ҚАБУЛИ НАВБАТИИ ШАҲРВАНДОН ДАР СЕНАТ

Ба қарибӣ раиси Кумитаи занону духтарон ва баробарии гендерии Сенати Олий Маҷлис М.Қодирхонова қабули шаҳрвандонро гузаронд.

Дар қабул беш аз 50 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз Қароқалпоқистон, Қашқадарё, Сурхондарё, Намангон, Навоӣ, Самарқанд, аз вилояти Тошканд ва шаҳри Тошканд бо мушкилоте, ки онҳоро ба ташвиш меорад, муроҷиат карданд.
Азбаски, бештари онҳо ба масъалаҳои суду ҳуқуқ, хонаву ҷой, кадастр, ба маҳалла овардани об, таъминоти моддӣ ва масъалаҳои дигар дахл доранд,  ходимони масъул аз Суди олӣ, Сарпрокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ, Бонки марказӣ, Агентии кадастр, инчунин кумитаи оила ва занону духтарон ба ҷараёни қабул ҷалб карда шуданд. 
Муроҷиатҳои ҳар як шаҳрванд ҳаматарафа омӯхта шуд. Дар рафти қабул шаҳрвандон аз кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ гирифтанд. Якчанд муроҷиатҳо дар ҷояш ҳал карда шуд. 
Аз тарафи раиси кумита ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки муроҷиатҳое, ки ҳаллу фаслашон вақтро тақозо мекунад, пурра анҷом дода, чораҳои дахлдор андешанд.
Инчунин, маълум шуд, ки назорати кумита аз болои иҷрои масъалаҳои дар қабул муҳокимашуда муқаррар карда шудааст.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: