ҚАДРИ Ӯ АЗ МЕҲНАТ БАЛАНД ШУДААСТ

Гули сари сабади анҷуманҳо

Лолахон Муротоваро дар нишасту анҷуманҳои зиёд медидам. Ин бор ӯро дар фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд дучор омадам. То маросими ифтитоҳи ҷашнвораи ҳунармандӣ бештар аз як соат вақт монда буд. Ӯ ва Шоираи халқии Ӯзбекистон Энахон Сиддиқова растаҳои ҳунармандиро бо шавқ тамошо мекарданд. 
– Бояд барои чунин сарвари давлату чунин шароити хубу мусоид, ин гуна зиндагии фаровон ба Худованд гаштаву баргашта шукр гузорем, – гуфт Лолахон Муротова.
– Бо шумо мувофиқам. Баргузории ҳамин фестивали ҳунармандӣ низ аз неъматҳоест, ки бо ибтикори сарвари давлатамон рӯи кор омадааст. Бубинед, Қӯқанд дар муддати кӯтоҳ он қадар ободу зебо шуда, ҳоло меҳмонҳои зиёдеро ба канор пазируфтааст, ки кас ҳисобашонро гум мекунад, – ҳарфҳои ҳамроҳашро тақвият бахшид Энахон Сиддиқова. 
Баъд ҳарду оҳиста қадамзанон ба хараки рӯ ба рӯи амфитеатри Ӯрдаи Худоёрхон рафта нишастанд. Чашмони зану мард ва пиру барнои атроф хоҳу нохоҳ рост ба ситораи тиллои сари синаи Лолахон Муротова бармехӯрд ва ҳаваси онҳоро бедор мекард. Баъзеҳо рафта салом медоданду таваққуф намуда, мехостанд, ки аз наздик ситораи тиллои ӯро бубинанд.
Ҳарчанд Лолахон Муротоваро хеле хуб мешиносам, аммо баъди мукофотгирӣ бо вай дучор наомадам. Аз ин лиҳоз фурсатро мувофиқ дониста, баъди салом дастони аз меҳнат обутобёфтаи Лолахон Муротоваро нармакак фишурдам ва ӯро бо мукофоти олӣ муборакбод кардам.
– Раҳмати калон, бародар, – хоксорона арзи сипос намуд Лолахон Муротова.
Гуфтам, ки рӯзҳои наздик ба наздаш меоям. Ин дам баландгӯяк эълон кард, ки меҳмонони маросими ифтитоҳи фестивали байналмилалии ҳунармандӣ ҷойҳои худро ишғол кунанд. Лолахон Муротова ҳамроҳи Энахон Сиддиқова вориди амфитеатр шуданд. Дидам, ки ҳарду дар курсиҳои пеш бовиқор менишастанд. Ровӣ суханро ба Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дод ва ӯ ин фестивалро кушода эълон кард...

Субҳи саҳро босафост

Лолахон ҳар пагоҳӣ барвақт мехезаду сӯи саҳро мешитобад.  Ҳамон рӯз низ ӯ ҳамин одати худро такрор кард. Барвақт ба саҳро шитофт ва рафта байни пахтазорони доманфарох даромад. Ҳар як ниҳол  шона паҳн кардаву пахта майли шукуфтан дошт. Баъди ягон соат коргаронаш низ ба сари замин меоянду ба пахтачинӣ сар мекунанд. 
Баъд ба ёдаш расид, ки ӯ аз давраи ҷавонӣ ҳамакора аст. Чунки ягон намуди трактор нест, ки паси чанбари он нанишаста бошад. Шому саҳар дар саҳрост ва аз мавсими кишти пахтаву ғалла то ҷамъоварии он вақташро дар киштазорҳо мегузаронад. Зимистон, ки омад, ҳамроҳи коргаронаш ба яхобмонӣ машғул мешавад. Аввали баҳор якҷоя шӯри заминҳоро мешӯянд. Хуллас, тибқи эътирофи Лолахон, Худованд вайро барои кору меҳнат офаридааст. Вай оҳиста байни қаторҳои ғарқи пахтаи шукуфон қадам зад. Бовар ҳосил кардан мехост, ки ҳосили пахта аз порсола дида чӣ қадар бештар аст. Зеро имсол аз кишти он сар карда, то расидан ба давраи ҳосилғундорӣ коргаронаш сахт меҳнат карданд. 
 “Маҳз ҳамин меҳнат буд, ки маро ин қадар маъруфу машҳур сохтааст. Барои гирифтани унвону орден кор намекунам. Аммо вақте ки меҳнататро қадр мекунанд, хурсанду рӯҳбаланд мешавӣ ва дилат ба меҳнат боз гармтар мешавад. Худи Президент Шавкат Мирзиёев ба ман унвони олии мамлакат – “Қаҳрамони Ӯзбекистон”-ро муносиб диданд ва онро худашон супурданд. Аз бахту толеъам гардам, эй Ватан, эй Президент!” бо шавқ аз дил гузаронд Лолахон.
Вай мисли кӯдак шодӣ кард. Сонӣ ба пасу пеш нигарист, ки  танҳост ё ғарқи хаёл шудаву аз омадани коргаронаш бехабар мондааст. Не, вай миёни саҳро танҳо буд. Баъд дид, ки суроби чанд нафар намудор шуд. Онҳо дар бошишгоҳи саҳроии шафати роҳи калон ҷунбуҷӯл доштанд. То ба сари замини пахта омадани онҳо Лолахон байни ҷӯякҳо ниҳолҳоро як-як аз назар гузаронд. Медид, ки танҳо дар чинаки якуми ҳосил нақшаҳои шартномавию давлатиро иҷро хоҳанд кард. Эътимод ҳосил кард, ки сари вақт додани нуриҳои маданиву поруҳои органикӣ  бор овардааст.

Ҳаёте, ки  пурра ба кору меҳнат бахшида шудааст

Суҳбат бо Қаҳрамони Ӯзбекистон Лолахон Муротова дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии фермерии “Нурли обод”-и ноҳияи Олтиариқ ба вуқӯъ пайваст. Вай дар бар либоси оддии корӣ ва дар сар рӯймоли сафед маро истиқбол гирифт. Ҳарду рӯи кати саҳни бошишгоҳ нишастем. Лолахон Муротова як пиёла чойро ба ман дароз карду баъд ғарқи суҳбат шудем. 
– Пахтакориву ғаллакорӣ барои ман мероси падарист. Мо дар оила шаш духтару ду писар ба воя расидем. Як хоҳару бародари дигар низ доштем, ки онҳо бармаҳал аз ин ҳаёт чашм пӯшиданд. Вақтҳои дар мактаб таҳсил карданам баъди дарс ба саҳро мешитофтам, таътили тобистонаро бошад, пурра дар саҳро мегузаронидам. Модарам ҳамеша аз паси ғамхории ман овора буданд: “Ҳой духтарам, чаро ношто накарда бармаҳал ба саҳро рафтӣ?”, “Чаро нони чоштатро дар вақташ нахӯрдӣ?”,  “Чаро ин қадар аз саҳро бемаҳал ба хона баргаштӣ?”. Ва боз “чаро”-ҳои дигари модарам беҷавоб мемонданд, – хандон-хандон ба ёд овард Лолахон Муротова.
Вай гуфт, ҷои ана ҳамин бошишгоҳи зебову барҳаво як замон қумзори холӣ будааст. Баъзан онҳо то зону ба хоку гил ғӯтида аз он равуо кардаанд, ки ҳозира мумфарш аст. Ба гуфтаи Лолахон Муротова мактабро хатм карду одами саҳро шуд. Сонӣ донишгоҳро низ ғоибона тамом кард. Вай мегӯяд, ки баъзан тӯли 24 соат мӯзаашро аз пой намекашад ва аз пайи парвариши ҳосил мегардад.
– Як вақтҳо велосипед доштам ва ба воситаи он ба саҳро обу нон мекашондам. Дар фасли гармову сармо як бахши корам ҳамин буд. Баъде, ки синнам бузургтар шуд, то дер пахта мечидам. Як нафар тракторчӣ доштем, ки ӯро ба сафи артиш даъват карданд. Аввал рондани тракторро ёд гирифтам. Баъд оҳиста тракторро байни қаторҳои пахта рондам ва ғизои органикӣ медодам, бехи онҳоро нарм мекардам. Вақте ки паси чанбари мошини пахтачинӣ нишастам, аллакай тарсу ҳарос надоштам. Мехостам мисли Турсуной Охунова ва Раъно Каримова механизатори номӣ шавам. Шояд фариштаҳо омин гуфтаанд, ки ба мақсадам расидам, – мегӯяд Қаҳрамони Ӯзбекистон Лолахон Муротова.
Зимни суҳбат  вай ногоҳ аз ёрдамчии худ хоҳиш кард, ки барояш албомеро биёрад. Вай онро варақ мезаду гоҳ хандону гоҳ ҷиддӣ суратҳои солҳои ҷавонии худро бароям ташреҳ менамуд. 
– Як замон бригадаи комсомолону ҷавононро роҳбарӣ кардаам. Ҳатто дар як кунгураи калони кишоварзӣ ширкат доштам. Рӯзе директори мактаби деҳа ба наздам омад ва гуфт, ки дар баробари кори саҳро бояд ба як гурӯҳ духтарони деҳ касби механизаториро ёд диҳам. Чанд муддат ба ин кор низ машғул шудам. Баъд саропо худро ба касбу кори деҳқонӣ бахшидам, – иброз дошт Лолахон Муротова. – Ҳамон солҳо дар рӯзномаҳо маро таърифу тавсиф карданд. Соли аввал бо мошини пахтачинӣ 130 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардам.
Намедонистам, ки Лолахон Маротова ҳаргиз издивоҷ накардааст. Барои ҳамин дар бораи аъзои хонаводааш пурсидам. Вай бидуни он ки аз ин суолам нороҳат шавад, чунин гуфт:
– Медонед, як хоҳари калонам шавҳари бадмасту бадмаош дошт, барои ҳамин аз зарби калтаку шаллоқи шавҳараш ҳамеша фарёду нола мекард.  Ман ин ҳолро дидаму тасмим гирифтам, ки бе шавҳар мегузарам. Ҳаёту мамотамро пурра ба кору меҳнат бахшидам. Сонӣ як писари ҳамон хоҳарамро ба худ гирифтам. Ҳоло вай соҳиби хонаву дар мебошад. Аз ин писару келинам набераҳо дорам. Собирҷон ва келинам ёвару дастёри ман ҳастанд.
 Лолахон Муротова боз тазаккур дод, ки се хоҳараш дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд. Онҳо келинҳои аммаву амакаш мебошанд. Ба гуфтаи ӯ тӯли бист сол натавонистанд, ки ба дидори ҳамдигар бирасанд. Ба шарофати иқдоми наҷиби ду родмард – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон роҳҳо боз гардидаву апаву хоҳарҳо ва хешу табор дубора ба дидори ҳамдигар расиданд. Ҳоло зуд-зуд меҳмони ҳамдигар мешаванд.
– Дар маргумир ва тӯю сур аз ҳам ҷудо будем. Аз дарун худро мехӯрдем, вале илоҷамон хушк буд. Худоро шукр, ки ба ин рӯзҳои нек расидем. Ҳоло зуд-зуд аз ҳоли ҳамдигар хабар мегирем, – мегӯяд бо хушҳолӣ Лолахон Муротова.

Меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ

128 нафар аъзои хоҷагии фермерии “Нурли обод”, ки сарварии он ба дӯши Лолахон Муротова мебошад, соли равон дар 126 гектар пахта ва 350 гектар ғалла киштаву парвариш намуданд.  Вай мегӯяд, ки беш аз якуним ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ карданд ва аз ин ҳисоб ба аъзоёни хоҷагии фермерӣ аз  5 то 15 тоннагӣ ғалла тақсим карда доданд. Ба таъкиди сарвари хоҷагӣ акнун тамоми нерӯ ба ҷамъоварии ҳосили пахта равона шудааст. 
– Соли гузашта аз ғаллаву пахта ҳосили пурбаракот бардоштем. Бо аъзоёни хоҷагӣ шабу рӯз меҳнат кардем, барои ҳамин ҳосилнокии майдонҳоямон мувофиқи табъ баромад. Ба хирман қариб 400 тонна пахта супурдем. Имсол обу ҳаво хеле гарм шуд ва ин барои нашъунамои пахта мусоидат намуд. Ҳоло 114 нафар чинакчиён машғули пахтачинӣ мебошанд. То ҳол беш аз нисфи ҳосили майдонҳо чида нашудааст, аммо пахтаи ба давлат супурдаамон аз 200 тонна гузашт. Нақшаи давлатӣ 314 тонна муқаррар шудааст. Рӯзона 8-10 тонна пахта чида истодаем. Бовар дорам, ки ҳосили имсолаи пахтаамон ба 500 тонна мерасад, – бо қатъият мегӯяд Лолахон Муротова.
Дар айни ҳол хоҷагии фермерии “Нурли обод”  соҳиби техникаҳои зиёд мебошад. Аз ҷумла, тракторҳои шудгоркунанда, комбайни ғалладаравӣ, барои коркарди байни қаторҳои пахтаву ғалла панҷ адад “Белорус”, ду трактор барои ба хирман интиқол додани ҳосил дар ихтиёри хоҷагӣ қарор доранд.     
– Дар мавсими пахтачинӣ теъдоди коргаронамон ба як карат меафзояд, зеро занону духтарон ва мардони зиёд меоянд, ки пахта чинанду даромад ба даст оваранд, – мегӯяд Лолахон Муротова.
Дар ҷараёни суҳбат вай номи якчанд пешқадамони хоҷагии фермериашро номбар кард ва боз хоҳиш намуд, ки қайди номашонро дар мақола фаромӯш накунам. Нуриддин Маҳмудов, Ҷаҳонгир Мирзоев, Дилмурод ва Зафарҷон Умаровҳо, Муаззамхон Мадаминова, Манзура Анорбоева, Ибодат Маҳмудова аз зумраи пешқадамони хоҷагии ӯ мебошанд. Ба таъкиди ӯ Абдулло Кенҷаев ба сини 73 даромадааст, вале ҳамчун механизатори беҳтарин фаъолияташро давом медиҳад. Шогирдони ӯ Мухторалӣ Зокиров, Шуҳрат Ҳусанов ва Нозирҷон Муродов дар коркарди байни қаторҳо, ба хирман интиқол додани пахтаву ғалла, шудгор кардани заминҳо мардонавор меҳнат мекунанд. 

 Мактаби хоси Лолахон Муротова

– Ҷавонони зиёд ба наздам меоянд ва маслиҳату машварат мепурсанд, ки чӣ тавр хоҷагии фермериашон мисли “Нурли обод” пешқадам шаваду шуҳрат пайдо кунад. Ба онҳо тарзу усули киштукорро ёд медиҳам. Дар сари замин барояшон мефаҳмонам, ки ғалларо кай ва чи тавр коранд, ҳосили хуб медиҳад. Ҳамчунин барои кишти пахта ва нашъунамои он ба чиҳо бояд таваҷҷӯҳ намоянд, ки арақи ҷабинашон ноком намонад, – мегӯяд Лолахон Муротова.
Сарвари хоҷагии фермерӣ боз мегӯяд, ки донишҷӯёни бахши зироати донишгоҳҳо низ зуд-зуд ба наздаш меоянд. Онҳо аз вай таҷрибаи кор меомӯзанд. Ба гуфтаи Лолахон гоҳ-гоҳ ба дасташон каланд медиҳаду сабру тоқатро дар ҷисмашон парвариш менамояд. Вай мегӯяд, агар деҳқон аз замин меҳрашро дареғ надорад, онро мисли фарзанд парвариш кунад, дар вақташ ғизои лозимиро диҳад, бешак, ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.   
– Ин қоидаҳои заминдориро ба ҷавонон ёд медиҳам. Мо замонеро паси сар кардаем, ки аз ин чӯлу қумзор мардони зиёд фирор мекарданд. Қитъаҳои зиёди замин ҳанӯз азхуд карда нашуда буданд. Вақте ки котиби ҳамонвақтаи райком маро ба ин ҷо фиристод, бисёриҳо гумон карданд, ки аз се моҳ бештар тоқат нахоҳам кард. Донистам, ки агар ба ҳамин шароити ногувор бардошт диҳам, фатҳи ҳар гуна марра бароям осон мегардад. Ҳоло ин ҷо чӯлистон ба гулистон табдил ёфтааст. Барои меҳнати пурсамар нишонҳои зиёди давлатиро ба даст овардам. Соли 2017 Президент маро бо ордени “Барои хизматҳои фидокорона” сазовор донистанд. Инҳоро бояд ҷавононамон донанд ва дарк кунанд, ки меҳнат ҳатман қадрдонӣ мешавад, – мегӯяд Лолахон Муротова. 
Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти Ватан Лолахон Муротова ба унвони “Қаҳрамони Ӯзбекистон”, нишони олӣ — медали «Олтин юлдуз» сазовор гардид. Вай мегӯяд, ин мукофоти танҳо вай нест, балки ҷамъи коргарони хоҷагии фермерии “Нурли обод” низ ҳаст, ки барои ба даст овардани он саҳми калон гузоштаанд.
Вақте ки суҳбатамон ба итмом мерасид, мошине дар назди бошишгоҳ омада истод. Аз он як гурӯҳ занҳо фаромаданд.
– Инҳо меҳмонҳоянд, ки аз вилояти Намангон омадаанд. Ҳар сол ду-се бор барои иваз кардани таҷриба ба хоҷагии фермерии мо меоянд, – гуфт Лолахон Муротова зимни хайрухуш.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: