ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР ПЕШГИРИИ КАМБИЗОАТӢ

Имрӯзҳо таҳти роҳбарии Президенти мо дар роҳи беҳбудии зиндагии мардум мақсадҳои азим пешбинӣ гардида, корҳои назаррас амалӣ гардонда мешаванд.

Имрӯзҳо таҳти роҳбарии Президенти мо дар роҳи  беҳбудии зиндагии мардум мақсадҳои азим пешбинӣ гардида, корҳои назаррас амалӣ гардонда мешаванд. Мақсади ниҳоӣ аз он иборат аст, ки мардуми мо фардо назар ба имрӯз зиндагии хубтару шукуфон ва хушбахтона дошта бошанд. Ӯзбекистон аз сафи кишварҳои барои тиҷорат ва сармоягузорӣ ҷолибтарин ҷой гирад.
Дар ин ҷараён ҳисоб кардани хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолии аҳолӣ масъалаи хеле муҳим аст. Дар ин як қатор омилҳо, аз ҷумла минималӣ ва таркиби истеъмол ба назар гирифта мешавад. Ба хароҷоти ҷории аҳолӣ барои истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва арзиши ҳадди ақалли истеъмолии оилаҳои ниёзманд эътибор дода мешавад. Дар навбати худ, шумораи аъзои оила низ муҳим аст. Сабаб дар он аст, ки шумораи аъзои оила, хусусиятҳои ба худ хоси тағйирёбии вазъи демографӣ ба инобат гирифта шуда, таркиби молҳои ғайриозуқаворӣ нисбат ба навъҳои онҳо ба назар гирифта мешавад.
Дар асл, ҳисоб кардани хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолӣ дар тарзи ҳаёти одамон як қадам бошад ҳам ба пеш ҳаракат карданро ифода менамояд. Ин кафолат медиҳад, ки кӯмаки иҷтимоӣ ва моддии аз ҷониби давлат расонидашаванда ба соҳиби ҳақиқӣ ба таври возеҳ ва пурра расонида, ҳамин тариқ рӯйхат ва хидматҳо электронӣ, шаффоф пеш бурда шаванд.
Аз ин нуқтаи назар бо Бонки ҷаҳонӣ ба мақсади таъмин кардани шаффофият дар муайян намудани хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолӣ, истифодаи васеи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҳкими адолат ҳамкории наздик ба роҳ монда шудааст. Дар 5400 хонаводаи аз тамоми ҳудудҳо интихобшуда пурсиш гузаронида шуд.
Масъалаи дигари муҳим он аст, ки ин рақамҳо нишондиҳандаи тағирёбанда буда, мувофиқи он андозаи нафақа низ тайғир хоҳад ёфт. Маблағи ҳадди ақалли нафақа ва кӯмакпулиҳо ба ин миқдори муқарраршуда расонида мешавад. Агар ҳоло ҳадди ақалли нафақаи пиронсолӣ аз 256 ҳазор зиёд бошад, онҳо акнун ба 440 ҳазор сӯм баробар карда мешаванд.
Хулоса, кӯмаке, ки ба оилаҳои камбизоат расонда мешаванд, бояд дар дараҷае бошад, ки он боиси пурзӯр гардидани рӯҳияи туфайлихӯрӣ дар оила нашавад. Ба воситаи муқаррар кардани сатҳи ҳадди ақалл низоми ҷорӣ намудани миқдори камтарини пардохти музди меҳнат, нафақа, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз нав офарида мешавад.
 
Шӯҳрат БАФОЕВ,
узви ӮзЛиДеП  дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: