Дар вилояти Сурхондарё гузаронидани қабули сайёр ба ҳукми анъана даромадааст.
Мардуми ноҳия пешакӣ огоҳ карда мешаванд ва ҳокими вилоят бо раҳбарони мутасаддии вилоят ва ноҳия он ҷо ташриф фармуда, мушкилоти маҳалла, шахсони алоҳида омӯхта мешавад ва дар доираи имкон онҳо ҳал карда мешаванд.
Чунин қабули сайёрро 15 октябр ҳокими вилоят Тӯра Боболов дар маҳаллаи “Саксонкапа”-и ноҳияи Шӯрчӣ гузаронид. Дар ҷараёни қабул 72 нафар шаҳрванд бо 98 масъала муроҷиат намуданд. Аз масъалаҳои бамиёнгузошташуда 28 тояш ҳамон лаҳза дар ҷояш ҳал карда шуд. 70 масъалаи боқимонда ба назорат гирифта шуд ва мутасаддиёни соҳа барои омӯхтан ва ҳал кардани он муаззаф гардиданд. Ба муроҷиаткунандагон Ҳидоят Мамараимова ва Дилдора Холмуродова мошини дӯзандагӣ, ба Мелимамат Қулмаматов аробачаи электронии маъюбон, ба Раҷаб Рӯзиев баҳри барқарорсозии саломатиаш роҳхати тиббӣ дода шуд. Ба Зулфия Амонова бошад, барои таҳсили фарзандаш дар мактаби олӣ маблағи шартномааш пардохта мешавад. Хуллас, муроҷиати чанд нафари дигар ҳамин тавр дар ҷояш ҳал карда шуд. Дар анҷоми қабул мӯйсафедони нуронӣ ба ҳоким ва роҳбарони мутасаддӣ баҳри ташкили қабули сайёр изҳори миннатдорӣ намуда, дуои хайр карданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар қабули сайёр, ки ҳар сари вақт ташкил карда мешавад, дар вилоят мушкилоти мардум ҳалли худро ёфта истодаанд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.