ҚАДАМҲОИ ДАЛЕРОНА БА СӮЙИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Солҳои охир динамикаи рушди иқтисодии Ӯзбекистон барқарор гардид.

Тамоюли мазкур ба дараҷаи зиндагонии мардум таъсири мусбат мерасонад.  Аз тарафи дигар ин ду омил сабаби мунтазам зиёд гардидани истеъмоли энергияи электр мегардад. Назар ба маълумотҳо, то соли 2030 дар мамлакат соле талаб ба истеъмоли неруи барқ тақрибан ба 6-7 фоиз афзоиш меёбад. Агар чораҳои зарурӣ андешида нашавад, мушкилоти норасоии неруи барқ дар оянда садди тараққиёт мешавад. Барои ин бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев бо ҳамкорони байналхалқӣ дар мамлакатамон ба сохтмони неругоҳҳои муқобил ва анъанавии энергетикӣ эътибори зиёд дода мешавад.
Чорабиние, ки бахшида ба оғози сохтмони неругоҳи нави барқии ҳароратӣ дар ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё дар доираи форуми байналхалқии сармоягузории Тошканд баргузор шуд, бовариамонро ба фардои мамлакат боз ҳам мустаҳкам гардонд. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 1 млрд. 200 млн. доллар буда, дар натиҷа 1560 мегаватт неруи барқ тавлид шуда, 12 млрд. киловатт-соат неруи барқ истеҳсол мешавад. 
Дар доираи лоиҳа технологияҳои замонавӣ насб гардида, соле 1 млрд. метри мурабба гази табиӣ сарфа карда мешавад. Неруи барқи ҳароратии Сурхондарё маҷмӯаи бузургтарин ба шумор меравад, ки солҳои охир дар мамлакатамон бунёд мешавад. Маҷмӯъ барои намоён кардани салоҳияти иқтисодии мамлакат имкониятҳои зиёдро фароҳам меоварад. Масалан, дар ҳудуди Сурхондарё нафт, газ, ангишт, маъданҳои рангаву қиматбаҳо, намудҳои зиёди сангҳои ороишӣ барин зиёда аз 100 хел маъданҳо мавҷуд бошанд ҳам, ҳоло ҳамаи онҳо азхуд карда нашудааст. Аз ин сабаб, дар 5 соли оянда дар вилоят ба амал татбиқ намудани беш аз 5 ҳазор лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки 7 миллиард доллар арзиш дорад, ба назар гирифта шудааст. Бинобар ин, энергияи электрӣ, ки дар стансияи мазкур истеҳсол мешавад, 500 ҳазор манзили сурхониёнро фурӯзон мегардонад. Ба ҷуз ин, имкони содир намудани соле 3 млрд. киловатт-соат энергияи электрӣ  ба Афғонистони ҳамсоя пайдо мешавад. Лоиҳа аз тарафи корхонаҳои  «Siemens  Energy»-и Олмон,  «IDEF»-и Фаронса, «Stone City Energy»-и Ҳулланд дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба амал татбиқ мегардад. Бори аввал дар истеҳсоли электр ба иштироки секторҳои хусусӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад. Дар 3 соли охир 5 неругоҳи барқӣ, ки қувваи умумии он беш аз 1 ҳазор мегаватт аст, дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба кор сар кард. Ҳаҷми инвеститсияҳои хориҷии ҷалбгардида аз 1 млрд. доллар гузашт. Ҳоло дар мамлакатамон боз 19-то неругоҳи барқӣ, ки қувваи он 9 ҳазор мегаваттро ташкил медиҳад, бунёд мегарданд. Арзиши умумии онҳо беш аз 10 млрд. доллар мебошад. 
Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав низ доир ба нақшаҳои энергетикаи мамлакатамон сухан меравад. Ӯзбекистон фақат бо неругоҳҳои гармӣ маҳдуд намешавад. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2026 қуввати умумии неругоҳҳои барқии шамолӣ ва офтобии Ӯзбекистон ба 8000 МВт расад. Тавре ки дар маълумоти Вазорати энергетика қайд шудааст, барномаи васеъ гардондан ва дастгирӣ намудани истифодаи манбаъҳое, ки азнав бунёд мешаванд, коркард мешавад. 
Аз рӯйи барнома 8 неругоҳи бодӣ, ки иқтидори умумии он 4 ҳазор МВт аст, бунёд мегарданд. Аз ҷумла, дар солҳои 2023-2024 дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои Бухорову Навоӣ 4-то неругоҳ, ки иқтидори умумии он 1600 МВт аст, солҳои 2025-2026 дар сартосари ҷумҳурӣ боз чунин 4-то неругоҳи барқии бодӣ, ки иқтидори умумии он 2400 МВт мебошад, ба кор сар мекунад. Баробари ин, неругоҳи фотоэлектрии офтобӣ, ки иқтидори умумиаш 4000 МВт аст, ба истифода супурда мешавад. Аз ҷумла, дар соли 2023 дар вилоятҳои Навоӣ, Ҷиззах, Самарқанд ва Сурхондарё 4-то неругоҳи қувваташ 1100 МВт, дар соли 2024 дар вилоятҳои Бухоро, Намангон, Хоразм, Қашқадарё ва Фарғони 5-то чунин неругоҳи иқтидори умумиаш 900 МВт ва дар солҳои 2025-2026 дар сартосари ҷумҳурӣ чунин неругоҳҳои фотоэлектрии офтобии қувваташ ҷамъ 1 800 МВт фаъолияти худро оғоз менамоянд.
Рушди намудҳои муқобил ва анъанавии энергетика барои Ӯзбекистон роҳи ягонаи дуруст ба ҳисоб меравад. Бидуни ин чорабиниҳо мушкилоте, ки дар соҳа авҷ мегиранд, ҳаллу фасл намегардад. Дар консепсияи таъминот бо энергияи электрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2030 нишондодҳои мақсадноки зарурӣ, ки бояд дастрас шаванд ва корҳое, ки дар оянда амалӣ гарданд, амиқ нишон дода шудааст. Ин ҳуҷҷати стратегӣ ба суоли дар мамлакатамон норасоии энергия чӣ тавр ҳал мешавад, ҷавоб медиҳад. Дар консепсия то соли 2030 дар генератсияи энергияи электрикии мамлакат ба зиёда аз 11 фоиз баланд бардоштани манбаъҳои энергияи азнав барқароршаванда таҳти назар гирифта шудааст. Аз ин 5 фоиз ба ҳиссаи офтоб, 3 фоиз шамол ва 3,8 фоизи он ба ҳиссаи энергияи об бояд рост ояд. Чунин вазифаҳо зинаба зина амалӣ мешаванд. Роҳбарияти ҳукумат инро дуруст дарк менамояд. Аз ин сабаб, масъалаи истифодаи пурсамар аз манбаъҳои дигари энергияи электрӣ ба миён гузошта шудааст.
Таъкид бояд кард, ки аз неругоҳҳои барқии ҳароратӣ (НБҲ) тамоман даст кашида намешавад. Ҳоло онҳо қариб 90 фоиз генератсияи энергияро таъмин менамоянд. Ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2030 ин нишондод ба 60 фоиз кам карда мешавад. Аммо, ба ин нигоҳ накарда, дар баъзе мавзеҳо НБҲ-ии нав сохта мешаванд. Чунки ба ин зарурият мавҷуд аст. Масалан, соли гузашта, дар водии Фарғона НБҲ-и Тӯрақӯрғон ба истифода супурда шуд. Дуруст аст, ки дар он барои истеҳсоли энергия ашёи хоми  қиматбаҳо — гази табиӣ истифода мешавад. Аммо объекти мазкур мушкилоти соҳибкорон ва мардуми зиёдро осон мегардонад. То солҳои 2016-ум барои аҳолӣ ва соҳибкорон норасоии доимии таъминоти энергия муаммои аввалиндараҷа ба шумор мерафт. Дар ноҳияҳои зиёд дар зимистон қувваи барқ дар як шабонарӯз то 4 соат дода мешуд. Тобистони соли 2021 бошад, мушкилоти номбаршуда қариб ки ба забон гирифта нашуд, чунки ҳоло чароғи хонаҳои онҳо мисли пештара 20 соат хомӯш намешавад. Яке аз вазифаи устувори сиёсати диверсификатсиякунонии соҳа низ аз ҳамин иборат аст. 
Агар бо як сухан ифода намоем, ислоҳоте, ки ҳоло бо ташаббуси Президент дар соҳаи энергетика ба амал татбиқ мешаванд, имконияти таъмини аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ бо қуввати электрӣ, ҷой гирифтан аз қатори давлатҳои абарқудрат, рушди саноат, содир намудани қувваи энергия ба давлатҳои ҳамсояро ба миён меорад. 

Ойбарчин АБДУЛЛОЕВА,
депутати Палатаи 
қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲХД Ӯзбекистон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: