ҚАБУЛИ АФВШУДАГОН

Маълум аст, ки мувофиқи Фармони Президент аз 31 январи соли ҷорӣ «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муддати ҷазоро дар ҳабсхонаҳо гузаронида, аз кардаи худ пушаймон шудаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд» 63 нафар шаҳрвандони мамлакат афв шуданд.

Байни онҳо 2 нафар маҳкумшудагони бухороӣ низ ҳастанд. Ба оғӯши оила баргаштани онҳо аҳли хонаводаро хеле шод гардонд. Чанд рӯз муқаддам ҷонишинони ҳокими вилоят Э. Маҷидов, А. Ғуломов, прокурори вилоят М. Истамов, сардори  садорати корҳои дохилии вилоят Ш. Алиев, сардори раёсати давлатии андози вилоят М. Маматхонов ва дигарон афвшудагонро қабул карда, бо масъалаҳои иҷтимоии онҳо шинос шуданд. Инчунин, дар тадбир ҷавобан ба ғамхории инсонпарваронаи  сарвари давлат баҳри дар ҷамъият пайдо намудани ҷойи муносиб ва ба иштироккунандаи фаъоли ҷараёнҳои таҷдидёбии мамлакат табдил ёфтани эшон фикру мулоҳизаҳои ҷолиби диққат баён гардид.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: