ҚАДАМҲОИ ДИЛПУРОНАИ КОРХОНА

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Усмон – Шер – Шамшод» яке аз корхонаҳои саноатии на фақат ноҳияи Ғиҷдувон, балки вилояти Бухоро низ ба шумор меравад.

Ин корхона панҷ-шаш сол муқаддам аз ҳисоби сармояҳои институти байналхалқии молия дар 2,5 гектар майдон ба мақсади шабакаи агрологистика ва қабулкунӣ, азнавкоркунӣ, қадоқкунӣ, нигаҳдорию ба талабгорон расонда додани меваю сабзавот ташкил ёфт. Ба туфайли ин лоиҳа, ки қиматаш ба 12 миллион доллари ИМА баробар аст, бештар аз 200 ҷои кори доимӣ ва қариб 1000 ҷои кори мавсимӣ ба вуҷуд омадааст. Корхона дар соли 2021 аз ҳисоби коркарди меваю сабзавот ва содироти он бештар аз 13 миллиард сӯм даромад дид. Аз Хитой ва Австрия барои сехҳо таҷҳизоти нави  замонавӣ оварда шуд, ки дар натиҷа шарбату мураббоҳои корхона писанди харидорон мегардад. Дар соли 2020 сохта шудани анбор-яххонаи маркази логистикӣ, ки иқтидори ғунҷоишаш 2 ҳазор тонна мебошад, ҷамоаро водор намуд, ки бо мақсади кашондани маҳсулот 30 автомобили боркашони яххонадор харид кунанд. Соли аввали фаъолият маҳсулоти хоҷагии қиш-лоқ  баъди коғазпечгардонӣ ба ҳамкорони русиягию қазоқистонӣ фиристода шуда, ба онҳо ба андозаи 1,4 миллион доллар хидмати логистикӣ расонда шуда бошад, ҳоло ҳудуди хидматрасонии корхона то Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Туркия густариш ёфтааст. Инчунин 13 автомобили боркашони корхона ба субъектҳои ҳамкор ба иҷора дода шудааст. Ба ғайр аз ин, 4 трактор, 1 экскватор, 3 мошини борбардори  2-тоннагӣ, 1-то панҷтоннагӣ мушкили соҳибкоронро осон мекунад. Чоряки аввали соли гузашта ҷамоа аз ин соҳа 726 миллион сӯм даромад кард. Дар пойгоҳи маркази логистикӣ устохонаи хидмати техникӣ ба автомобил ва мотели замонавӣ низ ба кор даромад. Соли гузашта фақат аз хизмати нақлиёт маркази логистикӣ қариб 15 миллиард сӯм даромад дида бошад, даромади содироти маҳсулот ба 21 миллиард сӯм расид. Ин имконият дод, ки шароити корхона зина ба зина беҳтар шавад. Бунёд гардидани хонаҳои хидматрасонӣ дар бинои маъмурӣ, меҳмонхона, қаҳвахона, дӯкони савдо, агромагазин, офиси декларантӣ, карантини растанӣ барои содироти маҳсулот  дар гумрукхона, лаборатория, ба тарзи иловагӣ сохта шудани анбор-яхдони маҳсулот аз ҷумлаи онҳост. Соҳиби сертификати ISO  гардидани корхона имкон медиҳад, ки вай фаъолияти худро дар сатҳи байналхалқӣ идома диҳад. Барои ба 1800 тонна расондани иқтидори солонаи коркарди маҳсулот ва ба 3 миллион доллари ИМА расондани даромади корхона чораю тадбирҳо андешида мешаванд. Барои боз ҳам фарохтар гардондани фаъолият ҷамоа аз мавзеъҳои Ҳавзак ва Барака 1150 гектар замин гирифта, барои барпо кардани боғ ду сол боз азму кӯшиш дорад.

Амрулло АВЕЗОВ, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: