Оре, гап дар сари аҳлу тифоқӣ, аз як гиребон сар бароварда кор кардан.
Мегӯянд, ки:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста
гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Оре, гап дар сари аҳлу тифоқӣ, аз як гиребон сар бароварда кор кардан. Агар ҳама якҷоя ба ягон коре машғул шаванд, олам гулистон мешавад.
Дар канали Телеграм гурӯҳе ҳаст. Аъзои он аҳли қишлоқи Баҳори Тоҷик мебошанд, ки ҳам дар деҳаанду ҳам дар муҳоҷират дар шаҳрҳои гуногуни Русия. Онҳо гоҳ хабари овозӣ мефиристанду гоҳ паёмак навишта, аз рафти корҳои худ хабар медиҳанд.
Онҳо ин гурӯҳро аслан бо мақсади барои як нафар бемори ҳамдеҳаашон ташкил карда буданд. Гулнозаи ҷавон дучори беморӣ шуду бояд ҳатман ба кишвари Ҳиндустон мерафт. Ба Фахриддин Шониёзови бемор ҳам хеле ёрии молиявӣ расонданд, ки шукри Худо, аллакай дар Деҳлии Нав ҷарроҳиро аз сар гузаронда, сиҳат шуда истодааст.
Баъд аз он, ки бемори ҳамдеҳаашон – Гулнозаро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин намуданд, камбудию норасоиҳои воқеъ дар деҳаашонро ба ҳисоб гирифта, боз ба маблағҷамъкунӣ пардохтанд.
Кандани артезиан бо мақсади бо об таъмин намудани аҳли деҳа, роҳҳоро асфалтпӯш намудан, кӯчаҳоро бо лампаҳои калони электрикӣ таъмин намудан вазифаи минбаъдаи шермардони деҳа аст.
Аз муҳоҷират истода писари акои Муҳаммадӣ Шарипов – Илёс ба кору бори ҳамқишлоқиён роҳбарӣ мекунад. Чӣ қадар пул ҷамъ шуд, кадом кӯчаҳо шағалпӯш шуданд, дар кадом нуқтаҳо фурӯзонакҳои калонҳаҷм гузошта шуд?
Илёс бо суханҳои худ мардумро ба некӣ ҳидоят мекунад.
Ҳар гоҳ садои Фахриддин Мирзоевро мешунавем, ки ҷавонмардонро ба меҳнат даъват мекунад. Ӯ хеле ширингуфтор аст. Бо суханҳои меҳромез ҳамаро ба ҳимматбаландӣ ва меҳнаткашӣ роҳбаладӣ мекунад.
Аслан, мардуми Баҳори Тоҷик ва Дуоба нармгуфторанд.
Аз нек боғу аз бад доғ мегӯянд. Насим Сафаров ҳам мевае аз боғи бобоҳояш Ниёзмурод Сафаров ва Абдулҳамид Халилов мебошад. Cоҳибкори серкор аст. Ӯ дар чароғон ва чун кафи даст ҳамвор кардани кӯчаҳо ҳиссаи арзанда мегузорад. Ӯ автомобилашро фурӯхта барои сохтмони артезиан сарф карданист. Магар ин ҳимматбаландӣ нест? Падараш – Қудратулло Сафаров ҳам ба корҳои ободонӣ роҳбарӣ мекунад.
Ҳар замон бародари ҳоҷиамон Шоҳмурод Меликов даст ба дуо бардошта, ҳам ҷавонони раҳдур ва ҳам дар деҳабударо дуо мекунад.
Баъзан садои Илёс Шарипов баланд мешавад:
– Ассалому алайкум, хешо! Чиба имрӯз ҳавсалаатон нест? Ғайрат кунед, вақт кам монд...
Баъд Шоҳмирзо амри маъруф мекунад. Ба як саги ташна об додани зани яҳудиро нақл мекунад. Мегӯяд, ки ҳозир Баҳори Тоҷикро намешиносед. Аз шаҳр фарқ надорад.
Дар ҳама деҳа ҳам одамони ҳимматбаланду саховатпеша бисёранд. Охир, Худованд ҳамаро чашмгуруснаву хасис наофаридааст. Ман инро вақте ҳис кардам, ки ба сари оилаи мо бадбахтиҳо паи ҳам омад. Ба марги писар ва бемории шадиди духтари дуюм тоқат кардем, вале бартараф намудани бемории ҷигари фарзанди чоруми мо бе мадади дӯстон имкон надошт. Шукри дӯстони дилсӯз, ҳамқишлоқиён, шарикдарсонам дар гӯшаҳои дуру наздики дунё, шогирдонам, хешу табори дилсӯз, муаллимони мактаби рақами 12-ум, ки барои сиҳат ёфтани фарзанди ман ҳақи меҳнати дурӯзаи худро бахшиданд. Шукри омӯзгорони мактаби рақами 13, ки ба мо ёрӣ доданд.
Ин аст оини ҷавонмардӣ, ки дар китобҳо доир ба Ҳотами Той, Самаки айёр ва китоби «Ҳазору як шаб» хондаем.
Ҳоло мардум ба умеди худ бояд бошанд. Танҳо якҷоягӣ метавонад моро ба мақсадҳои наҷиб расонад.
Пас аз баровардани ҳоҷати ду нафар бемор, ки якеи он ба мақсад нарасида вафот кард (Худо биҳиштиаш кунад) ва Фахриддин Шониёзов, ки ба наздикӣ сиҳату саломат шуда аз Ҳиндустон баргашт, ҷавонмардон бо маслиҳат пул ҷамъ карда, дар саршавии деҳа артезиан сохтанд. Имрӯз оби софу зулолашро мардум ба ҳавас нӯши ҷон мекунанд.
Алҳол ба маъюби дараҷаи дуюм Ҷаббор Қаюмов дар сохтани хона ёрӣ мерасонанд, ба картаи як нафар духтараки бемори хоразмӣ пул мепартоянд, шояд ба Сайфулло Хидиралиев аз маҳаллаи ҳамсояашон – Янгийӯл ҳам ёрӣ расонанд, ки аз сабаби чанд сол пеш дар муҳоҷират лат хӯрдани сараш чашмонаш намебинанд...
Кошкӣ, ҷавонмардони деҳаҳои дигар ҳам мисли мардуми Баҳори Тоҷик норасоиҳоро дастҷамъона бартараф намоянд.
Аз аҳлию тифоқӣ ва чашми сери мардум хурсанд шуда мегӯям: Қанд занед, шермардони Баҳори Тоҷик!
Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узуни
вилояти Сурхондарё.