ҚАБУЛИ САЙЁРИ ИДОРАҲОИ СУДУ ҲУҚУҚ

Дар давоми ҳафтаи гузашта Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар як қатор ноҳияҳои вилояти Ҷиззах бо аҳолӣ қабули сайёр ташкил кард.

Дар давоми ҳафтаи гузашта Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар як қатор ноҳияҳои вилояти Ҷиззах бо аҳолӣ қабули сайёр ташкил кард.
Дар ин вохӯриҳо корафтодагон аз хусуси муаммо ва мушкилиҳои худ ба судяҳо муроҷиат намуданд. Дар қабули сайёре, ки дар шаҳри Дӯстлик барои аҳолии ноҳияҳои  Мирзочӯл, Пахтакор, Арнасой ва Зафаробод пешбинӣ шуда буд, шаҳрвандон имконият пайдо намуданд, ки аз рӯи мансубияти масъалаҳо ба судҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ муроҷиат намоянд.
Масалан, мушкилоти сокини ноҳияи Мирзочӯл Хумора Соҳибова доир ба соҳиби ҳуҷҷати шаҳрвандӣ шудани фарзандони баъди шонздаҳ сол муроҷиат карда буд, ки ин масъала ҳалли худро ёфт.
Дар ноҳияи Шароф Рашидов низ ҳамин гуна вохӯриҳо ташкил карда шуданд, ки барои аҳолии ноҳияҳои дигари вилоят манфиат дошт. Назар ба маълумотҳо суди олӣ қариб шаст масъалаи муроҷиаткунандагонро  ба масъулон роҳӣ сохт. Қариб сесад миллион сӯм пул тавассути суди иқтисодӣ рӯёнда шуд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: