ҚАДАМҲОИ ДИЛПУРОНАИ МОҲИПАРВАРОН

Бо мақсади таъмини иҷрои супориши Президент ҳангоми сафараш ба вилояти Бухоро моҳи марти соли 2017 дар пойгоҳи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоробалиқсаноат» дар ноҳияи Бухоро соле ба роҳ мондани парвариши як миллион сар моҳӣ, 400 тонна озуқаи он, азнавкоркарди 100 тонна моҳӣ ба нақша гирифта щудааст.

Бо мақсади амалӣ гардондани ин супориш 3 апрели соли 2017 бо иштироки 51 фоиз саҳми ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ipoteka sarmoyasi» ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоробалиқсаноат» созмон ёфта буд.
Ба қарибӣ мо бо директори корхонаи мазкур Қаюм Саломов вохӯрда, аз вай хоҳиш намудем, ки бобати вазъи корҳои ба сомонрасида ва вазифаҳо маълумот диҳад.
– Барои корхонаи мо аз ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони Кӯчкумар 90 гектар майдон ҷудо карда шуд, – гуфт вай. – Дар пойгоҳи ҷамъият бо мақсади парвариши моҳӣ, азнавкоркарди он, дудкунонӣ, қадоқкунӣ, тайёр кардани озуқа, ташкил намудани сехи инкубатсионӣ ва ҳавзҳои репродуктивӣ, инчунин бунёд кардани низоми пӯшидаи даврзании об ба андозаи 6,9 миллиард сӯм лоиҳа таҳия гардид, ки 255 миллион сӯми он ба саҳми корхона ва 6,6 миллиард сӯмашро маблағҳои вом ташкил мекунанд.
Бо мақсади ба амал татбиқ намудани лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоробалиқсаноат» мувофиқи шартнома бо ҳамкорони Чин аз бонк ба миқдори 428,5 ҳазор доллари ИМА вом ҷудо гардид. Дар натиҷа бо мақсади пурра ба кор даровардани лоиҳа биноҳои зарурӣ сохта шуданд.
Асбобу ускунаҳои чинӣ ҷойгузин  гардид, низоми пӯшидаи чархзании об ва дар 40 га. майдон ҳавзи сунъии моҳипарварӣ бунёд карда шуд.
Ҳамин тариқ лоиҳаи дар сехи тавлид тайёр намудани 20 миллион сар моҳӣ, дар низоми пӯшидаи гардиши об ба воя расондани 50 тонна моҳии омодаи истеъмол, соле 1000 тонна истеҳсол кардани хӯроки моҳӣ, азнавкоркард ва қадоқкунии 100 тонна моҳӣ, имконияти бо яхдонҳо ва яхдони усули шок 200 тонна моҳӣ ҷомаи амал пӯшид.
Дар корхона масъалаҳои коммуникатсионӣ пурра ҳаллу фасл гардидааст. Ниҳоят дар натиҷаи азму кӯшишҳои якҷояи мо ва кӯмаки  шуъбаи вилоятии «Ипотека-бонк» моҳи феврали соли ҷорӣ корхонаамон бо иқтидори пурра ба кор даромад.
Қарори Президент аз 3 феврали соли 2018 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ бобати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар соли 2018» баҳри рушди соҳа омили муҳим гардид.
Бинобар фароҳамоварии шароитҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст, ки соли ҷорӣ дар вилоят 7370 тонна моҳӣ гирифта мешавад. Аз ҷумла дар ҳавзҳои сунъӣ 3500 тонна, дар ҳавзҳои табиӣ 3030 тонна, дар қафасҳои махсус 240 тонна, дар ҳавзҳои хурди интенсивӣ 300 тонна, дар низоми пӯшидаи гардиши об 300 тонна. Имрӯз аз обанбор ва ҳавзҳои табиии вилоят ҷамъ 1000 тонна моҳӣ гирифта мешавад. 
 Ташкил кардани инкубатор ба иқтидори 30 миллион дона моҳӣ дар як сол, барпо намудани ҳавзҳои хурд дар 3 га майдон ба иқтидори 300 тонна моҳӣ аз вазифаҳои ояндаи мост. Дар натиҷаи ба обанборҳо ва ҳавзҳои табиӣ гузоштани 40-то қафас 240 тонна аз ҳамин ҷумла аст.
Дар давоми мавсим 9,2 миллион сар моҳича тайёр карда шуда, ҳавзҳо бо 8,9 миллион дона моҳӣ таъмин мегарданд. Бо баробари ин бо мақсади афзоиш додани ҳосилнокӣ дар ҳавзҳои сунъии хоҷагиҳои моҳипарварӣ 1310 тонна аммофос ва таъмини хӯроки моҳиҳо 7646 тонна еми омехта расонда дода мешавад.
Мувофиқи супориши сарвари давлат ва Баённомаи маҷлисе, ки дар ноҳияи Пешкӯ ба амал омад, дар вилоят инкишоф додани соҳаи моҳипарварӣ чун вазифаи устувор ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла солҳои 2018-2019 бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ба ин соҳа ҷудо кардани 100 миллион сӯм вом ба субъектҳои соҳибкорӣ бо усули лизинг додани қафасҳои замонавӣ пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад шӯъбаҳои вилоятии «Ипотекабонк» якҷоя бо ҶММ «Бухоробалиқсаноат» ва ҳокимиятҳои ноҳияҳо бо мақсади бо маблағ таъминкунии хоҷагиҳои моҳипарварӣ барномаи лоиҳавии солҳои 2018-2019-ро таҳия карданд, ки миқдори умумии он 123,3 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. 
Бояд таъкид намуд, ки дар назди «Бухоробалиқсаноат» корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, ба кор даромад.
Бо мақсади қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти моҳӣ дар соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Қарокӯл, Ғиждувон ва Пешкӯ бобати ташкил кардани корхонаҳои моҳипарварӣ, аз қабили «Бухоробалиқсаноат», супориш дода шудааст.
Ҳоло ҷараёни корҳо бобати ташкил намудани ҶММ «Пешкӯбалиқ» дар ноҳияи Пешкӯ, «Қоракӯл ихтисослашган давлат ӯрмон хӯжалиги» дар ноҳияи Қарокӯл, ҶММ «Нев зеро стар плюс» дар ноҳияи Ғиждувон идома доранд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: