ҚАБУЛИ САЙЁРИ ВАЗОРАТҲО ДАР ВИЛОЯТИ БУХОРО

7-9 октябри соли равон бо иштироки мутасаддиёни Маъмурияти Президент, Қабулхонаи халқӣ, инчунин қариб 20 вазорату идора қабули сайёри аҳолии вилояти Бухоро ба амал омад.

7-9 октябри соли равон бо иштироки мутасаддиёни Маъмурияти Президент, Қабулхонаи халқӣ, инчунин қариб 20 вазорату идора қабули сайёри аҳолии вилояти Бухоро ба амал омад.  Рӯзи аввали қабули онҳо, ки дар коллеҷи касбу ҳунари нафту гази Бухоро баргузор гардид, намояндагони шаҳрҳои Бухорою Когон ва ноҳияҳои Қаравулбозору Когон барои ҳалли масъалаҳои худ омаданд. 
Бояд таъкид намуд, ки бо мақсади самаранок гузаштани ин ҷараён иҷрокунандаи муваққатии вазифаи ҳокими вилоят Фарҳод Умаров, роҳбарони секторҳо, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, мутасаддиёни дахлдори ташкилот, идора ва муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба онҳо кӯмак расонданд. Дар қабули сайёр мувофиқи тамоюли розӣ кардани муроҷиаткунандагон даҳҳо масъалаҳои аз ҷониби онҳо ба майдон омада, аз қабили ҳаматарафа дастгирӣ намудани оилаҳое, ки дар рӯзҳои карантин шароити зиндагиашон мураккаб гашта, муҳтоҷи ёрии иҷтимоӣ ҳастанд, расондани ёрии моддӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, прокуратура ва суд, таъминоти манзил, ҳифзи тандурустӣ, беҳтар намудани хидматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо, ҷудо кардани кредитҳои имтиёзнок бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ, таъмири роҳҳо, таъминоти газ ва барқ, хидматрасонии коммуналӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади ҳаллу фасл ба қайд гирифта шуданд.  Ҳамин тариқ, дар рӯзи аввали мулоқоти кушод бо мардум 442 нафар шаҳрванд бо 449 масъала муроҷиат кард. Дар натиҷа 136-тои он ҳалли эҷобӣ ёфта, 68 муроҷиат эзоҳ дода шуд. Азбаски барои омӯхтани 190 муроҷиат вақт лозим аст, он ба мутасаддиён ҳавола гардида ба назорат гирифта шуд. Байни муроҷиатҳо бештаринаш ба соҳаи корҳои дохилӣ дахл дошта, он 64-торо ташкил кард. Ҳамин тариқ оиди қарорҳои суд 53-то, мақомоти прокуратура 48-то, масъалаи шуғл 24-то муроҷиат баррасӣ гардид. Аз натиҷаи қабули сайёр сокини маҳаллаи 56-уми «Боғидашт»-и шаҳри Бухоро Обидбобо Шарифови 80-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Қаршилики ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ӯбачӯли»-и ноҳияи Когон, маъюби гурӯҳи дуюм Наргиза Эрназарова, бошандаи ҳавлии 18-уми кӯчаи Алпомиши шаҳри Бухоро Раъно Курамшина ва дигарон аз қабули сайёр қаноатмандӣ изҳор карданд.  
Рӯзи дуюм қабули сайёр кори худро дар истироҳатгоҳҳои «Порлоқ келажак»-и ноҳияи Вобканд (барои аҳолии ноҳияҳои Вобканд, Шофиркон ва Ғиҷдувон) ва «Ором тан»-и ноҳияи Ромитан (барои ноҳияҳои Ромитан, Пешкӯ ва Бухоро) кори худро давом дод. Боиси хушнудист, ки дар ин ҷо низ даҳҳо шаҳрвандон аз ҳаллу фасли қонунии муроҷиатҳояшон шод гардиданд. Аз ҷумла, муроҷиати Шӯҳрат Юсуфов аз номи аҳолии деҳаи Эшонлари ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кулолчи»-и ноҳияи Вобканд боиси ҳалли масъалаи ивазкунии трансформатори таъминоти барқ гардид.  Ҳамин тариқ хоҳиши сокини деҳаи Мирзоқишлоқи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тавариён» Шералӣ Шамсиев оиди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои манзил, истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Пахтаобод ва Халқобод Миршодбек Фармонов ва Ҳусен Тӯлаев оиди соҳибшавӣ ба аробачаи ногироӣ, бошандаи деҳаи Хосакенти ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Улфатбибӣ» Дилшод Суннатов (ҳама аз ноҳияи Ғиҷдувон) бобати гирифтани асобағал дар як лаҳза ҷомаи амал пӯшид.  Рӯзи охирини қабули сайёр дар боғи ватандӯстии ба номи Маҳмуди Торобии ноҳияи Ҷондор барои аҳолии ноҳияҳои Ҷондор, Қарокӯлу Олот ба амал омад. Дар кори он ҷонишини мушовири Президент А. Усмонов, ҷонишини Прокурори генералии ҷумҳурӣ Ш. Узоқов ва вазорату ташкилотҳои дигар иштирок карданд.  Ҳар як муроҷиат бо иштироки роҳбарони ташкилот, ҳокимият, вазорат ва мутасаддиён муҳокима гардид. Дар рӯзи сеюми қабули сайёр аз шаҳрвандони аз ноҳияҳо омада бештар аз 500-то муроҷиат ба майдон омад, ки 51-тои он ба номи сарвари давлат, 46-тоаш ба Вазорати корҳои дохилӣ, қариб 40-тои дигараш ба Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ инчунин вазоратҳои ҳифзи тандурустӣ, шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, дастгирии маҳалла ва оила дахл дошт.  Ҳамин тариқ дар қабули сайёри вилоят дар давоми се рӯз зиёда аз 1500 муроҷиат дастрас гардида бошад, 394-тои онҳо худи ҳамон рӯз ба тарзи эҷобӣ ҳалли худро ёфтанд, ба 223-то муроҷиат маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд, ба 164 нафар шаҳрванд моҳияти масъала маънидод гардида, муроҷиатҳои дахлдор барои чорабинӣ ба идораю ташкилот фиристода шуд. Он муроҷиатҳое, ки барои иҷро ба назорат гирифта шудааст, 777-то мебошад.  Ин муроҷиатҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки назди соҳаҳо, вазорату идораҳо, ҳокимиятҳою мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифаҳои ҳалталаб кам нестанд ва онҳо чорабинию бартарафкунии саривақтиро тақозо мекунанд. Аз ҳама муҳимтараш дар он, ки аз пойтахти мамлакат ба вилоят омада дар давоми се рӯз якҷоя бо роҳбарони секторҳои вилоятию шаҳру ноҳиявӣ гузаронида шудани қабули сайёри васеъмиқёс аз ҷониби роҳбарону мутасаддиёни вазорату идораҳои марказӣ ифодаи ба ҳаёт татбиқёбии ғояи халқпарваронаи бо ташаббуси сарвари давлат ба вуҷудомада «Халқ ба идораҳои давлатӣ не, идораҳои давлатӣ ба халқ хидмат карданаш лозим!» мебошад.  

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: