ҚАБУЛИ САЙЁРИ СУДЯҲО

Бори нахуст вакилони Шӯрои олии судяҳои Ӯзбекистон ва судяҳои Суди олии ҷумҳурӣ дар маркази ноҳияи Хӯҷаобод маросими қабули доманфарохеро барои корафтодагони вилоят ба роҳ монданд.

Дар ҷараёни қабул раисони судҳои шаҳрвандӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҷиноии вилоят низ ширкат намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Андиҷон ба “Овози тоҷик” хабар дод. 
– Яке аз ҳадафҳои асосии қабули сайёр  расонидани кӯмак барои таъмин шудани устувории қонун ва мизони адолат, баланд бардоштани самаранокии корҳои профилактикӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо, ҳамчунин ҳалли муаммоҳое мебошад, ки миёни идораҳои суд  ва шаҳрвандон арзи вуҷуд кардааст, – иброз доштааст судяи Суди олии ҷумҳурӣ Зарифа Қурбонова.
Ба гуфтаи мавсуф дар  қабули сайёр беш аз шаст нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳузур пазируфта шуданд. Судяҳо бо муаммову мушкилоти онҳо ошно гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли он дасти кӯмак дароз кардаанд.
Яке аз корафтодагон сокини маҳаллаи «Ширмонбулоқ»-и ноҳияи Булоқбошӣ Азизбек Бектошев мебошад. Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят мегӯяд, Азизбек Бектошев дар қабули сайёр гуфтааст, ки солҳои 2014-2016 дар хадамоти гумруки вилояти Намангон машғули кор буд, аммо бидуни шарҳу сабаб ӯро сабукдӯш карданд. Ба таъкиди ӯ муроҷиатҳои батакрори ӯро касе ба инобат нагирифтааст ва дар ҳаллу фасли он иқдоме низ накардаанд.
Дар қабули сайёр роҳҳои  ҳуқуқии ба кор барқароршавиаш  Азизбек Бектошев  муфассал ташреҳ гардидааст. Ҳамчунин дар ҷараёни қабули сайёр муроҷиати 26 нафар корафтодагон ҳалли худро пайдо кардааст. Оиди ҳалли муаммоҳои муроҷиаткунандагони боқимонда вакилони Шӯрои олии судяҳо ва судяҳои Суди олии ҷумҳурӣ аз усули машваратҳои ҳуқуқӣ низ кор гирифтанд ва дар оянда ин муаммоҳо низ мусбат ҳал хоҳанд шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: