Дар сессияи навбатии «Пресс-клуби ҷавонон» дар Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон кӯшиш намуданд ба ин савол ҷавоб гӯянд.
Дар давоми мулоқот дар бораи корҳое, ки Комиссияи давлатӣ бинобар қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба такмил додани тартиби қабули довталабон ба таҳсил амалӣ намудааст, маълумот дода шуд. Ҳамчунин, мазмун ва моҳияти қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ бинобар такмил додани низоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси озмунҳои тест» аз 14 майи соли 2019 ҳаматарафа фаҳмонда шуд.
Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур бо мақсади ба стандартҳои байналхалқӣ мувофиқ кунондани озмунҳои тест, ки дар қабул барои таҳсил ба муассисаҳои таълими олӣ гузаронда мешаванд, рағбатнок кардани иштиёқи ҷавонон барои гирифтани таълим, иштирок кардани довталабон дар озмун бинобар якчанд самти озмуни таълими бакалавриат имконият фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, бо оғоз аз қабули соли хониши 2019/2020 навигариҳое мисли ба довталабон додани ҳуқуқи иштирок дар то се самти таълими бакалавриат, ки маҷмӯи фанҳои супоридашавандаи озмунҳои тест якхелаанд, дар моҳҳои июл ва август гузарондани озмунҳои тест, аз довталабоне, ки соли таҳсили пешинаи ташкилшавии озмунҳои тест муассисаи таълимиро хатм намудаанд ( ба ғайр аз шахсони ногиро ё шахсоне, ки таҳти таъминоти пурраи давлат ҳастанд) ба миқдори ним баробари ҳадди ақалли маош рӯёндани пардохт ҷорӣ карда шуданд.
Дар баробари ин муайян шуд, ки бино ба ҳуҷҷати мазкур маълумот дар бораи холҳои дар озмуни тест ҷамъкардаи довталаб фардои рӯзи баргузоршавии озмуни тест, натиҷаи озмуни тасдиқшуда оиди ба донишҷӯӣ тавсия гардидан ё нагардидани ӯ баъди пурра ба охир расидани ҷараёни озмунҳои тест дар давоми як ҳафта дар веб-сайти расмии Маркази давлатии тест эълон мегардад.
Бинобар маълумоти мутасаддиёни Маркази давлатии тест соли ҷорӣ барои таҳсил дар самти бакалавриати муассисаи таълими олӣ 1 миллиону 66 ҳазору 925 нафар довталаб ҳуҷҷат супурдааст. Ин нисбат ба солҳои гузашта нишондоди калонтарин ба ҳисоб меравад. 49,9 фоизи онҳое, ки ҳуҷҷат супурдаанд, занону духтарон мебошанд. Беш аз 150 ҳазор нафари довталабон шахсоне мебошанд, ки то соли 1990 таваллуд шудаанд. Хурдсолтарин довталаб 14-сола буда, дар вилояти Қашқадарё ба самти биология, куҳансолтарин довталаб бошад, мӯйсафеди 87-сола буда, бинобар самти тарбияи ҷисмонии муассисаи таълими олӣ ҳуҷҷат супурдааст.
Дар сессия намояндагони ташкилоти масъул ба саволҳои ҷавонон ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ батафсил ҷавоб доданд.
Н. УСМОНОВА, мухбири ӮзА.