ҚАДРИ ЗАР ЗАРГАР БИДОНАД

Мақолаву лавҳа ва ҳикояву қиссаҳои дилангезро маҳз аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ мутолиа мекунам.

Ахбори   рӯзро  ҳам аз  рӯзномаҳо  мехонам.  Аз  ин  рӯ, онҳо ба  мазмуни  ҳаёти  ман  табдил  ёфтаанд.  
Солҳост,  ки  рӯзномаи  ягонаи  тоҷикии  ҷумҳурӣ  «Овози  тоҷик»-ро   мунтазам   мегирам. Дар  бораи матолибу  маводи  он  фикру  мулоҳиза мекунам. Хушам меояд, ки дар он мақола ва навиштаҳои дархӯри давру  замон  дарҷ  меёбанд. Муҳимтар  аз  ҳама   ин ягона  рӯзномаи  ҷумҳуриявист, ки бо  забони  ноби мо –  тоҷикӣ  мебарояд.  
Мутаассифона, баъзан  беэътибориву   бепарвоии   ҳамзамононро   нисбат  ба  фарҳанги  миллӣ мебинам  ва  аз  ин  ҳол  дилам  ба  риққат  меояд. Охир, ин рӯзнома  ба  ивази  бисёр  ранҷу  заҳмат барои  ба   хонандагон   ғизои  маънавӣ  бахшидан  чоп мешаваду  ҳамзабонон  беэътиноӣ  кунанд, магар  аламовар  нест?! 
Ман  бо  бисёр  рӯзномаву  маҷаллаҳо, аз  ҷумла  «Овози  тоҷик» ва  «Ховар»  ҳамкорӣ   мекунам.  Аз  даву  този  хабарнигорони онҳо дар вилоятҳои Ҷиззаху Навоӣ бохабарам.   Мақолаҳои   Абдулло  Субҳон, Муҳаммад  Шодӣ, Тоҷибой  Икромов, Саодат  Бекназарова, Амрулло  Авезов, Шоқаҳҳори  Салим, Хусрав  Ҳамидов, Нуралӣ  Раҷаб, Зоҳир  Ҳасанзода, Мирасрор  Аҳроров  ва   ашъори  рангини  Паймон  ба   рӯзномахонон  хеле  писанд  мебошанд. Ҳоло, ки дар саросари  ҷумҳурӣ  шиори «обуна  ба  рӯзнома  маҷбурӣ  не,  балки ихтиёрист»,  паҳн  шудааст, мо  ба  қадри ин  рӯзномаи ягонаи худ ва  эҷодкорон  бирасем. Ашхоси  масъул  (пеш  аз  ҳама  фаъолони  марказҳои  миллӣ  ва  сарварони  мактабҳои  тоҷикӣ) бояд  дар  ин  кор   намуна  бошанд.  Агар  рӯзнома ва маҳсули  эҷодии  кормандони  он  зару гавҳар  бошанд, мо  худро  заргару  гавҳарӣ  пиндорем, зеро:  
Қадри  зар  заргар  бидонад,
Қадри  гавҳар  гавҳарӣ.

Раҳимшоҳ  ШАРИФЗОДА,
мухбири  ҷамоатӣ.

Вилояти  ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: