Хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом ва факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе – Масъуди Мирзо 4 июни соли 1962 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона чашм ба дунё кушудааст.
Баъди хатми донишгоҳ муддате дар кумитаи комсомол, шуъбаи маданият ва рӯзномаи “Шараф”-и ноҳияи Қубодиён (Тоҷикистон), рӯзномаи “Риштон ҳақиқати” ифои вазифа дошт. Фаъолияти меҳнатиашро дар зодгоҳаш – ноҳияи Сӯх ба ҳайси котиби масъул, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои Сӯх”, ТВ СӮХ “Ситора” ва мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия идома дод.
Аз соли 1989 то соли 2012 муҳаррири барномаҳои тоҷикии Ширкати садо ва симои вилояти Фарғона, солҳои 2012-2013 мутарҷим ва муҷрӣ дар бахши ӯзбекии радиои “Садои Хуросон” (Эрон) будааст.
Дар айни ҳол муҳаррири масъули бахши тоҷикии Ширкати садо ва симои вилоят, ҳамзамон омӯзгори бахши тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона ва раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона мебошад.
Шеърҳояш дар матбуоти даврии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон (“Паёми АЛАТО”), маҷмӯаи дастҷамъии “ Ҷилои ахтарони Сӯх” (Тошканд), “Донишномаи забон ва адабиёти форс-тоҷики Ӯзбекистон” соли 2007 (Теҳрон), “Мозаика” соли 2019 (Бишкек) нашр гардидаанд.
Нахусткитоби шеъри Масъуди Мирзо «Номаҳои манзум»-ро, ки бо пешгуфтори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ дар Тошканд интишор ёфтааст, алоқамандони каломи бадеъ хуш пазируфтанд.
Масъуди Мирзо аз қаламфарсоёнест, ки суханро аз дил берун меорад ва рӯ ба тозагӯйӣ дорад. Ин ҷиҳат ба ҷолибияти сухани ӯ афзудааст. Ибораву ифодаҳои «ғайри бесӯйӣ нарафтам», «ишқат шӯълаи субҳи аҳуроист», «ғуломи аждари нафс будан», «зулмати ғурур», «маъбади муқаддаси муҳаббат», «дар дили динаву фардои Ватан», «иҷозати олудагӣ надодан» ва ҳоказо, ки дар қаламиҳои ӯ кам нестанд, бо забони ҳол мегӯянд, ки Маъсуди Мирзо шеър гуфтан мехоҳад, на назм.
Шоир дар баробари он, ки дар соҳаи журналистика ҳадафашро дар ҳамаи жанрҳо ба курсӣ менишонад, ровии хушбаён низ ҳаст. Шеъри худ ва дигаронро бо садои басе марғубу ҳавасангез ба самъи сомеъон мерасонад, ки на ҳар кӣ ин тавонро дорад.
Шоири тозаҷӯ, журналисти чирадаст ва ровии хушбаён имрӯзҳо по ба зинаи 60-уми умр мегузорад. Воқеан, барои адиб, журналист ва ҳамаи онҳое, ки бо сухан ва маънавият сарукор доранд, 60 синни камолот аст...
Ба ин муносибат Масъуди Мирзоро табрику таҳният мегӯем ва барои собит намудани гуфтаҳои болоӣ, ду шеъри нави ӯро, ки ба тозагӣ ирсол доштааст, ба алоқамандони каломи бадеъ пешниҳод менамоем.
Бахши адабиёт ва ҳунари
«Овози тоҷик».
БИЁ, БА ДИЛ РАҲМ КУНЕМ...
Биё, ба дил раҳм куним,
Биё, ба дил раҳм куним, ки солҳо
ба зулмати ғурури мо асир буд.
Биё ба дил раҳм куним, ки солҳо
барои мо тапидааст.
Ману ту аз барои худ,
Биё, ба дил раҳм куним,
ки бас ҷафо гузаштааст
зи мову зиндагӣ ба ӯ!
Биё, биё, ки мардвор
шавем рӯ ба рӯ ба ӯ,
Биё, ба дил раҳм куним,
ки маъбади муқаддаси муҳаббат аст.
Ва ибтидою интиҳои мо аз ӯст,
саромади сиришти одамият аст.
Биё, ба дил раҳм куним,
Биё на неш, нӯш шавим барои ӯ
Биё, ба пеши дил равем
зи сакта пеш!
Биё, ба дил раҳм куним...
АЗ АСЛИ ХУД ЁД ОВАРЕД...
Дилро ба дилҳо ҷо кунед,
ин қатраро дарё кунед,
Манро ба сӯйи мо баред,
ин зарраро дунё кунед.
Дил зинда бо меҳри Худо,
ҳастии Дил ҳасти шумо,
Меҳру муҳаббатро дигар аз лаб ба
дилҳо ҷо кунед.
Бовар ба дилҳо оваред в-аз санг
лаъле офаред,
Имрӯзи беояндаро обастани
фардо кунед.
Эй оқилон, ошиқ шавед,
ошиқ шавед, ошиқ шавед,
Зишт аст бе ишқ одамӣ,
ин зиштро зебо кунед.
Аз ганҷи Қорун суд нест,
Искандаре масъуд нест,
Ояндагони хешро Фирдавсию
Сино кунед.
Аз асли худ ёд оваред, бобои насли
худ шавед,
Худро на аз бегонаҳо,
аз хештан пайдо кунед!
ДУБАЙТИҲО
Дилам хоҳад, ки ҳарфам сода
бошад,
Варо дил бар лабам бинҳода бошад.
Барӣ аз обу ранги кимиёӣ,
Ба мисли модарам озода бошад.
* * *
Ту рафтӣ, бо манат обу гилам монд,
Гули поизии беҳосилам монд.
Миёни соҳили хушкидадарё
Шикастақоиқе, яъне дилам монд.
* * *
Маро аз бад ва бад кардан
нигаҳ дор,
Маро аз ҳар нафас мурдан
нигаҳ дор.
Маро аз ман расад ҳар бад, Худоё,
Маро аз ман, маро аз ман,
нигаҳ дор.
* * *
Ту рафтӣ, тирамаҳ омад суроғам,
Нафасҳои хазон омад ба боғам.
Дареғ аз лолазори орзуҳо,
Ки доғи нав ниҳад бар қалби доғам...