ҚАДР ЁФТАНИ КОРИ ХОДИМОНИ СОҲА

Маълум аст, ки кормандони гумрук барои пешгирӣ намудани содирот ва воридоти маводи манъшуда дар мамлакати мо саъю ҳаракат менамоянд.

Онҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо фаъолияти софдилонаи хеш барои рушду равнақи иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд.
Дар раёсати гумруки вилояти Ҷиззах бахшида ба рӯзи касбии ходимони соҳа тадбир ба амал омад. Роҳбарияти гумрук ва ҳокимияти вилоят ба якчанд нафар ходимони пешқадаму фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои арзанда тақдим намуданд. 
– Хушнудам, ки меҳнати маро ҳам қадр карданд, – мегӯяд нозири гумруки гузаргоҳи сарҳадии «Учқурғон» Дилором Муллоҷонова. – Аз рӯзи кушода шудани ин гузаргоҳҳо то имрӯз ба ҷумҳурии ҳамсоя наздик 37 ҳазор нафар шаҳрвандон рафтуомад карданд. Кӯшиш мекунам, ки боз хубтар кор кунам.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: