ҚАДАМҲОИ УМЕДБАХШИ «GOLDEN FOREST»

Дар шуъбаи иқтисодиёти ҳокимияти ноҳияи Шофиркон дар бораи фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Golden Forest» самимона ҳарф заданд. Дар натиҷа мо сӯи ин корхона раҳсипор гардидем.

Дар шуъбаи иқтисодиёти ҳокимияти ноҳияи Шофиркон дар бораи фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Golden Forest» самимона ҳарф заданд. Дар натиҷа мо сӯи ин корхона раҳсипор гардидем.
Директори корхона Улуғбек Султоновро аз коргоҳаш пайдо кардем. Мулоқоти мо бо ӯ, ки имсол панҷоҳсола мешавад, бори аввал сурат гирифт. Ҳамин қадараш бароям маълум шуд, ки вай дар хонадони омӯзгор ба воя расида, ба инсони хоксору хушмуомила шабоҳат дошт. Волидони ӯро хуб медонистам. 
Падараш Фарҳод Султонов раиси кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ноҳия, довари тоифаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол буду модараш Марям Шарифова  директори мактаби миёна.
Писари ягона Улуғбек як апа ва як хоҳар дошт. Дар мактаб бо баҳои аъло хонд. Баъди хатми Донишкадаи технологияи кимиёи Тошканд солҳои зиёд дар заводи май ва шароби «Шоҳруд»-и Бухоро ва шуъбаи он дар Ғиждувон кор кард. 
Фаъолияти тадбиркории вай аз соли 1999 оғоз ёфт.
Ӯ аввал бо фурӯхтани масолеҳи бинокорӣ – чӯбу тахта мароқ зоҳир кард. Дар ин бобат кораш ривоҷ ёфт.
Ниҳоят ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Golden Forest» асос гузошт. Баробари ба роҳ мондани фурӯши масолеҳи бинокорӣ, молҳои хоҷагӣ, дастгоҳҳои зарурӣ оварда, ба истеҳсоли тунукаи бомпӯшонӣ (черепитса) оғоз кард. Дар самти шарқӣ-ҷанубии маркази ноҳия, дар шафати шимолии роҳи автомобилии Шофиркон, Ғиждувон бинои нотамоми комбинати истеҳсоли газворҳои пахтагин (ХБК) солҳои зиёд аз эътибор берун монда буд. Улуғбек нисфи ҳамин биноро бо қимати сифр харида гирифт ва бо мақсади фарохтар намудани соҳаи истеҳсолот аз бонк вом гирифта, ба ҷараёни корҳои бинокорӣ эътибори ҷудогона дод.
Аз Итолиё дастгоҳи тозакунии партовҳои пахтаро оварда, онро ба кор даровард. Барои ин ҳашт миллиард сӯм маблағ харҷ гардид. Ҳоло дар ин ҷо ҳашт нафар ба кор таъмин шудаанд. Дар сех имрӯз дар як шабонарӯз як тонна маҳсулот истеҳсол мегардад. Рӯзҳои наздик, аниқтараш баъди таҳияи шартнома бо Русия истеҳсоли маҳсулот якчанд баробар зиёд мегардад ва он ба хориҷи мамлакат бароварда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолгардидаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои кӯрпадӯзию тиббиёт истифода бурдан мумкин аст.
Дар қисми ҷанубии бино ду коргоҳи нав – дӯзандагию ресандагӣ ба фаъолият омода мегардад.
– Мо ҳоло бо мақсади аз Чин ва Туркия дастрас намудани  дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз бонк ба миқдори 1,5 миллион доллари ИМА вом гирифта, барои 200 нафар ҷои кор муҳайё мекунем, – арзи дил намуд Улуғбек ва моро ба тамошои бино даъват кард. Мо бо ҳамроҳии соҳибкор коргоҳҳои барҳаво ва васеъро аз назар гузаронида хеле шод шудем. Охир дар шароити имрӯза барои миқдори назарраси ҷавонони ноҳия муҳайё намудани ҷои корӣ магар кори саҳл аст?!
Ҳоло ҳудуди умумии корхонаи «Golden Forest» 2,5 гектарро ташкил мекунад.
Ин имконият медиҳад, ки дар ин ҷо баробари ташкил намудани соҳаҳои нав ба нави истеҳсолӣ, чӣ хеле ки мусоҳибам таъкид кард, барои истироҳати коргарон ба вуҷуд овардани боғу чорбоғ низ аз фоида холӣ нест.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: