ҚАДАМҲОИ ҚАТЪИИ ҶУМҲУРӢ ДАР РОҲИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ НЕРӮИ БАРҚ

Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон” дар шафати шаҳраки Нуристони ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё воқеъ гаштааст.

Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон” дар шафати шаҳраки Нуристони ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё воқеъ гаштааст. Он дорои се блок мебошад. Қуввати умумии ин се блок 1700 МВт соатро ташкил менамояд. Гуфта мешавад, ки он яке аз корхонаҳои бузургтарини тавлиди нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
Ба гуфтаи директори генералии ҶС “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон” Олим Юсупов блоки аввали ин нерӯгоҳ бо қувваи 800 МВт ҳанӯз моҳи ноябри соли 2004 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
– Манбаи асосии сӯзишвории нерӯгоҳ гази табиӣ мебошад. Блокҳои 2-юм ва 3-юми буғӣ моҳи феврали соли 2017 бо иқтидори 450 МВтӣ пурра ба тавлиди нерӯи барқ шурӯъ намуданд. Дар блоки якум барои тавлиди 1 кВт соат нерӯи барқ бештар аз 313,5 грам сӯзишвории шартӣ, яъне газ истифода мешавад. Аммо дар нерӯгоҳҳои 2-юм ва 3-юм сарфи ин сӯзишвории шартӣ ҳамагӣ 220-221 грамро ташкил медиҳад, – гуфт Олим Юсупов.
Маълум шуд, ки таҷҳизоти буғу гази 2-юм ва 3-юм дар консорсиуми ширкатҳои машҳури Куриёи Ҷанубӣ – “Hyundai Engineering and Construction” ва “Daewoo International Corporation” сохта ва барои истифода қарор дода шудааст. Баъди ба кор андохтани ин энергоблокҳо қувваи солонаи тавлиди нерӯи барқи ҶС “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон” ба 7,2 миллиард киловат соат афзоиш ёфтааст. Ба ибораи дигар, нерӯгоҳ барои истеъмолгарон дар як сол 11,4 миллиард киловат соат нерӯи барқ расонида медиҳад.
– Чунин имкониятҳои фаровони тавлиди бештари нерӯи барқ танҳо дар натиҷаи ба кор даромадани дастгоҳҳову таҷҳизоти наву замонавӣ муяссар гардид. Танҳо дар давоми солҳои 2017-2020 аз ин ҳисоб 1,9 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа шуд. Агар ин рақамро бо асъори хориҷӣ ифода намоем, маблағи умумии он 118 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад, – изҳор кард директори генералии нерӯгоҳи барқӣ.
Ба таъкиди Олим Юсупов ғайр аз он ки дар ин ҷо нерӯи барқи босифат истеҳсол карда мешавад, ҳамзамон арзиши он низ ба карат поён мефарояд. Дар он сурат гази зарарноки ба фазо истихроҷшуда низ коҳиш хоҳад ёфт.
– Яъне миқдори гази зарарноки ба фазо пошхӯрда ба 3,1 баробар кам шуд ва ин нишондиҳандаи хеле хуб мебошад. Бо ба кор андохтани дастгоҳҳо ва таҷҳизоти нав тавонистем, ки ба таври иловагӣ 124 ҷои нави кор низ фароҳам оварем.

Нуктаи муҳиме, ки директори генералии нерӯгоҳ зикри онро бамавқеъ шуморид, ҳамин аст, ки тамоми корҳо бар асоси фармойиш ва қарорҳои Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев сурат гирифтаанд ва ҳадафи асосӣ аз судури он тавсеа додани фаъолияти ҶС “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон”-ро дар меҳвари худ қарор додааст.
– Фармойиш “Дар бораи чораҳои пешакии татбиқи лоиҳаи инвеститсионии васеъ намудани маркази барқи ҳароратии Талимарҷон бо сохтани ду агрегати буғиву газӣ бо иқтидори умумии на камтар аз 900 МВт” аз 1 августи соли 2018 ва қарор “Дар бораи чораҳои татбиқи Барномаи инвеститсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2022” аз 1 январи соли 2020 маҳз ба ҳамин масъала бахшида шудаанд.
Ҳамчунин Олим Юсупов таваҷҷӯҳро ба қарори Президенти мамлакат “Дар бораи тавсеаи нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон бо бунёд намудани ду блоки буғӣ ва газӣ бо иқтидори умумии на камтар аз 900 МВт” аз 18 декабри соли 2020 низ ҷалб намуда, тавзеҳ дод, ки маҳали сохтумони нерӯгоҳе, ки гурӯҳи журналистони маҳалливу хориҷӣ ва блогнависон аз он боздид мекунанд, як замон дашти холӣ буд. Аммо ҳоло чунин як корхонаи бузурги тавлиди барқ он ҷо бунёд ёфтааст.
– Барои арзи вуҷуд намудани чунин як нерӯгоҳи барқи ҳароратии қавӣ ниҳодҳои молиявии бонуфузи ҷаҳонӣ сармоя ворид намуданд. Арзиши умумии лоиҳаи он баробари 944,87 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Аз ин миқдори маблағ 450 миллион доллар ба Бонки рушди Осиё, 237,6 миллион доллар ба Бонки эҳё ва рушди Аврупо тааллуқ дорад. Аммо 94,3 миллион долларро Хазинаи эҳё ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохт намуд, – гуфт директори генералии “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон”.
Дар ҷараёни суҳбат боз таъкид гардид, ки бо илова намудани блокҳои 2-юм ва 3-юм кор ба давраи ниҳоии худ намерасад. Бонки рушди Осиё тендерҳои байналмилалӣ эълон кардааст ва дар айни замон 6 ширкати бонуфуз барои ширкат дар он майлу рағбат зоҳир намудаанд.
– Мо ба кор андохтани блокҳои 4-ум ва 5-умро барномарезӣ кардаем. Агар ин блокҳо ба кор дароянд, қуввати истеҳсол намудани нерӯи барқ аз 1700 МВт соат ба 2600 МВт соат боло меравад. Ин чунин маънӣ дорад, ки миқдори умумии солонаи тавлиди нерӯи барқи ин нерӯгоҳ боз 7,2 миллиард кВт соати иловагиро ташкил хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол мо тавонистем, ки гази табииро ба маблағи умумии 32,3 миллион доллари амрикоӣ камтар истифода кунем, – мегӯяд Олим Юсупов.
Ноиби директори генералии ин нерӯгоҳ Раҳматулло Қодиров ба журналистону блогнависон дар бораи он ҳарф зад, ки тамоми корҳо автоматӣ иҷро карда мешаванд. Меҳнати дастии ягон нафар аз кормандони он, ки теъдоди умумии онҳо 1 ҳазору 200 нафарро ташкил менамояд, барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода намешавад.
– Корҳои мо бар асоси барномаҳои компютерӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар блоки 1-ум деги бухор мониторинг карда мешавад. Раванди ин кор бар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳти назорат қарор дорад. Дар солҳои охир тамоми ҷидду ҷаҳди мо ба он равона шудааст, ки муҳити атроф аз ҳисоби гази хориҷшуда чандон зарар набинад, – қайд намуд Раҳматулло Қодиров.
Вай ба суоли он ки инвесторҳо пеш аз маблағгузорӣ дар назди онҳо кадом шартҳои асосиро гузоштаанд, чунин посух дод:
– Барои инвесторҳои хориҷӣ пеш аз ҳама пиёда кардани масъалаҳои иҷтимоӣ муҳиманд. Яъне ташкили марказҳои бепули омӯзишӣ барои ҷавонон, беҳтар намудани шароити кору фароғати кормандони нерӯгоҳ, таъмини баробарии гендерӣ ва амсоли он аз ҳамин шумор мебошанд. Сониян, инвесторҳо бояд эътимоди қавӣ ҳосил кунанд, ки маблағҳои сарфнамудаашон ҳатман самараву натиҷаи нек ба бор хоҳад овард, – гуфт Раҳматулло Қодиров.
Вай афзуд, ки пеш аз ворид кардани сармояҳои худ намояндагони бонкҳое, ки хосатан дар бунёди “Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон” саҳм гузоштаанд, ба Ӯзбекистон ташриф овардаанд. Онҳо танҳо баъди омӯзишу таҳқиқ ва маслиҳату машварат тасмими ниҳоии худро дар мавриди ворид намудани он сармояҳо эълон кардаанд.
– Вазифаи асосии корхонаи мо танҳо тавлиди нерӯи барқ аст. Ин нерӯи барқ ба системаи умумие, ки дар мамлакати мо муқаррар шудааст, интиқол дода мешавад ва аҳолии чаҳор гӯшаи ҷумҳурӣ аз он баҳраманд мешаванд. Табиист, ки мо аз ҳарчи бештар ба фурӯш рафтани нерӯи барқи истеҳсол намудаамон манфиатдорем.
Ёдовар мешавем, ки дар замони шӯравии собиқ шабакаи умумии барқ мавҷуд буд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ мисле, ки аз як чашма об мехӯранд, аз нерӯи барқ низ бо ҳамин усул истифода мекарданд. Дар ин авохир ташаббуси эҳё намудани чунин системаи кор дар миён гузошта шудааст.
– Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев маҳз дар ин маврид ташаббусро ба даст гирифтааст. Агар дар Осиёи Марказӣ ҳамон усул эҳё гардад, аз он ҳамаи кишварҳои минтақа манфиат хоҳанд дид, – иброз намуд Олим Юсупов.
Татбиқи лоиҳаи инвеститсионии хати ҳавоии 500 киловатии Суғдиёна ва дастгоҳи кушоди тақсимкунандаи 500 киловатӣ дар ҶС “НБҲ Талимарҷон” мавриди корбаст қарор дода шудааст. Арзиши умумии он бештар аз 188 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Корҳои асосии сохтумону монтажи он ҳанӯз солҳои 2011-2013 шурӯъ шудаанд, аммо насби дастгоҳҳо то ба охир расонида нашудаанд.
Тӯли умумии ин лоиҳа 218 километрро ташкил намудаааст ва 560 дона пояҳои сементӣ насб карда шудаанд. Ин лоиҳа марбути “Шабакаҳои барқи миллии Ӯзбекистон” мебошад. Дар доираи Барномаи инвеститсионӣ дар истгоҳҳои барқи “Қаршӣ”, “Самарқанд”, “Каттақӯрғон”, “Химия”, “Бухоро”, “Навоӣ” ва “Кӯкдала” як қатор корҳои тармим ва иваз намудани дастгоҳҳои наву замонавӣ анҷом дода шудаанд.
Дар ҳамин ҳол корҳои иваз намудани дастгоҳҳои кӯҳнаву фарсудаи истгоҳҳои “Қоракӯл” ва “Ғузор” ба дастгоҳҳои наву замонавӣ бо суръат идома доранд. Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои наздик ҷамъи ин корҳо ба субут мерасанд.
Ногуфта намонад, ки дар баробари нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳашт нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ корхонаҳо ва мардуми мамлакатамонро мунтазам бо барқу равшанӣ таъмин мекунанд. Ин нерӯгоҳҳо дар Талимарҷон, Ангрен, Тошканд, Турақӯрғон, Навоӣ, Сирдарё ва Тахиатош бунёд карда шудаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси 
“Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – 
ТАЛИМАРҶОН – 
ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: