Қабули сайёри навбатии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар ноҳияи Қӯшработ гузаронида шуд.
Қабули сайёри навбатии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар ноҳияи Қӯшработ гузаронида шуд.
Дар рафти қабули сайёр 294 нафар шаҳрванд аз рӯйи масъалаҳои барои сохтмони хонаву ҷой ҷудо кардани замин, ёрии моддӣ, пенсия, нафақаи бачагон, таъмини шуғл, гирифтани кредит, муаммоҳои гази табиӣ, қувваи барқ ва оби нӯшиданӣ, мушкилиҳои сохтори ҳифзи тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ, таъмири роҳ ва соҳаи таълим муроҷиат карданд. Ба масъалаҳое, ки ҳалли онҳо вақт талаб мекунад, мутасаддиён вобаста карда шуданд ва иҷрои онҳо аз тарафи ҳокимият ба назорат гирифта мешавад.
– Ногирои гурӯҳи дувум мебошам, – гуфт истиқоматкунандаи маҳаллаи Булоқбошии ноҳия Шаҳзода Қаршиева. – Бо дӯзандагӣ машғул ҳастам. Аммо барои хариди мошини дӯзандагӣ маблағ надорам. Дар рафти қабули сайёр барои харидани мошини дӯзандагӣ ёрӣ пурсидам ва муроҷиати ман дар худи ҳамин ҷо ҳал карда шуд. Барои ин аз мутасаддиён миннатдор ҳастам.
Дар рафти қабул зани солхӯрдае, ки соҳиби ду фарзанд мебошад, ба ҳокими вилоят аз рӯйи масъалаи таъмири хонаву ҷой муроҷиат кард. Ҳокими вилоят ба ин масъала бефарқ шуда натавонист.
– Агар фарзандоне, ки Шумо тарбия карда, ба камол расондед, имрӯз ба шумо ғамхорӣ карда натавонанд, ин корро давлат ба ӯҳдаи худ мегирад, – гуфт Э. Турдимов. – Марҳамат, ба хонаи «Саховат» ҷойгир мекунем. Дар зисту зиндагонӣ ва хӯрду пӯшидани шумо ягон муаммо намешавад. Аз хизмати намунавии тиббӣ истифода мебаред. Ин масъаларо дар ин ҳол намегузорем. Мувофиқи қонун фарзанди болиғ бояд ба падару модари солхӯрдаи худ ғамхорӣ намояд. Ин ҳатмист. Дар асоси ҳамин тамоил, ки ба Конститутсия ворид шудааст, ба суд даъво мекунем ва аз фарзандонатон алимент меситонем.
Албатта, пиразан чунин ранг гирифтани корро интизор набуд. Ин барои дигар шаҳрвандоне, ки бо чунин «масъалаҳо» омада буданд, дарси ибрат шуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.