо ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муҷозот шуданд.
Дарвоқеъ, сару садо ва гапу калочаҳо на дар бораи он буданд, ки мутасаддиёни ин маскан пули зиёдро ба яғмо бурдаанд ва ҷиғилдонашонро аз ҳисоби хӯрдану пӯшидан ва истироҳати кӯдакони бепарастор пур кардаанд. Ҳаргиз на! Балки кормандони прокуратура он далелро ошкор намуданд, ки дар Хонаи меҳрубонӣ кормандон ба корҳои  аз ахлоқи инсонӣ берун (моддаҳои 127, 129-уми КҶ ҶӮ) роҳ додаанд. 
Таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғи Хонаи меҳрубонӣ аз  ҷиноятҳое маҳсуб меёбанд, ки ба тафсиру тавзеҳи он забони ашхоси солиму боидрок лол мондааст. Гузашта аз ин, баъзе мутасаддиёни Хонаи меҳрубонӣ тибқи моддаи 115-уми Кодекси ҷиноӣ барои он айбдор дониста шуданд, ки ҳамли духтарони қаднорасидаро аз роҳи сунъӣ афтонидаанд ва ба ин васила ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ ворид кардаанд. Дар баробари ин, баъзе аз мутасаддиёни маскани тарбия тарбиятгирандагонро ба корҳои вазнин ҷалб кардаанд, мавриди латту кӯб ва таҳқир қарор додаанд. Далел ин будааст, ки онҳо корҳои ҷисмониро дуруст ӯҳда карда натавонистаанд. Барои ҳамин баъзе аз ҳаракатҳои мутасаддиёни ин маскан мувофиқи бандҳои “а” ва “б”-и моддаи 110-уми КҶ ҶӮ сурат гирифтааст ва онҳо айбдор дониста шудаанд.
Мувофиқи хулосаҳои экспертизаи суду тиб ҷиноятҳое низ ошкор шудааст, ки як гурӯҳ тарбиятгирандагони Хонаи меҳрубонӣ (бештари онҳо духтарони ноболиғ) тавассути калтакҳои нарм лату кӯб шудаанд ва ҷароҳат гирифтаанд, аммо изи онҳо дер боқӣ намондааст. Ҳатто онҳо аз чунин усулҳои “тарбия” кор гирифтаанд, ки устухони пойи яке аз тарбиятгирандагон шикастааст ва  ба ин далел вай  муддати дароз бистарӣ гаштааст.
Ин ҷо саволҳои зиёди беҷавоб низ мавҷуданд, ки касро ба ҳайрат меоваранд. Аммо ҳоло аз анҷоми якчанд мурофиаи суд маълумотро дар ихтиёри шумо, муштариёни рӯзнома мегузорем. Дар мурофиаи суд, ки баъзеи он пушти дарҳои баста баргузор шудаанд, як қатор шахсони мансабдори Хонаи меҳрубонӣ айбдор дониста шудаанд ва додгоҳ мувофиқи ҷинояташон ҳукми онҳоро эълон кардааст. 
Гуфта мешавад, дар ин мурофиаҳои пушти дарҳои бастаи судяи Суди вилоятӣ  муовини мудири Хонаи меҳрубонӣ Қ.Қодировро мувофиқи қисми 4-уми моддаи 119  ва як қатор моддаҳои дигари  Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста, вайро ба муддати понздаҳуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳамчунин вакили додрасонӣ боз ба як муовини мудири  Хонаи меҳрубонӣ С.Усмонов 16 соли ҳабсро муқаррар намудааст.
Корҳои бозрасӣ, тафтиш ва гирд овардани маълумотҳо ба чунин натиҷа овардаанд, ки мудири Хонаи меҳрубонӣ К. Яқубов, сармуҳосиб А.Саидкамолова, дастёри духтур И. Йӯлдошев, тарбиячиён Х. Яқубова, Р. Абдуфаттоев ва Н. Солиева, кормандони он Д. Ҷӯрабоева ва Х. Тӯраев низ мувофиқи айбашон ҷазо бигиранд.
Тазаккури он нукта низ ҷоиз мебошад, ки Суди вилоятӣ даҳ нафар кормандони ин масканро ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намуд. Ба баъзеи онҳо ҷаримаҳои калон андохта шуд. Мудир К.Яқубов барои бемасъулиятӣ ва саҳлангорӣ нисбати мақому вазифа ба чаҳор соли ҳабс маҳкум гардид. 
– Маро он нукта ба ҳайрат овард, ки чунин ҳодиса дар шаҳри куҳани Марғелон рӯй додааст, аммо муддати дароз курсинишинони идораҳои зиёд овозаҳо ва сару садоҳоро нодида гирифтаанд. Наход онҳо ин сару садоҳоро нашуниданд? Онҳо ягон бор ба ин маскани тарбия ташриф наовардаанд, ба фаъолияти кормандони он аз нигоҳи танқидӣ баҳо надодаанд. Ҳатто натавонистаанд бо тарбиятгирандагон ҳамсӯҳбат шаванд, дарду доғи онҳоро шунаванд. Месазад, ки дастандаркорони ин Хонаи меҳрубонӣ мувофиқи ҷинояташон ҷазои муносиб гиранд,– мегӯяд собиқадори меҳнат Қодирбек Амирбеков.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: