ҚАДАМҲОИ ҚАТЪӢ ДАР РОҲИ МАҚСАДҲОИ МУШТАРАК

Осиёи Марказӣ...Гаҳвораи халқҳои таъриху тақдирашон муштарак аст.

Осиёи Марказӣ...Гаҳвораи халқҳои таъриху тақдирашон муштарак аст. Мардуми ин минтақа дар замони салтанатҳо, давлатдориҳои гуногун ба туфайли фазилатҳои бунёдкорӣ, заковат ва таҳаммул робитаҳои дӯстиву бародариро гиромиву азиз дошта, тамаддуни бузург офаридаанд, дар роҳи пурпечутоби таърих аз имтиҳону озмоишҳои сахт паҳлӯи ҳам истода бомуваффақият гузаштаанд. Онҳо ҳоло ҳар кадоме аз нашъаи истиқлол баҳраманд гашта, қуллаҳои навро фатҳ менамоянд. Хусусан, тайи се соли охир ба анъанаҳои неки ҳамсоягӣ содиқ монда, ба марҳилаи нави ҳамкориҳои самарабахш баромада, рӯҳи аҷдодро шод менамоянд, дар роҳи таъмини сулҳу субот қадамҳои қатъӣ гузошта истодаанд. 
Президентамон Шавкат Мирзиёев 10-уми ноябри соли 2017 зимни суханронӣ дар анҷумани байналмилалии “Осиёи Марказӣ: таърихи муштарак ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ дар роҳи инкишофи босубот ва пешрафт” дар шаҳри Самарқанд таъкид карда буд, ки “Халқҳои минтақаи моро робитаҳои хешу таборию ҳамсоягии нек пайвастааст. Моро таърих, дин, фарҳангу анъанаҳои умумӣ муттаҳид менамоянд... Омодагӣ ва саъйи ҷиддӣ ба ҳамкориҳои амалӣ, инчунин, ҳис кардани масъулият барои ояндаи умумии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мустаҳкам ва кафолати пешравии босубот ва беҳбудии минтақа мебошад”. Айнан ҳамин омил барои мустаҳкам шудани муносибатҳои давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд. 
Ҳақиқати оддӣ

Дар тӯли асрҳо паҳлӯ ба паҳлӯ зиста, қудову анда шудани халқҳои ӯзбек ва тоҷик, ба ҳам печидани олами маънавӣ, адабиёт, мусиқӣ ва тарзи зиндагии онҳо падидаи беназири таърих аст.  Шоирон бесабаб нисбати ин мардумон ибораҳои “ду соҳили як дарё”, «ду тори як дутор”, “шохҳои як дарахти бовиқор»-ро истифода набурдаанд. Онҳо дар равандҳои хеле шадиди таърих ба ҳам такя карда, ҳампаҳлу шуда, мушкилиҳоро паси сар намудаанд. Аз ин хусус на фақат аз таърих, балки аз рӯзгору зиндагии имрӯза ҳам мисолҳои зиёд овардан мумкин. 
Оре, таърихро халқ, омма меофарад. Халқ бешак тӯфони бузург, қудрати забардаст аст. Вале халқҳоро ба сӯйи мақсадҳои муштарак ва бародарворона роҳнамоён ва раҳбарони давлатҳо ҳидоят месозанд. Ин ҳақиқати бузургро дар муносибатҳои дӯстонаи президентҳои ду кишвар — Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, саъю кӯшиши ҷасуронаи онҳо дар роҳи мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии халқҳои ба ҳам хешу ақрабо бараъло дидан мумкин аст. 

Баҳори фараҳбахши 2018

Баҳори соли 2018 барои мардумони ҳар ду кишвар, ки обу ҳавояш қариб тафовут надоранд, хеле пурфайз ва фараҳбахш омад. Дар ҳине ки табиат қувваи мӯъҷизаофарини худро ҳувайдо менамуд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9-уми март ба Душанбе ташрифи давлатиашро оғоз кард. Ин воқеаи сурурбахш аллакай дар саҳифаҳои таърихи давлатҳо ва муносибатҳои мардумони мо ба сатрҳои заррин иншо шудаанд. Он рӯз дар пойтахти Тоҷикистон ва сартосари кишвар суханони самимии “Хуш омадед! Хуш омадед!, Хуш келибсиз!” борҳо садо дода, аз некиву дӯстӣ муждаҳои баҳорӣ расонданд.
Дар аснои ташрифи Президенти мамлакатамон ба давлати дӯст мулоқотҳои самимию конструктивӣ ба амал омада, оид ба боз ҳам вусъат додани равобити ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, савдою иқтисодӣ, инвеститсия, фарҳангию гуманитарӣ, ҳифзи саломатӣ, нақлиёту коммуникатсия, молия, андоз, гумрук, сайёҳӣ ва монанди инҳо 27-то санад ба имзо расонида шуд, ки муносибатҳои ду давлатро ба сатҳи ҳамкории стратегӣ бароварданд. 
Президент Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу қадамҳои қатъию амалии Президенти мо Шавкат Мирзиёевро дар бобати вусъати ҳамкориҳои босуботи минтақавӣ олӣ арзёбӣ кард ва ҷиҳати дар асл ҳам таърихӣ будани ин ташрифро алоҳида бо арзи сипос зикр намуд. Хушнудии мардумони ду кишвар ҳадду канор надошт. 
Оре, роҳбарони донову оқил ва дурандеш халқҳоро ба ҳам дӯсти наздик менамоянд, сулҳу суботро мустаҳкам карда, ҳамин тариқ, анъанаҳои аҷдодро давом дода, рӯҳи онҳоро шод мекунанд. 
Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол чӣ гуна бо даври мураккаб ва фоҷиабори таърих рӯ ба рӯ омад. Дар ин сарзамин хотима додан ба муноқишаҳои ҳарбӣ ва тантана бахшидан ба сулҳ осон ба даст наомад. Дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсози халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҷасорат нишон дод. Дар кишвар сулҳи деринтизор омад. Президенти мамлакатамон ба хизмату матонати Президенти Тоҷикистон дар роҳи таъмини сулҳ ва бехатарӣ, иқдоми офарандагӣ баҳои баланд дод. 
Он рӯзҳо шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ бо умеди фардои халқаш навишта буд:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд, 
Ҳотифи зиндадори мо омад... 
Баёнияи муштарак дар бораи мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби сарони кишварҳо имзо шуданд, бешакку шубҳа, равобити ҳамкорию муносибатҳои дӯстонаи ду давлатро ба сатҳи нав бароварда, самараи амалии худро имрӯзҳо нишон дода истодаанд. Аз ин вазъи муносибатҳои минтақа низ гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷараёни ташриф дар истгоҳи Амузанг роҳи оҳан ба кор даромад, ки Ӯзбекистонро бо ҷануби Тоҷикистон бипайваст, ки аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Дар аснои музокироти намояндагони воломақоми тарафайн оиди дастгирӣ кардани соҳибкорони ду мамлакат, ҳалли мушкилоти обу энергетика ва чандин масъалаҳои дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ ба имзо расиданд, ки онҳо инак, бештар аз ду сол боз кор мекунанд. Сарвари ду кишвар бо мамнуният қайд карданд, ки дар муносибатҳои тарафҳо ягон масъалае намонд, ки ҳаллашро мунтазир бошад. 
“Мо барои мустаҳкам сохтани кӯпруки дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик аз таҳти дил ҳаракатро сар кардем. Ниятҳо мадад доданд, иншоаллоҳ, ба мақсадҳои некамон мерасем. Мо аз лиҳози дӯстиву инсонӣ бо ҳамсоягон, пеш аз ҳама, бо Тоҷикистони бародарӣ ҳамеша дӯсту бародар, ҳамкору ҳамҷиҳат хоҳем буд”, — гуфта буд роҳбари давлати мо. 
Ҳангоми ташрифи давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 17-18-уми августи соли 2018 ба Тошканд низ мулоқоту музокираҳо дар рӯҳи конструктивӣ гузашта, чандин санади байнидавлатию байниҳукуматӣ имзо шуданд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Айнан бо хоҳишу ирода, муносибатҳои самимию дӯстонаи сарварони ду давлат мардумони мо дар роҳи тараққиёт ва беҳбудӣ, осоиш муттаҳид мешаванд. Ин амалҳо, бешак, манфиати халқҳои гуногунмиллати ду кишварро пурра ифода мекунанд. Шартномаи оид ба ҳамкории стратегӣ ё ки қарордод дар бораи сохтани иншоотҳои барқӣ дар дарёи Зарафшон бо саҳми молиявии Ӯзбекистон магар ба манфиати мардуми ин макону минтақа хизмат намекунанд? Ёдамон ҳаст, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар қасри “Анҷуманҳо”-и Тошканд қавл дод, ки ҳеҷ гоҳ мардуми Ӯзбекистон беоб намемонад. Захираи оби Тоҷикистон, пиряхҳо, хусусан кӯли Сарез на фақат барои мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки тамоми минтақа кифоя аст. 
Ҳамин тариқ, дар ҷараёни ташрифи давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон самтҳои муҳимтарини вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар муайян карда шуданд. Дар маросими ботантана дар ин қаср бино ба фармони Президенти Ӯзбекистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузургаш дар роҳи мустаҳкам намудан ва амиқ гардонидани риштаҳои дӯстии байни халқҳои ӯзбеку тоҷик, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва инсонӣ, ташаббусҳояш дар бобати таҳкими суботи минтақа бо ордени “Эл-юрт ҳурмати” мукофотонида шуд. Э. Раҳмон дар суханронии худ барои эҳтиром изҳори сипос карда, ташаббусҳои Ш.Мирзиёевро дар бобати татбиқи ислоҳот дар кишвараш ва иқдоми некаш дар минтақа баланд арзёбӣ намуд. Ва аз дӯстиву қаробати Мавлоно Ҷомию Мир Алишер Навоӣ ёдовар шуд. Ин гуна манзара албатта, барои тақдири авлодҳо ба рӯҳияти халқҳоямон кайфияти некбинона мебахшад. 
Меваҳои шаҳдбори дарахти дӯстӣ
Ба табиати инсон хос аст, ки ҳамеша ба дидори наздикон, авлодҳо, дӯстон мешитобад. Ба дидори дӯстон расидан бахти бузург аст. Ҳамин гуна дидорбиниҳо баъд аз гарм шудани муносибатҳои байнидавлатӣ ва ба шарофати он бекор шудани раводид барои мардумони тоҷику ӯзбек насиб шуд. Пиронсолон дар ҳаққи сарони ду давлат дасти дуо кушоданд. Хешу ақрабо якдигарро ба оғӯш гирифтанд. Он лаҳзаҳои сурурбахш пеши назари мост. 
Аммо ба туфайли касофати пандемияи коронавирус аз миёнаи моҳи марти соли ҷорӣ сарҳадҳо барои шаҳрвандони мо баста шуданд. Аммо риштаҳои ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи обу энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ҳифзи саломатӣ, варзиш ва дигар соҳаҳо қатъ наёфтанд. Мубодилаи мол давом дорад. 
Бо ташаббуси сарварони ду давлат дар ин шароити хеле ҳассосу пурмасъулият ёрии инсонпарварӣ вусъат ёфт. Ӯзбекистон ба Тоҷикистон се маротиба корвони бори инсонпарварӣ фиристод. Қариб даҳ нафар табибони ҳозиқи Ӯзбекистон тайи чанд рӯз ба ҳамкасбони тоҷики худ кӯмак расонданд ва мубодилаи таҷриба карданд. Баъд ҳодисаи вазнини техногенӣ дар обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё рӯй дод ва ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми осебдида ба миқдори зиёд масолеҳи зарурии сохтмон фиристод. Яъне, мо дар рӯзҳои сахт низ паҳлӯи ҳам ҳастем. 
Дар ҷараёнҳои интегратсионӣ аҳли эҷод саҳми бузург мегузоранд. Аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов ёд карданд, маҳфилҳои хуши адабию мусиқӣ ба амал омад. Дар ин гуна тадбирҳо дорандаи ордени “Дӯстӣ”-и давлати Тоҷикистон, шоири хушбаён, мудири шӯъбаи “Овози тоҷик” Тӯхтамиш Тӯхтаев (Паймон) иштирок намуд. Ҳамин гуна чорабиниҳо соли гузашта дар Тошканд ба муносибати 108-солагии рӯзи таваллуди Мирзо Турсунзода ба амал омад, ки дар онҳо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири шинохта Низом Қосим иштирок кард.
Пандемия ҳам пушти сар мемонад, иншоаллоҳ. Зиндагӣ боз ба маҷрои худ медарояд. Муносибатҳои дӯстона, робитаҳои мо боз ҳам қувват мегиранд. Дарахти дӯстиамон меваҳои шаҳдбор медиҳад. Бо умеди фардои нек бояд зист. 
Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон 29-умин солгарди истиқлоли давлатии худро дар муҳити рафоқату рафоҳият ва пешрафти иқтисодӣ ҷашн мегирад. Пешравӣ ва сулҳу осоиши ин кишвар барои мо низ бисёр арзишманд аст. Зеро мо на фақат ҳамсояем, балки хешу ақрабоем. Ба дӯстии мо чашм нарасад.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ, 
шореҳи сиёсии ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: