«ҚАЙДҲО ДАР ҲОШИЯИ ДАФТАР» – БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ғолибони озмуни давраи дуюм ва сеюми гранти давлатие, ки аз тарафи Бунёди ҷамоатии назди Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Самарқанд таҳти мавзӯи «Пурзӯр гардондани фаъолнокии СҒҒ дар баланд бардоштани маданияти мулоқот ва ҳуқуқи инсон дар ҷамъият» ва «Васеъ ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тарзи ҳаёти солим дар оила ва маҳалла, рушди соҳаи сайёҳӣ ва хидматрасонӣ» эълон гардида буд, муайян шуданд.

Дар озмуни дуюм 6, бино ба озмуни сеюм 4 ғолиб муайян гардида, ба ҳар яки онҳо ба миқдори 30 млн. сӯмӣ грант ҷудо карда шуд.
Аз ҷумла, шуъбаи ҷамъияти гаронгӯшҳои вилояти Самарқанд бо лоиҳаи «Матонати инсон дар роҳҳои зиндагӣ», шуъбаи Ассотсиатсияи дастгирии бачаҳо ва оилаи вилояти Самарқанд бо лоиҳаи «Таблиғи маданияти пурсамар истифода бурдан аз шабакаҳои интернет, мулоқоти байни оилаҳо ва ҷавонон», ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ипаклӣ»-и ноҳияи Ургут бо лоиҳаи худ оиди обод кардани зиёратгоҳи «Ипак ота»-и маҳалла баҳри ба деҳаи сайёҳӣ табдил додани деҳаашон аз қатори ғолибон ҷой гирифтанд.
– Соли ҷорӣ дар мамлакатамон 80-солагии Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ӯткур Ҳошимов васеъ ҷашн гирифта мешавад, – мегӯяд роҳбари Маркази милливу мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд А. Маҳмудов. – Ба мақсади баҳраманд гардондани насли наврас бо мероси нависандаи номвар баъди коркарди лоиҳае оиди тарҷума ва нашри китоби «Қайдҳо дар ҳошияи дафтар»-и нависанда ба забони тоҷикӣ, дар озмун иштирок намудем. Шодем, ки ташаббуси мо дастгирӣ шуд ва барои он грант ҷудо карданд.
Баробари ҳамин, ба Федератсияи атлетикаи сабуки вилоят дар кӯмакашон барои ба варзиш васеъ ҷалб намудани ҷавонони мавзеъҳои дурдасти вилоят, ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Фаровон»-и ноҳияи Нарпай барои лоиҳааш «Маҳалла такягоҳи аҳолӣ», ба шуъбаи ҷамъияти занони маъюби ноҳияи Пастдарғом бошад, барои лоиҳаашон бобати бо шуғл фаро гирифтaани аҳолӣ тариқи ҷалб намудани ҷавонон ва занони маъюби деҳаҳо ба соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ 30 млн. сӯмӣ грант ҷудо карда шуд.

Ғ. ҲАСАНОВ,
ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: