Қалъаи

«ЗАНОНИ ВАФОДОР»

Қалъаи 
«ЗАНОНИ ВАФОДОР»

Дар шаҳри Винсберги Олмон қалъае ҳаст бо номи «Занони вафодор», ки мардум бо он ифтихор мекунанд.
Соли 1140 милодӣ шоҳ Конради савум шаҳрро тасхир мекунад ва мардум дар он қалъа паноҳ мебаранд. Шоҳ паём медиҳад, ки фақат занону бачаҳо аз қалъа хориҷ шаванд ва боарзиштарин дороии худашонро ҳам бардоранду бираванд, ба шарте ки ба танҳоӣ қодир ба бардоштани он бошанд.
Ҳар зан шавҳари худашро пуштора карда аз қалъа хориҷ мешавад. Занони бешавҳар падар ё бародарашонро бардошта мебурданд. Шоҳро аз ин ҳол хандааш мегирад, вале хилофи ваъдааш амал накарда, ба онҳо иҷозат медиҳад, ки раванд.
Он қалъа аз ҳамон рӯз ба худ номи қалъаи «Занони вафодор»-ро гирифт.

Таҳияи ВОРИС.

 

Гуфтугӯйи кӯдак бо Офаридгор
(Қисса)

Тифле омодаи ба дунё омадан буд ва аз Худованд пурсид:
 – Худои ман, хабардор шудам, ки ту маро фардо ба дунё меоварӣ, аммо ман дар он ҷо чӣ тавр зиндагӣ мекунам, дар ҳоле ки кӯдаке беш нестам ва хеле заиф ҳастам. 
Худованд ҷавоб дод: 
– Аз миёни фариштаҳо ман якеро барои ту интихоб кардам, ки ҳоло мунтазири ту аст ва туро нигаҳбонӣ хоҳад кард.
– Ман дар биҳишт танҳо суруд мехонаму механдам ва бо ин хушбахт будам. 
– Фариштаам бароят ҳар рӯз суруд мехонад ва туро хушбахт хоҳад кард. 
– Худои бузург, ман, ки забонашро намефаҳмам, чӣ тавр бифаҳмам. 
– Ин кори душворе нест, фариштаи ту бо суханҳои ширину гуворое, ки боре ҳам нашунидааст, бо ту суҳбат хоҳад кард ва бо сабури он ғамхорӣ туро забон хоҳад буд.
– Агар дар ман хоҳиши бо ту суҳбат кардан пайдо шавад?
– Фариштаат ба ту намоз хондану дуо карданро меомӯзад.
– Шунидаам, дар замин одамоне зиндагӣ мекунанд, ки даст ба корҳои зишт мезананд. Агар чунин аст, пас маро аз онҳо кӣ ҳимоя мекунад?
Худованд меҳрубонона гуфт:
– Туро Фариштаат ҳимоя мекунад, ҳатто ба ивази ҷон. 
– Аммо ман ҳамеша ғамгин хоҳам буд, чунки туро наметавонам бубинам.
– Фариштаи ту дар бораи ман ҳамеша нақл хоҳад кард ва роҳи ба ман наздик шуданро бароят нишон хоҳад дод. Аммо бовар дошта бош, ки ман ҳамеша бо ту хоҳам буд.
Вақти ба дунё омадани кӯдак фаро расид. Ӯ саросемавор пурсид:
– Парвардигоро, вақти рафтанам шуд, хоҳиш дорам, ба ман бигӯ, ки номи он фаришта чӣ аст? 
Худованд гуфт:
– Донистани номи ӯ ба ту муҳим нест, зеро ту метавонӣ ҳамеша ӯро Модар гӯён садо кунӣ...

Таҳияи Б. ФАРИШТА.    

 

 

 

Аз қалб то забон

Рӯзе зане, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳамсараш сухани дилчасп нашунида буд, бемор шуд. Шавҳар дучархае дошт ва бо он ҳар рӯз субҳ ба кор мерафт ва шаб бармегашт. Ҳамон рӯз бори аввал ҳамсарашро ба колааш савор кард. Зан бо эҳтиёт ба он савор шуд ва намедонист дастҳояшро куҷо гузорад.
Инро эҳсос карда шавҳараш гуфт:
– Маро оғӯш кун.
– Чӣ кунам? – ба гӯшҳояш бовар накарда пурсид зан.
Вақте дубора сухани шавҳарашро шунид, рухсорааш ранг бохту сурх шуд. Бо хиҷолат камари ӯро бағал кард ва аз чашмонаш ашк рехт.
Дар нимароҳ зан аз шавҳар хоҳиш кард, ки ба хона баргарданд.
Шавҳар бо тааҷҷуб пурсид:
– Чаро? Ба беморхона андак роҳ монд.
– Лозим нест, сиҳат шудам. Дигар сарам дард намекунад, – гуфт зан бо маҳзунӣ.
Шавҳар ҳамсарашро ба хона овард. Вале худ нафаҳмид, ки ҳамон ибораи соддаи «маро оғӯш кун» ба дили зан чӣ қадар ҳаловат бахшид ва филҳол дардашро марҳам шуд.
Бузурге гуфтааст: «Фосилаи ибрози муҳаббат дур нест: аз қалб то забон аст».

Таҳияи Ф. ФАРҲОДЗОД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: