ҚАДАМҲОИ ТОЗАИ ДАВР БА ЧӮЛИСТОНҲОИ ГУЛИСТОНШУДА

Дар доираи лоиҳаи «Журналист ва ҳаёт» бо унвони «Сирдарёи нави рӯ ба рушд» Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар вилояти Сирдарё медиа-тур ташкил кард.

Дар доираи лоиҳаи «Журналист ва ҳаёт» бо унвони «Сирдарёи нави рӯ ба рушд» Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар вилояти Сирдарё медиа-тур ташкил кард. Шуъбаҳои вилоятии ташкилоти зикршуда ва идораи ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ ҳамкорӣ намуданд. Баробари ҷамъ омадан дар майдони «Ливои диёр»-и маркази маъмурии вилоят – шаҳри Гулистон иштирокдорон нафаси тозаи замон ва бунёдкориҳои азимро дар сарзамине, ки якчанд даҳсола қабл фотеҳони онро «азхудкунандаҳои чӯл» менамуданд, ҳис карданд. Роқими ин сатрҳо пештар дар Гулистон, Хавос ва Янгиер барин шаҳрҳои вилоят шуда ва ба «ҳолнома»-и ин мавзеъҳо то андозае ошно аст. Ҳоло дар пеши назар шаҳрҳои зикршударо бо манзараҳои куллан дигар дарёфтам.
Хавос ноҳияест дар Сирдарё. Моҳи декабри соли 1926 ташкил ёфтааст. Аз соли 1955 то 1966 ҳамчун ноҳияи Боёвут, аз соли 1966 то 1975 ҳамчун ноҳияи Янгиер зикр мегашт. Аз моҳи марти соли 2004 ба ноҳияи Хавос ноҳияи Меҳнатобод ҳамроҳ гашт. Панҷ мавзее, ки бо номи таърихии Фарҳод машҳуранд, низ ба таркиби шаҳрчаи Ховос даромаданд. Бо ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах ва ноҳияҳои Сардобаю Мирзоободи вилояти Сирдарё ҳамҳудуд аст. Майдонаш 1,5 ҳазор км2, аҳолиаш бештар аз 80 ҳазор нафар. Дар ноҳия ГЭС (ИОБ)-и Фарҳод, истгоҳи барқӣ-гармии Сирдарё, наздик 40 фирма ва корхона мавҷуд.
19 феврали соли 2019 бо мақсади шиносоӣ бо рафти ислоҳот дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ Президентамон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сирдарё ташриф фармуда, аз ҷумла ба шароити зисти аҳолии Ховос аз наздик гувоҳ шуда буд. Аз тараққиёти давр то андозае қафомонии шаҳрак ҳис мегашт. Корҳое, ки бояд иҷро шаванд ва ба дигаргуриҳо асос гарданд, ҳанӯз дар пеш буданд. Роҳбари давлати мо ба нақшаи асосии сохтмони шаҳри замонавӣ шинос гашт, бобати боз ҳам такмил додани он пешниҳод ва супоришҳо дод. Аз байн фурсати зиёд нагузашта, эътиборан аз моҳи марти соли 2019 ҳудуди маҳаллаи «Бунёдкор» ба майдончаи бузурги сохтмонҳо табдил ёфт. Барои бунёди «Хавос-сити» дар ҳудуди 42 гектар корҳои маҷмӯии сохтмонӣ оғоз ёфтанд.
Бино бар лоиҳаи муайяншуда бинои ҳокимият ва мақомоти идоракунии маҳаллӣ, Агентии хидматҳои давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, манзилҳои истиқоматӣ, дабистонҳо, муассисаҳои томактабӣ, боғи истироҳатӣ, Майдони хотира, китобхона, дӯкони китоб, кинотеатр, бозори деҳқонӣ, шохобчаҳои тиҷоратӣ ва хидматрасонии маишӣ бояд барпо карда мешуд. Бунёди 30-то бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, ки фарогири 760 адад хонадон аст, низ ба нақша дароварда шуда буд.
Дар як фурсати кӯтоҳ биноҳои Маркази ба меҳнат ва шуғл кӯмакрасон, Бонки халқӣ, корхонаи нуқтаҳои барқи ноҳия, ҳокимияти ноҳия, маскани истироҳати аҳолӣ, маҷмӯи «Майдони хотира» барин як қатор объектҳо сохта ва ба истифода супурда шуданд.
Дар атрофи биноҳои бисёрошёнаи зист, айни замон, объектҳое қад рост карданд, ки барои сокинон бисёр муҳиманд. Хусусан, аҳолӣ аз сохта шудани 29 адад танурхонаҳо мамнун гашт. Инак, дар ҳавои кушод барои пухтани нон ва маҳсулоти нонӣ кулли шароитҳо муҳайё. Дар 8 адад «Майдончаҳои бачаҳо» хурдтаракону наврасон вақти холии худро хушҳолу мазмуннок гузаронида метавонанд. Сохтмони боз 20 адад ин гуна майдончаҳо идома дорад. Демонтаж ва монтажи қубурҳои газии диаметрашон 273 мм дар ҳудуди ШШМ «Бунёдкор» ба охир расидааст. Дар арафаи соли хониши 2020-2021 мактаби барои амиқ омӯзонидани фанни маетматика махсусонидашуда бо 350 ҷой ба истифода супурда шуд. Биноҳои нави идораи амнияти сӯхтори тобеи шуъбаи ноҳиявии УКД, Агентии хидматҳои давлатӣ ва Инспексияи давлатии андоз дар арафаи ба истифодасупорист.
Дар ҳудуди 42 гектараи «Хавос-сити» дар вазъи риояи қатъӣ ба талаботҳои карантинӣ бунёдкориҳо босуръат давом доранд. 30 адад биноҳои бисёрошёна мунтазири соҳибони худ. Барои оилаҳои камтаъмин дар асоси лоиҳаҳои хонаву ҷойи арзон 50 адад манзилҳои истиқоматӣ бо 2 сотихӣ қитъаи наздиҳавлӣ бо навбат супорида мешавад.
Ба наздикӣ дар ҳудуди маҳаллаи зикршуда сохтмони дар асоси технологияи Ҷопони заводи асфалту бетон, ки арзиши умумиаш 4 миллиарду 600 миллион сӯмро ташкил медиҳад, ба охир расид. Иқтидори истеҳсолии заводи замонавӣ хеле баланд: дар як соат 120 тонна, дар як шабонарӯз 1000-1200 тонна маҳсулот омода месозад. Аз ҳисоби ба кор андохта шудани корхона дар ин ҷо 12 нафар ба кори доимӣ таъмин карда шуданд. Бо амалӣ гардидани лоиҳа 7 километр роҳи байналхалқии Тошканд – Душанбе, ки аз ҳудуд мегузарад, пурра реконструксия гашт. То ҳозир ба ин роҳ бештар аз 38 ҳазор тонна асфалту бетон хобонда шудааст. Дар иҷрои ин корҳо бештар аз 40 воситаҳои махсуси техникӣ хидмат намуданд, зиёда аз 30 нафар роҳсозон аз таҳти дил меҳнат карданд. Ғайр аз ин ба роҳ ва гузаргоҳҳои паҳлӯи роҳи зиёратгоҳи «Хавособод», ҷамъ дар ҳудуди 2 ҳазор метри квадратӣ асфалт хобонда шуд.
Имрӯзҳо дар шаҳрчаи Хавос 78-то манзилҳои дуошёна аз таъмир бароварда шуданд, дар атрофи ин манзилҳо корҳои ободонию хуррамсозӣ хушсифат сурат гирифт. Айни замон кӯчаҳои марказии ноҳия, роҳ ва гузарҳои байни биноҳои истиқоматӣ мумфарш гардиданд. Ба беҳсозии таъмини аҳолӣ ба оби нӯшокӣ эътибори махсус нигаронида мешавад.
Иштирокдорони медиа-тур гувоҳ гардиданд, дар шароити карантин низ дар ин ҷо ислоҳот дар кулли соҳаҳо татбиқи амалии худро меёбанд. Таъмини аҳолӣ бо шуғл, коҳиш сохтани ночорӣ, дастгирии шахсони муҳтоҷ ва камтаъмин, баробари ҳамин, кулли масъалаҳои иҷтимоию маишӣ дар ноҳия мавриди эътибори доимист. Ҳамин низ дар доираи чорабинӣ бо мамнуният қайд гашт, аҳли Ховос дар соли 2020 нақшаи ба давлат супоридани пилла, ғалла ва ашёи хоми пахтаро дар вилояти Сирдарё аз аввалинҳо шуда ба иҷро расонданд.
Нимаи дуюми рӯз иштирокдорони медиа-тур ба ноҳияи Мирзообод раҳсипор шуданд. Назар ба маълумотҳо дар натиҷаи обхезӣ дар обанбори Сардоба ба 4 ҳазору 710 хонадон аз ноҳияҳои Сардоба, Оқолтин ва Мирзообод зарар расида, 2 ҳазору 499 то манзилҳо таъмирталаб шудаанд. Айни ҳол обхезӣ ба маҳаллаҳои «Навбаҳор», «Барлос» ва «Ҳақиқат»-и ноҳияи Мирзообод зарари ҷиддӣ расонд.
Барои кӯмак ба зарардидагон ва таъмин сохтани онҳо бо манзилҳои нав дар ҳудуди 12 гектар 40 адад биноҳои панҷошёна бунёд гардид. 800 хонадон метвонад дар онҳо зиндагӣ кунад. Қитъаҳои наздиҳавлии хонадонҳои зарардида дар ихтиёри соҳибони хона монданд. Ба ҳар як хонадон 40 миллион сӯмӣ ҷубронпулӣ супурда шуд. Барои хариди ҷиҳози нав бошад, хонадонҳо боз 10 миллионсӯмӣ қабул карданд. Маҳаллаи нав, ки ба он биноҳои замонавӣ шукӯҳ мебахшад, «Ӯзбекистони нав» ном гирифт. Журналистон аз нашрияҳои марказӣ ба кӯчида омадан, ба манзилҳои равшану барҳаво аввалин қадамҳои худро гузоштани соҳибҳои нав гувоҳ гардиданд. Калидсупорӣ ба кӯчовардаҳо давом мекунад.
Вазъи маишӣ ва таъмин бо шуғл дар маҳаллаҳои нав чи тарз, суол карданд журналистон. Гуфта шуд дар ҳудуди маҳаллаҳои «Дӯстлик»-и ноҳияи Сардоба, «Янги Тошкент»-и ноҳияи Оқолтин, «Янги Ӯзбекистон»-и ноҳияи Мирзообод корхонаҳои «Сардоба текстил», «Нурли келажак», «Либосҳои нафис» кушода шуданд, корҷӯён бо шуғл таъмин гаштанд. Бо мақсади офаридани қулаиҳо ба аҳолӣ 184 километр роҳ, 19-то кӯпрук, 4-то зеристгоҳ сохта шуд. Қубурҳои газ дар масофаи 66 километр кашида шуданд. 47 адад ускунаи тақсимкунандаи газ устувор гашт. 11-то иншооти тақсимоти об, 7,9 километр нуқтаҳои оби равон бунёд ёфтанд.
Барои маълумот ҳамин низ зикр гашт, ки дар давоми 50 соли охир дар қаламраве, ки зикр кардем, ягон манзили бисёрошёна қад рост накарда буд. Инак, набераву абераҳои «фотеҳони чӯл» баробари ба гулистон табдил додани сарзамини худ дар манзилҳои бисёрошёнаи замонавии молик ба ҳама қулаиҳо умр ба сар мебаранд.
Дар доираи медиа-тур ба як қатор журналистони фаъоли сирдарёӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: