ҚАРОБАТИ ИЛМ, ТАЪЛИМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ

Дар меҳмонхонаи «Ӯзбекистон»-и Тошканд бахшида ба масъалаҳои қаробати илм, таълим ва истеҳсолот конфронси байналхалқӣ баргузор шуд.

Дар он академикҳо, профессорон, омӯзгорон, олимон, донишҷӯён ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолии мамлакати мо, ҳамчунин Русия ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Мақсади чорабиние, ки дар доираи Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо баргузор гардид, дастгирӣ кардан ва амалан татбиқ намудани ғояҳои инноватсионӣ, технология ва лоиҳаҳое мебошад, ки омили муҳими рушди иқтисодиёти кишвар ба шумор мераванд.
Қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмил додани механизмҳои ҷорӣ намудани инноватсияҳо дар соҳа ва ҷанбаҳои иқтисодиёт» аз 7 майи соли равон барои ба роҳ мондани механизмҳои самарабахши ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва истеҳсолгарон ҳамчун асоси муҳими ҳуқуқӣ хидмат мекунад. Алҳол қаробати илм, таълим ва истеҳсолот барои истифодаи амалии ғоя ва кашфиётҳои инноватсионӣ дар тамоми соҳаҳо роҳи васеъ мекушояд. Баробари ин ҷараёни мазкур баҳри беҳтар кардани рушди технологияҳо, вусъат додани имкониятҳои истифодаи сарфакоронаи иқтидорҳои илмӣ, тайёр намудани кадрҳои ҳамаҷониба пешқадаму навҷӯ, ҳавасмандгардонии соҳибкории креативӣ асоси мустаҳкам фароҳам меоварад.
– Ҳоли ҳозир дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи кимиёвиву технологии Тошканд ва корхонаи «Innovative Chemical Technologies Ltd.» як қатор тадқиқотҳои илмӣ бинобар аз ашёи хоми маҳаллӣ ба даст овардани селлюлоза ва эфирҳои оддии он гузаронида шуданд, – мегӯяд муҳаққиқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз Мустафо Ӯрозов. – Ба истеҳсоли ин маҳсулот дар кишвари мо, ки пештар асосан аз хориҷа оварда мешуд, эътибори зиёд дода мешавад. Селлюлоза ашёи асосии саноати коғаз ба шумор меравад. Алҳол селлюлоза дар соҳаи тиб, саноати озуқавории мамлакат низ талаботи зиёд дорад. Дар натиҷаи тадқиқот аз тариқи коркарди кимиёи ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла, рустаниҳои яксола – пояҳои офтобпараст, маъсар, (сафлор) беданҷир (клешевина) ва партовҳои саноати бофандагӣ мо ба гирифтани селлюлозаҳои босифат ва равғанҳои эфирии он, ки барои соҳаҳои кимиё, дорусозӣ, хӯрокворӣ ва сохтмони мамлакат зарур мебошанд, муваффақ шудем. Аз селлюлоза ва эфирҳои он истеҳсоли ширеш (клей) барои саноати сохтмон ба роҳ монда шуд. Алҳол дар ҳамкорӣ бо корхонаи «Innovative Chemical Technologies Ltd.» селлюлоза ва эфирҳои он ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон содир карда мешаванд. Маҳсулоти мазкур дар бозорҳои дохилӣ низ харидоргир мебошанд. 
– Ақида, ғоя ва таклифҳое, ки оид ба мавзӯъ иброз гардиданд, дар рушди иқтисодиёти мамлакат қадамҳои муҳим мебошанд, – мегӯяд соҳибкори тоҷикистонӣ Муйдин  Умаров. – Мо бо шарикони ӯзбекистонии худ ҳамкорӣ дорем. Ду моҳ муқаддам ба расмикунонии ҳуҷҷатҳо бобати  ташкил кардани корхонаи муштарак оғоз намудем. Дар миёнаи моҳи ноябр ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Зардевор»-ро ташкил додем. Муътақидем, ки корхонаи муштараки ӯзбекистониву тоҷикистонӣ, ки ба истеҳсоли ширеши бинокорӣ тахассус дорад, дар муҳлати кӯтоҳ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мақоми худро дармеёбад. 
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорон бинобар таҳкими минбаъдаи ҳамкории байни муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва истеҳсолгарон фикру ақида ва таклифҳои худро иброз доштанд.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: