ҚАЛЪАҲОВУ ЗИЁРАТГОҲҲО САЛОҲИЯТИ ТУРИЗМРО МЕАФЗОЯНД

1. Аёзқалъа – садди мустаҳкам дар муқобили душман

Мо сафари матбуотии худро дар минтақаҳои мухталифи Қароқалпоқистон идома медиҳем. Ёдовар мешавем, ки ин сафари мо аз тарафи Вазорати туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст ва зимни он аз қалъаҳову зиёратгоҳҳои зиёд боздид кардем. Баъди ширкат дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Аёзқалъа омадем, ки бино ба маълумоти таърихнигорон ба асрҳои IV-III пеш аз солшумории милодӣ тааллуқ дорад. Он яке аз ёдгориҳои қадима дар қаламрави имрӯзаи Қароқалпоқистон маҳсуб меёбад. Ин қалъа дар баландии сад метр аз сатҳи ҳамвории атрофи он воқеъ гаштааст.
Бо вуҷуди ҷиддан газанд ёфтани шаҳраки Аёз Қалъа-1 ё Қалъаи бод аз боду борон мавҷи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳаргиз канда нашудааст. Ин қалъа, воқеъ дар канори биёбони Қизилқум дар муқобили ҳамлаи бодиянишинон бошандагони худро аз душман дифоъ кардааст. Он шакли росткунҷаро гирифта, деворҳои баланди Бодқалъа аз хишти хом сохта шудааст. 
Ҳар як сайёҳ ба осонӣ дида метавонад, ки ҳар ҷо-ҳар ҷойи девори атрофи он сӯрох аст ва камонварон ба осонӣ метавонанд ин сӯрохиҳоро барои муқовимат бо душман истифода баранд. Дарвозаи қалъа дар девори қисмати ҷанубии он воқеъ гаштааст. Мегӯянд, ки дар дарвозаи шимолии қалъа ба забони хоразми бостонӣ, ба хатти арамей се катиба мавҷуд буда, дар болои он муҳри устои сохтмон гузошта шудааст. 
Тибқи ривоятҳое, ки то ин замон боқӣ мондаанд, дар замонҳои қадим яке аз подшоҳони Хоразм тасмим гирифтааст, ки дар сарҳади давлатӣ бар зидди ҳамлаи душманони хориҷӣ қалъаи бузурге созад. Вай ба зердастон гуфтааст: «Ҳар кӣ қалъаи бузурге созад, ки аз воридшавии душман моро ҳимоя карда тавонад, ба вай духтари зебои худро медиҳам». Аёз ном чӯпоне, ки дар ин диёр зиндагӣ мекардааст, ин масъулиятро ба дӯш гирифтааст. Баъд вай ба сохтани қалъа шурӯъ кардааст. Маълум нест, ки барои сохтани қалъа чӣ қадар вақт сарф шудааст. Аммо подшоҳ ба ваъдааш вафо накарда, духтарашро ба марди дигар додааст. Барои ҳамин сохтмони қалъа ба охир нарасидаст.  
Тахмин мезананд, ки шаҳраки Қалъаи Аёз-2 тақрибан дар охири асри VII ва ибтидои асри VIII милодӣ, дар замони ҳукмронии сулолаи Афригид арзи вуҷуд кардааст. Қалъа дорои сохтори мураккаб мебошад. Даҳлези нишебие, ки ба поён мебарад, дарвозаи қалъаро бо манораи бузурги боҳашамати теппа васл намудааст. Он дар асрҳои миёна зеботарин қалъаи Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафтааст. Қалъа толорҳои калони дорои сутун, курсиҳои зебо, майдони маросимҳо, расмҳои деворӣ ва маъбади оташпарастӣ доштааст. Дар ин ҷо тангаҳои сулолаи Афригиди шоҳони Хоразмӣ, махсусан шоҳ Бравик, ёфт шудаанд. Қалъа тақрибан дар асри чоруми милодӣ сохта шудааст ва баъдтар дар натиҷаи ду сӯхтори пайдарпай тамоман харобу фартут гардидааст.
Шаҳраки Аёзқалъа-3 (асрҳои IV-III пеш аз милод) як иншооти азими мустаҳкаме будааст, ки дар шакли параллелограмм сохта шуда, аз паҳлуҳо бо девори дуошёна ва манораҳои зиёд иҳота шудааст. Манораҳо шакли росткунҷаро доштаанд. Даромадгоҳи қалъа дар мобайни тарафи ҷануби он ҷойгир буда, дарвозааш бо девори каҷ ҳифз шудааст. Саҳни қалъа тамоман холӣ буда, танҳо дар назди баъзе деворҳо биноҳои хурдакак ҷойгир шудаанд. Дар кунҷи шимолу ғарбии қалъа бинои калони чандҳуҷрагӣ мавҷуд будааст.
Ду долони ба ҳам печида биноро ба 4 бахш тақсим кардааст, ки ҳар кадом аз 10 ҳуҷра иборатанд. Гумон меравад, ки Қалъаи Аёз-3 дар замони империяи Кушониён ҳамчун гарнизон ё манзили ҳокимон ва паноҳгоҳи деҳқонони маҳаллӣ истифода шудааст. Қалъаи кӯҳна ва Қалъа-1 барои шумораи ками сарбозон паноҳгоҳ маҳсуб ёфтааст ва танҳо ба сифати посгоҳ истифода шудааст. Дар атрофи деворҳои қалъа боқимондаҳои бисёре аз хонаҳои деҳқонон, майдонҳои кишоварзӣ, токпарварӣ ёфт шудаанд.
Дар шафати Аёзқалъа чандин хайма сохта шудаанд, ки ба соҳибкорони маҳаллӣ тааллуқ доранд. Бино ба гуфтаи яке аз ин соҳибкорзани маҳаллӣ сайёҳони зиёди хориҷӣ дар хаймаҳо чанд рӯз, ҳатто баъзан чанд ҳафта будубош мекунанд. Ба ин васила онҳо дур аз шарру шӯри нақлиёти шаҳрӣ, ҳавои рутубатомези он ва аз мулоқот бо одамони гуногун канора мегиранд ва ба таври ором истироҳат мекунанд.  
– Мо шаҳрвандони Австрия ҳастем. Соли гузашта яке аз дӯстони мо ба ин минтақаи ҷумҳурии шумо ташриф овард. Баъди бозгашт хурсанду шодмонии ӯро дида, мо низ тасмим гирифтем, ки ба ҷойҳои васфнамудааш биёему бо чашмони сар бубинем. Ҳоло мо худ ошиқи шайдои ин дашти нопайдоканор, қалъаҳои атроф ва ҳавои тозаву беғубор шудаем, – мегӯяд Франческо Рембрант.
Вай таъкид варзид, ки бори аввал шири уштурро нӯшида, бо завҷааш худро хеле солиму бардам ҳис мекунанд.

2. Қалъаи хокии Қизилқум 

Дар идомаи сафар мо аз Тупроққалъа боздид кардем, ки ба асрхои I-VI милодӣ тааллуқ дорад ва дар якчандкилометрии ҷанубтари каторкӯҳи Султон Увайс воқеъ гаштааст. Ин қалъа дар замонҳои хеле қадим, пеш аз ба сари ҳокимият омадани сулолаи Афригидҳо, ҳамчун қароргоҳи ҳокимони Хоразми қадим хидмат кардааст. Далели қалъаи хокӣ ном гирифтани он ба ҳамин маънист, ки қалъа дар теппагии хокӣ сохта шудааст. 
 Ин қалъа дар гузаштаи дур маскани мардуми оташпараст будааст. Сохтмони он низ шабеҳи қалъаҳои дигар мебошад. Қалъа барои зиндагӣ истифода шуда, он вазифаи истеҳкоми мустаҳкамро низ ба ҷо овардааст. Бостоншиносон аз боқимондаҳои ин қалъа шохи қӯчқор, зарфҳои шишагин, порчаҳои муҷассамаҳои гаҷӣ, зебу зинати тиллокоришудаи занона ва маводи дигар ба даст овардаанд.
 Қобил ба ёдоварист, ки дар толори “Ғалаба”-и ин қалъа маросимҳое барпо мешудаанд, ки султонҳои замон барои пирӯзӣ соҳиби нишонҳои шарафнок қарор мешудаанд. Ин ҷо хидматкорону ҷанговарони сиёҳпӯст низ ба хоҷаҳои худ эҳтиром намуда,  хидмати онҳоро анҷом медодаанд. 

3. Муриди хоси Хоҷа Аҳмади Яссавӣ

Яке аз зиёратгоҳҳои нодир дар ноҳияи Қӯнғирот воқеъ гаштааст. Ин зиёратгоҳ мақбараи Сулаймон Боқирғонӣ буда, аз маркази ноҳия дар масофаи 32 километр воқеъ гаштааст. Дар солҳои касби истиқлол мақбара ва атрофи он куллан тармим гардидаву ба маҷмаъи бузурги сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ҳоло он яке аз зиёратгоҳҳои серодами ин минтақа мебошад. Дар ин маҷмаъ масҷид, китобхонаи наву замонавӣ, таҳоратхона ва ҷойи шустушӯ низ бунёд ёфта, шӯҳрати онро афзудааст.  
Ба зиёратгоҳи “Сулаймон Боқирғонӣ” баъди пешин расида омадем. Маълум шуд, ки ҳанӯз соли 2002 дар мамлакатамон 880-солагии санаи таваллуди Сулаймон Боқирғонӣ таҷлил шудааст. Ӯро мардум бештар ба номи Ҳакимота ёд мекардаанд. Ҳарчанд дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин пайрави тариқат тадқиқоти доманфарох бурда нашудааст ва маълумоти мукаммал зери даст мавҷуд нест, бо вуҷуди ин ривоятҳои зиёде дар байни мардум паҳн шудаанд, ки то андозае шахсияти ӯро возеҳ нишон медиҳанд. 
Агар ба манбаъҳо назар кунем, мебинем, ки Сулаймони Боқирғонӣ дар деҳаи Боқирғони ноҳияи Ҳазораспи вилояти Хоразм ба дунё омадааст, ки ин сана соли 1186 қайд шудааст. Вай дар баробари он ки ба ҳайси намояндаи бузурги тасаввуф ва шоир муаррифӣ шудааст, аз муридони ҳазрати Аҳмади Яссавӣ будааст ва бо иқтидори худу истеъдоди шоириаш таваҷҷуҳи ин пирро ҷалб кардааст.
Сулаймон Боқирғонӣ қоидаҳои мазҳаби устодашро амиқтар омӯхтааст ва онро ба оммаи васеи мардум расонидааст. Дар маъхазҳои ҷудогона чунин омадааст, ки “Сулаймони Боқирғонӣ ба таври яссавиёна, яъне услуби одию равон эҷод кардааст”. 
Вай аз тариқи навиштаҳои худ мансабдорони беинсоф ва беимон, онҳоеро, ки ба корҳои нопок даст мезананд, тамаъкорӣ, ҷоҳилӣ, нодонӣ ва истилогариву ғоратгарӣ мекунанд,  ошкоро фош кардааст. Шеърҳои Сулаймон Боқирғонӣ дар маҷмӯаи  «Китоби Боқирғонӣ» интишор ёфтаанд. Ӯ ҳамчунин достонҳое аз қабили «Китоби Бибӣ-Марям» ва «Китоби охирзамон»-ро таълиф намудааст. Дар он таҷаммӯъи фикрҳои Боқирғонӣ дар бораи тасаввуф возеҳ баён гардидааст.
Ногуфта намонад, ки Сулаймон Боқирғонӣ яке аз пешсафони назми мардуми турктабор мебошад. Шеърҳои ӯ дар байни тоторҳо, бошқирдҳо ва халқҳои дигари турктабор низ машҳуранд. 
Дар асари “Хазинат-ул-асфиё”-и Мавлавӣ Ғуломсарвар Соҳиби Лоҳурӣ дар бораи Сулаймон Боқирғонӣ чунин қайдҳоро хондан мумкин аст: “Мавлид ва маскани вай Хоразм аст. Дар мавзеъе, ки онро Оққӯрғон меноманд, сукунат дошт. Чун Аҳмади Яссавӣ вафот намуд, бар маснади аршад нишаст ва бист сол дар ин мақом қоим буд ва бар аршади толибони Ҳақ пардохт. Вафоти вай ба соли 1186 рост меояд ва мазори пуранвори ӯ дар Оққӯрғон аст”. 
Соҳиби Лоҳурӣ баъд ин байтҳоро ба ҳайси таърихи вафоти Боқирғонӣ овардааст:
Чу пайваст ба 
Аҳком-ул-ҳокимин,
Ҳакими ҷаҳон, аҳли ҳикмат 
ҳаким.
Ба солаш бихон офтоби 
замон –
Дигар ҳам бидон аҳли 
ҳикмат Ҳаким.
Ривоят меравад, ки Сулаймон Боқирғонӣ ба Қуръони карим арҷу эҳтироми хос мегузоштааст. Ҳангоми рафтан ба дарс ин китобро болои сараш бардошта мерафтааст. Инро Аҳмади Яссавӣ дидааст ва минбаъд ӯро ба худ мурид пазируфтааст.
Дар асари “Ҷавоҳир-ул-аброр”-и Ҳазинӣ дар бораи Сулаймон Боқирғонӣ  ин байтҳоро метавон хонд:
Хотими асҳобаш он доно 
Ҳаким,
Ёфт аз Занги ато қалби 
салим.
З-ин Ҳакими кордон 
Занги ато,
Шуд саводи аъзами 
шаҳри бақо. 
Интизор меравад, ки ҳаёт ва фаъолияти Сулаймон Боқирғонӣ ба таври васеъ омӯхта, осори ғановатманди ӯ ба оммаи васеъ тақдим хоҳад шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

НУҚУС – ЭЛЛИКҚАЛЪА 
– ҚӮНҒИРОТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: