Ба қарибӣ дар шаҳри Намангон таҳти мавзӯи ”Қадри инсон – бузург” чорабинии ботантана баргузор шуд.
Дар он, ки бо мақсади ба ёд овардани гузаштагоне, ки бо ҷасорати худ дар тараққиёти ҷамъият ҳисса гузоштаанд, гиромидошти қадри инсон ба амал омад, куҳансолон, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон иштирок карданд.
– Чи тавре ки роҳбари давлат таъкид намуданд, қадри инсон бузург аст. Ӯ на аз фардо, на аз ояндаи дур, балки айнан аз ҳаёти имрӯзаи худ бояд розӣ ва мамнун шуда ҳаёт ба сар барад. Имрӯз дар байни мо он инсонҳои фидоӣ ва қаҳрамон, ки баҳри озодиву ободии Ватан ҷон нисор намудаанд, нестанд, вале аз он хурсанд ҳастем, ки ҷавононамон кору амали онҳоро идома медиҳанд. Роҳи мардонагии онҳо барои ҷавонони мо ибрат аст, – гуфт роҳбари вилоят Ш. Абдураззоқов. – Дар вилоят 5 нафар “Қаҳрамони Ӯзбекистон”, 8 нафар “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва 58 нафар “Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ” ба сар бурдаанд. Мо бо онҳо мефахрем.
Дар давоми чорабинӣ бахшида ба хотираи як қатор ҳамватанони намангонӣ, ки дар ҷанггоҳ ва ақибгоҳ қаҳрамонӣ нишон додаанд, видеоролик намоиш дода шуд. Дар байни онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ – Михаил Фаёзови чустӣ низ буд, ки сари синаи ӯро медалу орденҳо оро медод. Садои ӯ, ки аз хотираҳои ҷанг сухан мекард, дили ҳозиринро ба тасхир овард: “Дар майдони мудҳиши ҷанг аз садҳо нафар ҳамсафамон ҷудо мешудем. Баъди як сонияи суҳбат дар пеши назари якдигар нобуд мешуданд. Рӯзе рафиқи наздикам Михаил, ки ба миллати рус мансуб буд, гуфт:” Дӯстам, ба Ватан баргаштан насиб мекунад ё не. Агар кадоме аз мо зинда монем, барои абадӣ гардондани ном ва дӯстиамон номамонро дигар мекунем”. Ин таклиф ба ман ҳам маъқул шуд. Мутаассифона, рафиқам дар ҷанггоҳ дар пеши назарам ҳалок гардид. Баъди ба Ватан баргаштан номамро бо Михаил иваз кардам...”
– Ватанамон тинҷ, осмонамон мусаффо, албатта, ба қадри ин расидан лозим, – гуфт Қаҳрамони Ӯзбекистон, роҳбари хоҷагии фермерии “Хадича Мирзоева”-и ноҳияи Тӯрақӯрғон Хадича Мирзоева. – Ташкил намудани чунин чорабиниҳо ниҳоят зарур аст. Бахусус, ҳаёти ибратбахши авлоди куҳансолро ба ҷавонон бояд ҳикоя кунем, то ки онҳо ба қадри инсон, ба қадри Ватан бирасанд, арзишҳои миллӣ, меҳру оқибат ва меҳнатдӯстиро омӯзанд.
Дар поёни чорабинӣ суруду рақсҳои миллии миллатҳои гуногун табъи ҳозиринро шод гардонд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.