Маҷмӯи варзишии «Ревгар»-и деҳаи Бобоатои ноҳияи Шофиркон намуди идона дошт.
Гирду атроф бо автомобилҳои сершумор, мардуми зиёди ҷамъомада ба назар хеле файзнок метофт. Дар ин ҷо қабули сайёри навбатии роҳбарони вилоят, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, андоз ва дигар соҳаҳо ба кори худ оғоз намуд. Бо мақсади осон ва самаранок қабул кардани муроҷиаткунандагон дар толор шароити мусоид фароҳам оварда шуда буд.
Ҳамин тариқ корафтодагон дар сектори аввал ба ҳокими вилоят Ӯктам Барноев ва муовинони вай, дар сектори дуюм ба прокурори вилоят Баҳриддин Валиев ва ҳамкоронаш, дар сектори сеюм ба сардори садорати корҳои дохилии вилоят Шуҳрат Алиев ва мутасаддиёни соҳа, дар сектори чорум ба сардори раёсати инспексияи андози вилоят Шерзод Ашуров ва ёварони вай, инчунин ба дигар сардорони садоратҳо ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳои вилоятӣ, ки он ҷо бо тартиби муайян қабулгоҳи муваққатӣ доштанд, бо масъалаҳои гуногуни рӯзмарра ба муроҷиаткунӣ сар карданд. Ин ҷараён хеле тӯл кашид ва то бегоҳӣ давом кард.
Мо дар ин ҷо бо якчанд нафар муроҷиаткардагон суҳбат карда, аз қаноатманд будани онҳо огоҳ гардидем. Аз ҷумла, тадбиркор Нозигул Рӯзиева, ки бо ташаббуси худ дар кӯчаи Бобур барои кӯдакон муассисаи томактабӣ сохтан мехоҳад, аз дастгирӣ ёфтани таклифаш хурсанд буд...
Аҷибаш дар он, ки байни онҳо на фақат мардуми ноҳияи Шофиркон, балки намояндагони шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ ба чашм мерасиданд. Ҳамаи онҳо низ аз қабули роҳбарон ва мутасаддиёни соҳа баҳраманд гардиданд.
Сокини шаҳри Бухоро Дилноза Бозорова, ки бо масъалаҳои оилавӣ ва мушкилоти манзил муроҷиат кард, комёб шуд.
Онҳое, ки мисли ӯ аз қабул бо чеҳраи шод мебаромаданд, зиёд буданд.
– Албатта муроҷиатҳо зиёданд, барои пурра омӯхтан ва ҳалли қонунии онҳо вақт лозим аст. Азму кӯшиш менамоем, то ки ҳеҷ кас ноумед нашавад, – гуфт корманди масъули ҳокимияти вилоят Толиб Ҷумъаев.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.