ҚАДАМҲОИ УСТУВОРОНАИ ҒАЛЛАПАРВАРОН

Имсол ғаллапарварони вилояти Бухоро ба мавсими дарав тайёрии пухта диданд.

Имсол ғаллапарварони вилояти Бухоро ба мавсими дарав тайёрии пухта диданд. Дар ҳамаи 60,6 гектар ғаллазори 2926 хоҷагиҳои фермерии вилоят ҳосили дилхоҳ фароҳам омад. Мақсади асосӣ ҷамъоварии 363600 тонна ҳосил буда, нисфи он ба ҳисоби худи хоҷагиҳои фермерӣ мемонад. Имрӯз дар вилоят 197 отряди ғалладаравӣ созмон ёфта, ба он 960-то автомобили боркашон, 44 устохонаи сайёри таъмиркунию нақлиёти таъминоти сӯзишворӣ шомил гаштааст. Дар вилоят ҳар сол дарави ғалла аз ноҳияи Қаравулбозор ибтидо мегирифт. 
Имсол бо назардошти як қатор омилҳо ин тартиб тағйир ёфт, яъне ҷамъоварии ҳосил аз ноҳияи шимолии вилоят – Шофиркон оғоз меёфтагӣ шуд. Ба ин муносибат дар хоҷагии фермерии фотеҳони дашт – «Азим – Шофиркон юлдузи» (роҳбараш Қаҳрамони Ӯзбекистон Азим Латифов) бо сарварии ҳокими вилоят Ботир Зарипов семинари вилоятӣ ба амал омад. Ҳамин тариқа, дар вилоят мавсими дарави ғалла дар се баст вусъат меёбад.

Аввалин дар вилоят

Ғаллапарварони ноҳияи Қарокӯл имсол дар 5626 гектар майдон гандум корида, ният доранд, ки ба давлат 10620 тонна ғалла супоранд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани тадбирҳои саривақтии сифатноки агротехникӣ ва бо мақсади дар муддати кӯтоҳ ҷамъоварӣ намудани ҳосил отрядҳои дахлдор созмон ёфтаанд. Ин боиси комёбиҳо мегардад. Аз ҷумла, меҳнатдӯстони хоҷагии фермерии «Умархӯҷа»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Дарғалии ноҳия (роҳбараш Акмал Бозоров) дар вилоят аввалин да ба марраи мурод расиданд. Деҳқонони ҳимматбаланд ба ҷои 57 тонна ба давлат 63 тонна гандум супорида, нақшаи солонаро 111 фоиз иҷро карданд. Дар ноҳия дарави ғалла авҷ мегирад.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик», вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: