ҚАБУЛГОҲҲОИ ХАЛҚИИ ПРЕЗИДЕНТ: ДАР МАҲАЛҲО БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН НАФАР ШАҲРВАНДОН ҚАБУЛ КАРДА ШУДАНД

Дар ҷараёни қабули навбатӣ, ки аз ҷониби қабулгоҳи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шуд, тақрибан дусад нафар шаҳрвандон шикоятҳои худро ба роҳбарони мақомоти дахлдор иброз доштанд. Ин муроҷиатҳо чӣ гуна ҳаллу фасл мешаванд? Бидуни шубҳа, ҳаллу фасли онҳо дар маркази эътибор қарор доранд.

Қабулгоҳҳои халқии Президент, ки воситаи муҳими мулоқот бо аҳолӣ гардиданд, нафақат бо муҳокимаи шикоят ва аризаҳои аҳолӣ машғул мешаванд, балки барои ҳаллу фасли онҳо бо мақомот ва созмонҳои дахлдор дар ҷойҳои қабули оммавӣ кор мебаранд.
Қабулҳои шахсии мушовири Президент, ҳамчунин роҳбарони сохторҳое, ки бинобар онҳо муроҷиат шудааст, ташкил мегарданд. Дар давраи сипаришуда аллакай зиёда аз як миллион шаҳрванд қабул шуданд. 
Дар қабули навбатии оммавӣ, ки аз ҷониби Қабулгоҳи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тошканд созмон дода шуд, тамоми шаҳрвандонро шахсан ҳокими шаҳри Тошканд Ҷ. Ортиқхӯҷаев, раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон К. Комилов, прокурори генералӣ О. Муродов, вазири адлия Р. Давлетов, вазири корҳои дохилӣ П. Бобоҷонов, раиси Кумитаи давлатии андоз Б. Мусоев пазируфтанд.
Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Худойбергенов таъкид сохт, ки ҳаллу фасли мушкилот, сабук кардани ташвишҳои аҳолӣ масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд. Ин талаби асосии Президенти мамлакати мо Шавкат Мирзиёев аст.
– Аксар вақт мардум аз як мақомот ба мақомоти дигар муроҷиат мекунанд ва дар натиҷа мушкилоташонро ҳал карда наметавонанд, вақти худро беҳуда сарф менамоянд, – мегӯяд Т. Худойбергенов. – Бинобар ҳамин ҳам имрӯз ба мулоқот бо халқ роҳбарони низомҳои асоситарин ҷалб карда шуданд. Аз ин имконият самарабахш истифода бубаред. 
Дар хонаҳои Қасри маданияти Вазорати корҳои дохилӣ, ки махсус барои қабул ҷудо карда шудаанд, роҳбарон дар давоми як рӯз шаҳрвандонро шахсан қабул карданд. 
С. Ниёзова, ки ба қабули ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев омадааст, хабар дод, ки 5 январи соли 2018-ум хонаи ӯро вайрон кардаанд ва аз он дам вай бо кӯдаконаш бе хонаву дар мебошад. Бо вуҷуди он ки пеш аз вайрон кардани хона ба ӯ ваъда дода буданд, барояш аз маркази шаҳр ду манзил ҷудо мекунанд. 
Ҷ. Ортиқхӯҷаев саъй намуд, ки масъули ин корро дарёбад ва барои чӣ то ҳол иҷро нашудани ваъдаро бифаҳмад. Кормандон бо ҳар роҳ аз ҷавоб саркашӣ мекарданд. Ҳоким бошад тақозо менамуд, ки масъала бояд имрӯз ҳаллу фасл шавад. Ба модари ду фарзанд хабар доданд, ки ҳоли ҳозир барояш як хонаи дуҳуҷрагӣ медиҳанд ва баъд аз чанд муддат аз хонаҳои сохташудаистода барои оилаи ӯ хонаи сеҳуҷрадор низ ҷудо хоҳанд кард.
Қабули вазири корҳои дохилӣ Пулат Бобоҷоновро муоина карда, мо шоҳиди он шудем, ки аксари муроҷиатҳо ба масъалаи ба кор барқарор кардани ходимони собиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки бинобар сабабҳои гуногун аз кор холӣ шудаанд, вобаста буд.
Вазир ҳар кадом муроҷиатро бо диққат шунид ва таъкид намуд, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ бояд танҳо кадрҳои содиқи касби худ ва фидоӣ кор кунанд.
Даҳҳо нафаре, ки ба қабули вазири  адлия омада буданд, барои дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба таъминоти манзил, кор, ҳуқуқи молу мулк ва нафақа кӯмаки амалӣ расонидан муроҷиат карданд.
Бо мақсади дар маҳал ҳаллу фасл кардани мушкилоти вобаста ба беэътиноии нотариусҳо, мушкилоти гирифтани ҳуқуқи мулкдорӣ, бо шуғл таъминшавӣ, ҳамчунин расондани кӯмаки амалӣ ба аҳолӣ вазири адлия Р. Давлетов ба ходимони дахлдор супоришҳои зарурӣ дод. 
Метавон гуфт, ки муроҷиати Насиба Зоҳидова, ки чандин моҳ барои дуруст кардани хатои як ҳарф сарсон буд, аллакай ҳалли худро ёфт. 
Вазир баъд аз шунидани муроҷиати шаҳрванде, ки дар натиҷаи ба дӯсташ мувофиқи забонхат бо ҳуқуқи фурӯхтан пешниҳод кардани манзили худ аз хонааш маҳрум шудааст, ба андешаи амиқ ғӯтавар шуд. Ҳолати андӯҳовари шахсе, ки ҳуқуқи худро кӯр-кӯрона ба бегона дода, дар натиҷа аз манзилаш маҳрум шудааст, воқеан, хеле риққатовар аст. Зеро вай ҳар қадар пушаймон нашавад, чи қадаре, ки ба роҳбарони мақомоти болоӣ муроҷиат накунад, ҳамааш беҳудааст, чунки ҳуқуқи аз даст додаро дигар барқарор кардан имконнопазир аст. Саргузашти сокини Бухоро, ки инак 14 сол боз наметавонад бо наберагони писари фавтидааш дидор бинад, низ ғамовар мебошад. Ин ба ягон меъёрҳои қонун мувофиқат намекунад. Ҳуқуқ танҳо дар ҳолатҳое, ки мардум ба идораҳои дахлдор муроҷиат  кунанд, ба манфиати онҳо ҳаллу фасл мешавад. Вале баъзе шахсон ба қабули мансабдорони болоӣ танҳо ба мақсади дарёфти ҷавоб ба саволи «Адолат дар куҷост, ҳақиқат ку?» муроҷиат мекунанд ва хатои маҳз содир менамоянд. 
– Дар ҷараёни қабул ман бори дигар ба мавҷуд будани мушкилоти мушаххас бинобар афкори ҳуқуқии шаҳрвандон эътимод пайдо кардам, – мегӯяд вазири адлия Русланбек Давлетов. – Пештар бобати баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ корҳои зиёд амалӣ мешуданд. Вале ҳеҷ кас ба баланд бардоштани афкори ҳуқуқӣ машғул намешуд. Агар гӯем, ки ҳоли ҳозир баъзе шахсон самти фаъолияти мақомоти дахлдорро надониставу ба ҳама дарҳо сар зада, вақти худро беҳуда исроф мекунанд, хато намешавад. Ҳатто имрӯз ҳам мо даҳҳо нафарро ба қабули судҳо роҳӣ намудем. Муроҷиати баъзе шаҳрвандон бошад, ки муттасил: «Шумо бояд мушкилоти маро ҳаллу фасл кунед», мегӯянд, умуман тааҷҷубовар мебошад. Он санад касро хурсанд мекунад, ки баъзе шаҳрвандон дар бораи камбудиҳои низоми адлия поквиҷдонона ва ошкоро ҳарф мезаданд ва бобати минбаъд такмил додани он таклифҳо пешниҳод мекарданд. Мо, бешубҳа, ҳамаи инҳоро ба инобат мегирем. 
Даҳҳо нафаре, ки ба қабули прокурори генералӣ омадаанд, аз замини худ, корхона, тиҷораташон маҳрум шудаанд ва барои барқарор кардани ҳуқуқашон кумаки амалӣ мепурсанд. Тамоми ин масъалаҳо, албатта, омӯзиши махсус, тафтишоти заруриро тақозо доранд. Баррасии ҳамаи муроҷиатҳо таҳти назорат гирифта, ба шахсони масъули мақомоти дахлдор барои ҳаллу фасли онҳо супоришҳо дода шуданд.
Ба саволи «Шикояти  шаҳрвандоне, ки имрӯз ба қабул омаданд, асосан аз чиҳо иборатанд?», прокурори генералӣ ҷавоб дод, ки «90 фоизи шаҳрвандоне, ки ҳоли ҳозир ба қабулаш омадаанд, аз фаъолияти судҳо норозианд». Ба пурсиш дар бораи он, ки: «Оё тамоми муроҷиатҳо асосноканд?» чунин ҷавоб гирифтем: «Албатта, мо наметавонем бигӯем, ки ҳамаи онҳо асоснок мебошанд». 
Дар ҷараёни қабул нисбат ба кормандони мақомоти прокуратура, ки аз доираи қонун ва қоидаи ахлоқ берун мебароянд, низ шикоятҳо афтоданд. Бинобар санадҳои мазкур бобати гузаронидани тафтишоти хидматӣ ва дар нисбати онҳо қабул намудани чораҳои қатъӣ супоришҳо дода шуданд.

Норгул АБДУРАИМОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: