Адабиёт ба туфайли қаламчаи қалам арзи вуҷуд карда, нашъунамо меёбад ва бо меваҳои рангин – суханони пурҷозибаю зебо дилҳоро ба ҷӯш меоварад.
Адабиёт ба туфайли қаламчаи қалам арзи вуҷуд карда, нашъунамо меёбад ва бо меваҳои рангин – суханони пурҷозибаю зебо дилҳоро ба ҷӯш меоварад. Боғи сухан низ ниёзманди боғбони хуб ва ғамхорист.
Қарори Президент аз 5 апрели соли 2018 «Дар бораи чораю тадбирҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон» ва қарори Девони Вазирон аз 13 июни соли 2018 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ бобати такмил додани фаъолияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии он» баҳри рушди адабиёти бадеӣ дар мамлакатамон омили муҳим гардид.
Суҳбати мо бо раиси шуъбаи вилояти бухороии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Шодмон СУЛАЙМОН оиди вазъи имрӯзаи муҳити адабии вилоят сурат гирифт.
– Шодмон Султонович, дар бораи муҳити адабии имрӯзаи вилоят чанд сухан мегуфтед.
– Ҳоло дар вилоят 17 нафар аъзои Иттиҳоди нависандагон фаъолият доранд. Онҳо бо шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста гардида, дар асоси ҷамоатӣ ба фаъолияти шуъба кӯмак мерасонанд. Дастгирӣ намудани азму кӯшиш ва имкониятҳои эҷодии аъзои иттиҳод, эҷодкорони синну солашон гуногун, хусусан, ҷавонон, вазифаи асосии мо ба шумор меравад. Бо ин мақсад имрӯз дар вилоят 18 маҳфили адабӣ фаъолият дорад. Ба ғайр аз ин, дар ҳар як муассисаи таълимӣ, мактабҳои «Баркамол авлод»-и бачагон, таҳририяти рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, назди марказҳои ахбору китобхона бо мақсади рӯйи об баровардани имкониятҳои эҷодии ҷавонон маҳфилҳо амал мекунанд. Дар онҳо беш аз 2800 нафар ҷавон асрори эҷодиёти бадеиро меомӯзанд. Байни онҳо ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои эҷодӣ ҳастанд. Соли гузашта узви маҳфили «Нилуфар»-и назди шуъбаи вилоятӣ Дилафрӯз Истамова сазовори Мукофоти давлатии ба номи Зулфия гардид. Узви маҳфили «Қалдирғоч» Фарангис Исоқова дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «Китобхони ҷавон» соҳиби ҷойи дуюм шуд. Дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни талабагони мактаб – «Ҳикояи сол» толибаи мактаби рақами 4-уми ноҳияи Шофиркон, узви маҳфили «Эҷодкори ҷавон» Гавҳаршодбегим Носирова ҷойи сеюмро ба даст даровард.
— Бинобар қарорҳои таъкидёфтаи Президент ва ҳукумат дар шуъбаи Иттиҳоди нависандагон чӣ гуна имкониятҳо ба вуҷуд омаданд?
– Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳо шуъбаи вилоятии мо соҳиби пойгоҳи моддӣ-техникии хуб гардид. Шӯрои бадеии назди шуъба 12 номгӯй китоби аъзои иттиҳод ва ҷавонони эҷодкори вилоятро бо нусхаи зиёд аз чоп баровард. Дар байни онҳо китобҳои Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ «Муҳаббатим» (дар тарҷумаи Корманди хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон Самандар Воҳидов), «Диёр ва ёр»-и шоир, Корманди хидматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон Ғулом Шомурод, китобҳои шоирони ҷавон Камолиддин Шукур ва Хуршед Неъмат низ ҳаст. Ин китобҳо ройгон дастраси муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои ахбору китобхонаҳо шуданд.
Соли гузашта ҳамчунин осори 75 нафар адибони ҷавони бухороӣ аз чоп баромад.
Бояд таъкид намуд, ки бунёдҳои адабиёти байналхалқии ИМА ва Ҳиндустон китобҳои Дилафрӯз Исматова, Гӯзал Рӯзиева барин ҷавонони бухороиро ба забони англисӣ тарҷума карда, дастраси хонандагон гардонданд.
Натиҷаи ҳамкории мо бо ДДБ ва маркази вилоятии «Хотира» боиси ба вуҷуд омадани китоби ёдномаи «Ёдатон ҳамеша дар дил» гардид.
Ин китоби хотиравӣ авлоди имрӯзаро бо рӯзгори ибратбахши фарзандони асили Бухорои шариф ва гирду атрофи он, шоиру нависандагон, олимони сарзамини кӯҳна: Садриддин Айнӣ, Абдурауф Фитрат, Шариф Нурхон, Султон Ҷӯра, Мустақим Мирзоев, Саидҷон Алиев, Тошпӯлод Ҳамид, Аҳад Ҳасан, Тоҷӣ Қароев, Неъмат Аминов, Сафар Барноев, Охунҷон Сафаров, Фарҳод Қосимов, Амон Мухтор, Раҳим Воҳидов, Самандар Воҳидов, Садриддин Салими Бухорӣ, Тилак Ҷӯра, Усмон Қӯчқор шинос мекунад.
– Имрӯз дар вилоят эҷодиёт ба кадом забонҳо сурат мегирад?
– Алоқаҳои маданию адабии халқҳои тоҷику ӯзбек, ки арзишҳои маънавии муштарак доранд, ба гузаштаҳои дур мепайвандад. Он меҳру оқибат, дӯстие, ки замоне байни ду мутафаккири бузурги Шарқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳазрати Алишери Навоӣ падид омада буд, барои халқҳоямон ҳамеша намунаи ибрат буду ҳаст. Ин анъанаи дӯстиро президентҳои мамлакатҳоямон Ш. Мирзиёев ва Э. Раҳмон такони нав бахшиданд.
Он анъанаи дузабонӣ, ки дар Бухорои қадимӣ роиҷ буду Муҷрим Обид, Мирзо Содиқ Муншии Ҷондорӣ, Қозӣ Қурбонхон Фитрати Вардонзеҳӣ, Садриддин Айнӣ ва Абдурауф Фитрат барин устодони бузурги сухан ба пояи баланд бардошта буданд, минбаъд Охунҷон Сафаров, Садриддин Салими Бухороӣ, Аҳмад Самади Ниҳолӣ барин эҷодкорон идома доданд. Имрӯз бошад, ба туфайли ашъор ва дубайтиҳои Ибодат Раҷабова, Исроил Субҳонӣ, Бобур Бобомурод, Шуҳрат Ҳомидӣ барин шоирон он ҳамоно пойдор аст. Дар ин ҷараён асарҳои насрӣ, манзум ва публитсистии Аминҷон Шукуров (шодравон), Асад Гулзодаи Бухороӣ, Ҳадя Раҷабова, Алимурод Темиров барин эҷодкорони тоҷики вилоят боиси бардавомии анъана мегардад. Хусусан, саҳми Асад Гулзода бобати инкишофёбии назми бачагона ва калонсолон ҷудогона аст. Асарҳои вай «Насими Бухоро», «Хати пешона», «Шукуфаҳои Бухоро», «Намози рӯйи барг», «Нафаси баҳор», «Арзи сипос», «Куллиёти осор» (иборат аз се ҷилд), ки солҳои гуногун аз чоп баромадаанд, шеърҳои зиёди ӯ, ки шомили китобҳои дарсӣ ва хрестоматияи мактабҳои тоҷикӣ шудаанд, барои ҳаводорони назми тоҷик шиносанд. Маҷмӯаҳои шеърии шоира Ҳадя Раҷабова, ки бо вазни арӯз таълиф ёфтаанд, диққатҷалбкунандаанд.
Соли 1983 гулдастаи шеърии Шоири мардумии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо тарҷумаи шоири бохороӣ Самандар Воҳидов дастраси ҳаводорон гардида буд. Ба қарибӣ нашри такрории он боз ба мухлисон пешкаш карда шуд.
– Соли ҷорӣ чӣ пешомадҳои хурсандибахшро интизоред?
– Зиёд намудани сафи аъзои иттиҳод аз ҳисоби ҷавонон, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷустуҷӯйи эҷодии онҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, ташкил намудани нашриёт ва дукони китоб дар назди шуъбаамон аз ҷумлаи вазифаҳои дар пешистодаанд.
Муҳимтаринаш пешниҳоди мо бобати дар вилоят ташкил додани Мактаби эҷодии ба номи Абдурауф Фитрат ба нақша даромадааст. Вай бояд моҳи сентябри соли равон ҷомаи амал пӯшад.
– Барои суҳбат ташаккур. Комёб бошед.
– Раҳмат.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.