ҚАДАМИ АВВАЛИ ҲАМКОРИИ ЖУРНАЛИСТОНИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТУ БАРОДАР ГУЗОШТА ШУД

  • ҚАДАМИ АВВАЛИ ҲАМКОРИИ ЖУРНАЛИСТОНИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТУ БАРОДАР ГУЗОШТА  ШУД
  • ҚАДАМИ АВВАЛИ ҲАМКОРИИ ЖУРНАЛИСТОНИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТУ БАРОДАР ГУЗОШТА  ШУД
  • ҚАДАМИ АВВАЛИ ҲАМКОРИИ ЖУРНАЛИСТОНИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТУ БАРОДАР ГУЗОШТА  ШУД

Халқҳои тоҷику ӯзбекро таърихи умумии бисёрасра ва муштаракоти фарҳангиву маънавӣ муттаҳид месозад.

Урфу одат, анъанаҳо, тарзи зист, арзишҳои миллиамон он қадар пайвастаанд, ки моро аз ҳамдигар ҷудо кардан ғайриимкон аст. 
Дар ин маврид пеш аз ҳама, рӯзҳоеро, ки дар таърихи ҳамкории мамлакатҳои мо саҳифаи нав кушоданд, ба хотир овардан айни муддаост. Тавре ки маълум аст, 9-10 марти соли 2018-ум Президенти кишварамон  Шавкат Мирзиёев аввалин сафари давлатиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод. Саҳв намешавад, агар гӯем, ки ин ташриф дар таърихи ду мамлакат давраи навро боз намуд.
Бо саъю кӯшишҳои сарони давлатҳои мо масъалаҳои марзбандии сарҳадҳои давлатии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон куллан ҳаллу фасл шуданд. 
Қариб панҷ сол аст, ки робитаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ барқарор шудаву сол аз сол густариш ёфта, ба дараҷаи сифатан нав бардошта мешаванд. 
Солҳои охир алоқаҳои маданиву башардӯстона низ фаъол шуданд, ки онҳо халқҳоямонро беш аз беш қаринтар мекунанд. Дар ҳар ду мамлакат мактабҳо бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ амал мекунанд, рӯзномаҳо ба ҳар ду забон чоп мешаванд. Сафарҳои тарафайни ҳайатҳо, кормандони эҷодӣ ташкил мегарданд, рӯзҳои маданият, консертҳо, намоишгоҳҳо, конфронсҳо гузаронида мешаванд.
Моҳи майи соли равон Меморандуми ҳамкории тарафайни  Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имзо гардид.  Дар ҷараёни ин чорабинӣ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода бори аввал дар таърихи муносибатҳои дуҷониба ба шаш нафар рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ гувоҳномаҳои узвияти Иттифоқи журналистони  Тоҷикистонро супурд.  
Дар меморандуми ҳамкории байни иттифоқи журналистони ду кишвар зикр шудааст, ки соле як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар анҷом диҳанд. 
Мувофиқи он мо ҳайати ёздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси он Олимҷон Ӯсаров роҳи Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистонро пеш гирифтем. Сафари ҳайат аз гузаргоҳи марзии Ойбек – Фотеҳобод оғоз ёфт. Пас аз пазироии гарму ҷӯшон ҳамроҳи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба шаҳри Хуҷанд равона шудем. 
Таъкид бояд кард, ки дар вилояти Суғд, баробари тоҷикон, ӯзбекҳо низ зиндагӣ мекунанд. Дар “Кохи матбуот”-и шаҳри Хуҷанд, ки нуқтаҳои хабарнигорони нашрияҳои ҷумҳурӣ, инчунин воситаҳои ахбори оммавии чопии вилоят ҷой гирифтаасту ҷамоаи бузурге дар ҳамҷиҳатӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти вилоятро инъикос менамоянд, журналистони вилоят барои мубодилаи афкор бо ҳамкасбони худ аз Ӯзбекистон ҷамъ омада буданд.
Чорабиниро, ки дар рӯҳи дӯстӣ ва самимият гузашт, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки сафари мазкури ҳайати журналистони Ӯзбекистон дар доираи Меморандуми ҳамкории байни иттифоқҳои журналистони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст ва дар ҳамкориҳои эҷодии ду халқи бародар натиҷаҳои хуб дода, онро мустаҳкам хоҳад кард.
 Дар рафти мулоқот роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва рушди муносибатҳо байни журналистони ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарордод шуд, ки дар ҳамкорӣ як қатор лоиҳаҳо  амалӣ гардонда шаванд. Ғояҳо бобати аз чоп баровардани шумораҳои муштаракаи воситаҳои ахбори оммавии чопӣ, ҳамкорӣ дар бахши телевизиону радио ба ҳар ду ҷониб писанд омаданд.
— Сафари ҳайати журналистони Ӯзбекистон бесабаб маҳз аз шаҳри Хуҷанд оғоз нашуд. Зеро дар Хуҷанд баробари рӯзномаҳои тоҷикӣ бо забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ ҳам рӯзномаҳо чоп мешаванд. Ҳамчунин, чанд нафар журналистони хуҷандӣ ғолибони озмуни байналхалқии “Қалами тиллоӣ”-и Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон мебошанд. 
Таъкид бояд кард, ки дар равобити дӯстонаи байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, баробари соҳаҳои сиёсию иқтисодиву фарҳангӣ, дар бахши журналистика низ ба зинаи нав қадам гузошта шуд, — гуфт раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров. 
Сипас ҳайати мо ба идораҳои рӯзномаҳои «Суғд ҳақиқати», «Ҳақиқати Суғд»  ва «Согдийская правда» ташриф оварда, бо ҳайати эҷодии ин нашрияҳо сӯҳбатҳо анҷом дод.
Дар вилояти Суғд, аз ҷумла ба яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳим — саноат низ таваҷҷуҳи хеле зиёд дода мешавад.  Дар ин ҷода ҶДММ «Ҷавонӣ»  аз корхонаҳои муваффақ маҳсуб меёбад.  Корхонаи мазкур соли 1992 дар асоси сармояҳои хориҷӣ созмон ёфта, то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Дар коргоҳи мазкур анқариб 800 нафар кор мекунанд, он шакли пурраи истеҳсолотро ба худ касб кардааст. Гуфтан бамаврид аст, ки коргоҳ дар асоси технологияи навтарини замонавӣ аз нахи пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ришта, аз ришта газвор ва аз газвор сарулибоси фармоишӣ омода мекунад. 
Ҳамзамон, маълум шуд, ки 97 фоизи мизоҷони маҳсулоти тайёрнамудаи коргоҳи ҶДММ “Ҷавонӣ”-ро харидорони аврупоӣ  ташкил мекардаанд ва он бештар аз 25 сол боз дар бозори Аврупо харидор ва талабгорони худро доштааст. 
Дар коргоҳи мазкур 6 сех: истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, пардоздиҳӣ, дӯзандагӣ, рангубордиҳӣ ва дарзмолу борпечкунӣ фаъолият доранд.
Дар коргоҳ барои тайёр кардани ришта барои истеҳсоли матоъ аз таҷҳизоти ширкатҳои AMALUMI (Олмон), BENIGER (Шветсария) истифода мебаранд. 
Боздиди  навбатии мо Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гардид. 
Хишти нахустини осорхона моҳи июли соли 2003 гузошта шудааст.  Роҳбари фарҳангпарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 августи соли 2006 дар вазъияти тантанавӣ, бо ҳузури аҳли зиёи мамлакат ва анбӯҳи сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр барои фаъолияти он дар марҳалаи нави таърихӣ ҳусни ифтитоҳ бахшидааст.
 Осорхона ҳоли ҳозир аз як толори васеи рӯизаминӣ ва се толори бузургҳаҷми зеризаминӣ иборат будааст.  Толори  якум «Ҳаёти одамони асри санг» номгузорӣ шудааст. Ин толор (ғор)-ро Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Ёдгоров бо омезиши ду санъат: рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш додааст. Ин тарзи пешниҳод дар Осиёи Миёна бори аввал дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сурат гирифтааст.
 Толори  дуюм «Давраи филизӣ» ном дорад. Дар он ташаккулёбии тарзи ҳаёт ва ҷамъияти инсонӣ нишон дода мешавад.
 Толори фарҳанги ориёӣ ба ифтихори Соли бузургдошти тамаддуни ориёиҳо (с.2006) бахшида шудааст. Толори тамаддуни ориёиҳо бо рамзи ориёии рӯйи матоъ, ки муаллифаш Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова аст, оғоз меёбад.
Дар осорхона қасрҳои муҳташам, намунаи сутунҳо, ҳайкалҳо, ки дар Тахти Ҷамшед қомат афрохтаанд, ҳамчунин нусхабардорӣ аз катибаҳои Бесутун, нимпайкараи Дорои I ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.
Ҳамин тариқ, бо гузашти солҳо Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамқадам бо замон фаъолият дорад ва кормандони илмии он ҷамъоварии бозёфтҳоро идома медиҳанд.
Мавзеи навбатии сафари мо осоишгоҳи наву замонавии  “Баҳористон” гардид, ки дар гӯшаи ободу зебои вилояти Суғд, дар соҳили обанбори мусаффои Қайроққум, ки “Баҳри тоҷик” ҳам меноманд, ҷойгир шудааст.
Минтақаи сабзу хуррами осоишгоҳ 22 гектарро дар бар гирифта, бо табиати зебову мусоиди ҳудуд, иншооти мухталиф, пайроҳаҳои зебо, гулҳои гуногунранг, шумори зиёди фаввораҳои тасвирии тобистона, айвонҳои бароҳати бо кандакории миллӣ ороишёфта, пайкараҳои мухталиф, гӯшаҳои фароғати кӯдакон, ҳавзҳои кушод, бешубҳа ба ҳар як меҳмони осоишгоҳ ҳузуру ҳаловат мебахшад...

Ш. ВАКИЛОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: