ҚАДРУ ҚИМАТИ СУХАНИ ЧОПӢ

Он ҳаргиз завол наёбад

Воситаҳои ахбори умум ҳамчун оинаи ҳаёт ҳамаи ҷабҳаҳои рӯзгори одамонро дар худ акс мекунонад. Имрӯзҳо зимни мутолиаи маводҳои саҳифаҳои матбуот мебинем, ки  инъикоси ислоҳоти иқтисодӣ ба марҳилаи нав баромадааст. Ин ҳолат чӣ дар саҳифаҳои нашрҳои ҳудудӣ ва чӣ марказӣ ба мушоҳида мерасанд. Аз сӯи дигар дар назди ходимони воситаҳои ахбори умум масъалаи беҳ намудани ҳолати нашрҳои чопии ҳудудӣ қарор дорад, ки иҷрои як қатор корҳои муҳимро тақозо менамояд.
Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси Фонди ҷамоатии дастгирӣ намудани воситаҳои ахбори оммавии мустақили чопии Ӯзбекистон ва Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон дар маҷлисгоҳи «Хонаи матбуот»-и вилоят таҳти мавзӯи «Таклиф ва тавсияҳо оид ба беҳ намудани ҳолати нашрҳои чопии ҳудудӣ» барои рӯзноманигорон семинар-тренинг баргузор гардид. Дар ин семинар-тренинг сармутахассиси Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон Муҳиддин Амонов дар мавзӯи «Натиҷаҳои мониторинг аз рӯи ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, ки аз ҷониби воситаҳои ахбори умум роҳ дода мешавад» маърӯза кард. Назар ба гуфти ӯ ҳоло дар вилоят 26 номгӯй воситаҳои ахбори оммавӣ мавҷуд аст. Аз ин 23-тояш газета, 3-тои дигар маҷалла мебошад. Ба ғайр аз ин радио ва телевизиони вилоятӣ, шаҳрӣ, манбаъҳои ахбори интернетӣ фаъолият доранд. 
Иштирокчиён инчунин маърӯзаҳои дотсентҳои факултаи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон Назира Тошпӯлодова ва Берунӣ Алимовро доир ба ҳолати имрӯзаи нашрҳои ҳудудӣ ва нақши журналист дар ҷорӣ намудани назорати ҷамоатӣ шуниданд. Онҳо гуфтанд, ки рӯзнома дар ҳар гуна давру замон барои ҷомеа зарур ва даркорист. Мо ҳангоми ба ин қабил вохӯрӣ ва семинару машварат омодагӣ гирифтан ба коршиносони хориҷӣ рӯ овардем, ки ба матбуоти мо баҳои ҳақиқӣ диҳанд. Бештари онҳо гуфтанд, ки дар ҳар саҳифаи матбуоти кишвари шумо то ҳол усули классикии инъикоси мақолаҳо ба мушоҳида мерасад. Ба ғайр аз ин хонандаи имрӯз ба мутолиаи мақолаҳои калонҳаҷми риққатовар шавқу рағбат ва вақту фурсат надорад. Бинобар ин хабару мақолаҳои ихчаму мухтасар ва бо забони соддаи оммафаҳм ба назар расида диққату эътибори хонандагонро ба худ мекашад.
Дар анҷоми семинар-тренинг рӯзноманигорон ба саволҳои худ аз маърӯзачиён посух гирифтанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: