ҚАДРШИНОСӢ БАРОИ МЕҲНАТИ АРЗАНДА

Дар ҳаққи устоду мураббӣ ҳар қадар суханони хуш гӯем, кам аст.

Дар  ҳаққи устоду мураббӣ ҳар қадар суханони хуш гӯем, кам аст. Марди хоксору фурӯтан Фарҳод Исомиддинов дар кори таълиму тарбияи насли наврас  ва ҷавонон саҳми арзанда дорад. Омӯзгор нафарест, ки ҷомеа дар ҳама  давру замон ба ӯ ниёз дошту ниёз дорад. Дар ин боб  Салмони Соваҷӣ чунин фармудааст:
Раҳбаре ҷӯй, ки дар ин бодия, 
ҳар сӯ роҳ аст,
Марди саргашта чӣ донад, 
ки куҷо бояд рафт.
Воқеан ҳам, омӯзгор  роҳбар, роҳнамо ва мураббии кулли башар аст ва ин масъулияти бузургест бар души ӯ. Муаллим ҳидоятгари роҳи рост ва роҳнамои рӯзгор аст. Ӯ як умр дар зиндагӣ меомӯзад ва онро бо шогирдони  хеш талқин мекунад. Муаллим машъалест, ки  зиндагиро ҳамеша равшанӣ мебахшад. 
Фарҳод Исомиддинов соли 1944 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти ҳозираи Суғд дар оилаи зиёӣ дида ба олами ҳастӣ кушод. Дар мактаби рақами 4-уми ба номи Мадании ноҳия таълим гирифта, соли 1961 ба бахши филологияи Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дохил шуд. Дар давоми таҳсил худро чун донишҷӯи фаъол нишон дод. Мақолаҳои ӯ дар  рӯзномаҳои донишгоҳу вилоят ба нашр расиданд. Дар байни устодону ҳамсабақон бо донишу қобилияти худ маъруфият пайдо намуд. Ӯро соли 1964 аз курси чорум ба аскарӣ даъват карданд. Баъди се соли хизмат  ба донишгоҳ баргашта, онро соли 1969 бо муваффақият хатм намуд ва ҳамчун муаллим ба зодгоҳаш баргашт.
Нахуст дар мактаби рақами  36-уми  ноҳияи Ашт   ба кор сар карда, дар як муддати кӯтоҳ  байни омӯзгорон ва шогирдон худро чун муаллими фаъол нишон дод. Аз тарафи идораҳои таълими халқ ва ҳукумати ноҳия бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуд. Муаллим соли 1973  ба шаҳри Ангрени вилояти Тошканд кӯчида омад ва минбаъд  ҷидду ҷаҳди худро ба тарбияи ҷавонони ҳамин маҳал бахшид.
Зимни фаъолияти омӯзгорӣ дар донишгоҳҳо якчанд шогирдонро тарбия намудааст, ки аксарияти онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд. Устод дар    фаъолияти худ беш аз дусад мақолаҳои публитсистию илмӣ ва зиёда аз бист китоби бадеию дарсӣ ба табъ расонидааст.  
Гарчанде ҳоло дар нафақа аст, азми сафари шаҳри Фарғона намуда,  фаъолияти илмию педагогии худро дар Донишгоҳи давлатии Фарғона давом дода истодааст. Соли чорум аст, ки устод Исомиддинов дар кафедраи забоншиносии факултаи филологияи ДДФ ҳамчун  маслиҳатгари устодон ва раҳнамои донишҷӯён кор мебарад. Дар ин муддат асарҳояш  “Асрори рақамҳо”, “Калиди боргоҳи маърифат”, ”Шугунҳо” ва “Ирим-сиримлар”-ро ба табъ расонид.
Устод ҳама вақт донишҷӯёнро ба  илмомӯзию  донишандӯзӣ  ҳидоят мекунад. Боре  ба  мо насиҳат карда  гуфт, ки панде аз падар гирифтаам, ки ҳамешаву ҳамарӯза  он  шиори  зиндагониам  гаштааст  ва онро шогирдони азиз, шумо низ шиори худ кунед, яъне ба таъбири Аллома Иқбол:
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли
 дигарон.
Аз сабақ ва пандҳои  устод  мо беҳад мамнунем, зеро онҳо дар омӯхтан ва фаъолияти оянда  дарси ибрат мегарданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ хизматҳои шоёни устодро ба назар гирифта, ӯро бо медали «Барои хидматҳои шоён» дар тарбияи ҷавонон мушарраф гардонид. Ин боиси ифтихори ҳамаи мо, шогирдони ӯст!

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи равияи забони тоҷикии 
факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: