ҚАДРИ ИН НЕЪМАТ КУНЕМ!

Пас аз чандин соли интизориҳо байни мардумони ду давлати дӯсту бародар – Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи сифатан нави ҳамкориҳои судманд оғоз гардид, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии ин кишварҳои собиқ шӯравӣ назир надошту надорад.

Маҳз татбиқи амалии ин сиёсати дурбинонаи онҳост, ки имрӯз ман – як духтари оддии деҳотӣ аз ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон дар Академияи олии тиббии Тошканд таҳсил дорам. Таҳсил берун аз ватан ва дур аз падару модару хешу табор, албатта, каме мушкил аст, дилам бо ёди волидайну дӯстон ва устодону ҳамсинфон гум мезанад, вале ифтихор дорам, ки аввалин ва ҳоло ягона духтари мастчоҳӣ ҳастам, ки бо шарофати сиёсати пурфайзи сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя дар Ӯзбекистон таҳсил менамоям. Дар Тошканд мардум моро эҳтиром мекунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои шаҳрвандону донишҷӯёни кишвар таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ дорад ва ба эшон ёриву мадад мерасонад. Махсусан сафири мо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ мунтазам аз ҳоли мо – донишҷӯён бохабар мешавад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки шумо, донишҷӯён, намояндаҳои фарҳанги Тоҷикистон маҳсуб меёбед, аз ин рӯ кӯшиш кунед, ки бо рафтору таҳсили худ намунаи ибрат ва номбардори ватани азизи хеш бошед. 
Мо насли даврони истиқлол бояд ба қадри ин ҳама неъмати бузург бирасем ва шукрона кунем, ки чунин сарварони дурандешу оқил дорем. 

Ҳангомаи АЗИЗЗОДА,
донишҷӯйи Академияи тиббии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: