ҚАМАШӢ СОҲИБИ КОРХОНАИ НАВ ШУД

Дар ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё коргоҳе ба фаъолият шурӯъ кард, ки ба коркарди партовҳои маишии қаламрав махсус гардонида шудааст.

Ин корхона дар ивази 5,5 миллиард сӯм бунёд гардида, рӯзмарра 2,2 тонна маҳсулоти нимтайёр истеҳсол мекунад. Шермамат Исматуллоев – раҳбари  ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қамай-Қорасув-Экос» гуфт:
– Айни ҳол дар коргоҳ 22 кас бо ҷои кори доимӣ банд ҳастанд ва онҳо тавассути дастгоҳҳои муқтадири ҳозиразамон ба коркарди он партовҳои маишие машғул ҳастанд, ки аз ҳудуди ноҳияи Қамашӣ ҷамъоварӣ мешаванд.
Дастгоҳҳо аз Ҷумҳурии Халқии Чин дар ивази 220 ҳазор доллари ИМА харида ва дар сехҳо насб гардидаанд. Бештар лифофаҳои селофанӣ, зарфҳои пластикии гуногун дубора коркард мешаванд ва ба шакли маҳсулоти нимтайёр ба корхонаҳои ниёзманд интиқол меёбанд. Корхона минбаъд нақша дорад, ки дастгоҳҳои дигаре харидаву истеҳсоли маҳсулоти тайёри ба монанди зарфҳои пластикӣ, халтачаҳои гуногунандозаи селофанӣ, лифофаи маҳсулоти гуногун, халтаҳо барои партовҳоро ба роҳ монад, ки дар бозори дохилӣ талаботи хуб доранд.
Шермамат Исматуллоев иброз дошт, ки дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар назди корхонаи таҳти раҳбариаш 2,5 га боғи сарсабзе бунёд кардаву дар ҳудуди он қариб 2000 бех ниҳоли дарахтони боровар нишондаанд. Айни ҳол дарахтон дар асоси технологияи пешқадам бо усули қатравӣ ва мисли борон обёрӣ мешаванд ва интизор меравад, ки дар солҳои наздик бо ҳосилашон комҳоро ширин хоҳанд кард. Дар нақша ҳаст, ки меваҳои боғи мазкур ба бозорҳои дохилии кишвар интиқол ёфта, аз он низ даромади иловагие ба даст ояд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: