ҚАБУЛИ ОММАВИИ СЕКТОР

Роҳбари сектори чоруми ноҳияи Фориш, сардори инспексияи давлатии андози ноҳия Сардор Раҷабов дар маҳаллаи Қизилқум қабули оммавӣ ташкил кард.

Дар он мудири Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳия Ӯткир Муҳаммадов, роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои дахлдор иштирок карданд.
Дар вохӯрии оммавӣ сокини маҳалла Шавқибой Анҷиров аз номи ҳаммаҳаллаҳо баромад карда,  дар бораи таъмир намудани роҳҳои автомобилгарди «Қизилқум – Боғдон» ҳарф зад. Акмал Ҷавлонов хоҳиши тадбиркор шуданро ба миён гузошта, дар хусуси ҷудо намудани майдони замин ёрии амалӣ пурсид. Улбӯсин Муҳаммадова барои таъмир кардани хонаву ҷой ёрӣ хост.
Дар давоми қабули шаҳрвандони маҳалла ҳамагӣ шашто муроҷиат қабул гардида, дутои онҳо дарҳол ҳалли худро ёфтанд. Ду муроҷиати дигар бошад, барои иҷро ба идораҳои дахлдор фиристонда шуд. Дар мавриди қарорҳои Президент, тағйироту иловаҳои охирини қонунгузорӣ ба аҳолӣ маълумот доданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: