ҚАЪРИ АРАЛ САБЗПӮШ КАРДА МЕШАВАД

Коре, ки соли равон таҳти шиори «Баҳр тан дод, вале инсон тан намедиҳад» ба нақша гирифта шуда барои дар қаъри хушкидаи баҳри Арал ба вуҷуд овардани пӯшиши сабз – нишондани ҷангали муҳофизатӣ нигаронида шуда буд ва ба солимгардонидани вазъи экологӣ, ҳифзи муҳити атроф ва нармтар кардани таъсири нохуш ба ҳаёти аҳолӣ мусоидат мекунад, оғоз ёфт.

Дар чорабиние, ки вобаста ба оғози мавсими нишондани саксавул дар соли 2023-юм ташкил гардид, шахсони манбасдори вазоратҳои захираҳои табиӣ ва вазъиятҳои фавқуллодаи Ҷумҳрии Ӯзбекистон, депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, фаъолони Ҳизби экологии Ӯзбекистон, намояндагони ҷомеаҳо, ҷавонон, экологҳо ва ҷангалпарварон иштирок карданд. 
Бо ташаббуси роҳбари давлат бобати рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Наздиарал, баланд бардоштани саҳти ҳаёти аҳолӣ корҳои васеъмиқёс татбиқ мешаванд. Дар 1,7 миллион гектар қаъри хушкидаи баҳри Арал аллакай навъҳои рустании ба шӯрхок ва хушкӣ тобовар нишонда шуданд. 
Ба мақсади мунтазам идома додани кори оғозшуда дар доираи иҷрои қарори Девони Вазирони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 январи соли 2022 чораҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Соли 2022-юм дар 107 ҳазор гектар пӯшиши сабз аз саксавул ва дигар рустаниҳои саҳроӣ барпо карда шуд. Зиёда аз 590 тонна тухмии рустаниҳои саҳроӣ ҷамъоварӣ гардид. Дар 100 гектар барои парвариши ниҳолҳо ҷойҳои зарурӣ сохта шуданд. Барои иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда 635 нафар коргарону хидматкорон, 250 адад трактор, 2 адад самалёти хурд (АН-2) ҷалб гардиданд. Олимон мунтазам мониторинги пӯшиши сабзро баргузор мекунанд, бобати зиёдшавии рустаниҳои саҳроӣ натиҷаҳои мусбат ба даст меоянд. 
Соли 2023-юм дар 100 ҳазор гектар замин созмон додани ҷангалҳои муҳофизатӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои ин 420 тонна тухмии саксавул, ниҳолҳои ба шӯрӣ тобовари Каспий ва рустаниҳои дигар захираи тухмӣ фароҳам оварда мешавад. Дар 100 гектар ҷойҳои махсуси парвариши ниҳолҳо ташкил мегарданд. Барои гузаронидани корҳои мелиоративӣ ҷалб намудани мутахассисон, коргарон, техника ва механизмҳои  зарурӣ пешбинӣ гардидааст. 
Дар чорабиние, ки Раиси Ҷокорги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон А. Оринбоев иштирок кард, гурӯҳи кормандоне, ки дар ин кори хайр фаъолона ширкат ҷустаанд, рағбатнок карда шуданд.

Довуд АБИБУЛЛОЕВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: