Қабули сайёр – омили ҳалли муроҷиатҳо

Ба қарибӣ дар зиёратгоҳи Бибионаи ноҳияи Чуст бо иштироки намояндагони вазоратҳо, секторҳо, роҳбарони садорати корхона ва муассисаҳои вилояти Намангон бахшида ба омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон ва барои ҳаллу фасл гардидани муаммоҳои аҳолӣ қабули сайёр баргузор шуд.

Ба қарибӣ дар зиёратгоҳи Бибионаи ноҳияи Чуст бо иштироки намояндагони вазоратҳо, секторҳо, роҳбарони садорати корхона ва муассисаҳои вилояти Намангон бахшида ба омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон ва барои ҳаллу фасл гардидани муаммоҳои аҳолӣ қабули сайёр баргузор шуд.
Дар қабули сайёр аз ноҳияҳои Чуст, Поп ва Мингбулоқ муроҷиатчиён иштирок намуданд. Қисми асосии муроҷиатҳо асосан оиди вайроншавии ҳуқуқи шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таъмини оби нӯшокӣ, қаноатбахш набудани гази табиӣ, қувваи барқ, дар ҳудуд мавҷуд набудани муассисаи таълими томактабӣ, мумфарш кардани роҳҳо, ободонии мавзеъҳо, гирифтани вомҳои имтиёзнок барои соҳибкорон аз бонкҳо  иборат буд.
Муроҷиатҳо ҳамаҷониба омӯхта шуда, барои ҳаллу фаслашон мутасаддиён вазифадор карда шуданд.
Вакилони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кӯмиртаъминот»-и ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбеккӯмир» ба муроҷиати қариб 40 нафар гӯш андохтанд.
– Ба оилаҳои камбизоат аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Бибиона Файзуллохон Абдуллоев ва аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Янгичаки ноҳияи Чуст Заррина Ашурматова 1 тоннагӣ ангишт пешниҳод кардем, – гуфт мудири анбори ангишт Мирзоакбар Исҳоқов.
– Кӯчаҳои пасту баланд дар рӯзҳои сербориш барои равуои мактаббачагони мактаби миёнаи рақами 5-ум  душвориҳо тавлид мекард, – гуфт сокини кӯчаи Маърифати ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Пансадаи ноҳияи Чуст М.Ҷалилов, – умед дорем, ки ин муроҷиати моро ба инобат мегиранд.
Чунин қабули сайёр дар дигар ноҳияҳои вилоят низ баргузор гардид.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: