Дар палатаи болоии парлумон маҷлиси Комиссияи регламент ва одоби Сенати Олий Маҷлис баргузор шуд.
Маҷлисро Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бурд.
Дар маҷлис дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани нутқи ҳокими вилояти Фарғона, сенатор Шуҳрат Ғаниев, ки ба эътирозҳои манфӣ сабаб гардидааст, муҳокима шуд.
Пештар сабти аудиоии ба риш, рӯймол ва дар ҷойҳои корӣ намоз хондан муқобил баромадан ва онҳое, ки ба ин тобеъ намегарданд, бо ҳабс таҳдид намудани ҳокими вилояти Фарғона паҳн гардида буд. Фикрҳои мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сайтҳои гуногун боиси эътирози аҳолӣ гардиданд. Ин ҳаракати Шуҳрат Ғаниев аз ҷониби аъзои комиссия сахт танқид гардида, сиёҳ карда шуд. Хоҳиш шуд, ки ба он чораи қатъӣ дида шавад.
–Халқамон мегӯяд, ки бозикунон сухан гӯйӣ ҳам, андеша карда гӯй. Дар маҷлис бо иштироки роҳбарон ва фаъолони мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ аз ибораҳои ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон осебрасон, шаън ва қадру қимати онҳоро пастзананда истифода бурдани ҳокими вилояти Фарғона, сенатор Ш. Ғаниев дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн гардида, ба боиси эътирози ҳаққонии аҳолӣ мегардад, – мегӯяд сенатор Мақсуда Варисова. – Инро ба сифати сенатор сахт танқид мекунам. Охир, сухан дар бораи рӯймол равад, модаронамон, бонувонамон, духтаронамон, арӯсҳоямон доимо рӯймол баста мегаштанд. Дар чунин як замоне, ки қадру қимат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъмин карда мешавад, фикрҳои мазкурро дуруст гуфтан имкон надорад.
Дар моддаи 11-уми қонун «Дар бораи мақоми депутати Палатаи қонунгузорӣ ва узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон» зарурати ба қоидаҳои одоб қатъӣ риоя кардани депутат, сенатор муайян гардидааст.
Баробари ин, бинобар қоидаҳои одоби аъзои Сенат, ки бо қарори дахлдори Сенат аз 28 марти соли 2017 тасдиқ шудааст, сенатор бояд дар фаъолияти худ ба принсипҳои одобу ахлоқи дар ҷамъият умумӣ қабулшуда риоя карда, ҳуқуқи шаҳрвандон, шахсони мансабдор, шаън, қадру қимат ё обрӯйи кории онҳоро ҳурмат намояд, ҳамчунин, аз хатти ҳаракате, ки обрӯйи сенаторро доғдор мекунад, худро нигоҳ дорад.
– Ин фикрҳо ба сифати зан маро ба ларза оварданд,–мегӯяд сенатор Гавҳар Алимова. – Имрӯзҳо дар мамлакати мо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигоҳ доштан ва рушди урфу одат, анъанаҳоямон, ба авлоди наврас расондани онҳо корҳои низомнок амалӣ мешаванд. Ба сифати мисол Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандии дар шаҳри Қӯқанд баргузоршударо зикр кардан мумкин. Дар он бо либосҳои миллии зебо арзишҳоямонро нишон додани опаву хоҳарони мо чи қадар ҳаловатбахш аст. Эътибор ба занону духтарон аз пешина пурзӯр аст. Хатти ҳаракати сенаторе, ки чунин фикрҳоро дар чунин давр гуфтааст, умуман, нодуруст меҳисобам.
Ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ба он чунин эзоҳ дод:
–Дар замони имрӯз қадру қимати инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ аз ҳама чиз боло меистад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст муҳокима кардаанд. Айби худро эътироф мекунам. Падару модарам, опаву хоҳаронам, фарзандҳоям низ либоси миллӣ мепӯшанд. Ман низ дар хона бо либоси миллӣ мегардам. Дар он маҷлис ман аз ҳад гузаронда будаам. Имконият диҳед, хулоса бароварда, меҳнат мекунам.
Дар маҷлиси комиссияи Сенат ба ҳокими вилояти Фарғона огоҳии қатъӣ ва 3 моҳ муддати озмоиш дода шуд.
Нурулло Насриев,
мухбири ӮзА.