ҚАРОБАТИ МАЪНАВИЮ МАДАНИИ ДУ ХАЛҚ

Ташрифи давлатии Президенти мамлакати мо ба Ҳиндустон дар ҳаёти халқҳои ду кишвар воқеаи муҳим гардид.

Халқҳоямонро риштаҳои таърихӣ, анъанаҳои ба ҳам монанд, қаробати маънавӣ ва маданӣ ба ҳам мепайванданд, гуфт сарвари давлати мо аснои вохӯрӣ бо сарвазири Ҳиндустон. Ҳақ асту рост.
«Калила ва Димна», ҳамчунин ақидаҳои пандуахлоқии бараҳманҳои ҳинд ба қофиласолори назми форсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъсири бузург гузошт ва вай шоҳбайтҳое офарид, ки бо рехта ва сермаъно будан мақолҳои халқиро ба хотир меоранд.
Берунӣ бо тақозои қисмат чанд вақт дар Ҳиндустон ба сар бурд ва баъди бозгашт асари машҳури худ «Таҳрир мол-ил-Ҳинд»-ро офарид, ки бо номи «Ҳиндустон» низ машҳур аст. Аз ин асар оид ба ҳаёт, урфу одат, таърих ва афкори фалсафии ҳиндуён маълумотҳои зиёд ба даст овардан мумкин.
Бобур ва Бобуриён дар мулки ҳинд ба маънои ҳақиқӣ қаср ва кохҳои мадание бунёд карданд, ки ҳоло низ аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, дили оламиёнро ба ваҷд меоранд. Хусрави Деҳлавӣ, Бедил ва Зебуннисо, ки зодаву парвардаи мулки ҳинданд, айни замон, намояндагони барҷастаи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳисоб ёфта, дар Мовароуннаҳр ва Хуросони собиқ маҳбубияти том доранд. Тӯли асрҳои зиёд адабиёт ва ҳунар дар қаробат ва ба ҳам пайвандии халқҳои Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозид. Санъати меъморӣ, дар навбати худ, аз муштаракии дид ва эҳсоси зебоиофарии мардуми ду кишвар дарак медод, ки мо инро дар қоматафрозии мақбараи Тоҷмаҳал дар Агра, қасри Форти сурх дар Деҳлӣ, ҳамчунин Қутби Манор ва Масҷиди ҷомеъ дар пойтахти имрӯзаи Ҳиндустон дида метавонем. Дар пештоқи Тоҷмаҳал ин байн ҳаккокӣ шуда:
Агар фирдавс бар рӯйи замин аст,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Робитаҳои адабӣ, фарҳангиву маданӣ байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон, хусусан, дар нимаи дуввуми асри бист ривоҷи тоза ёфтанд. Соли 1956 дар шаҳри Деҳлӣ нахустин анҷумани адибони мамлакатҳои Осиё баргузор гардид, ки дар он шоираи шинохтаи ӯзбек Зулфия иштирок ва аз минбарҳои баланд шеърхонию баромадҳо намуд. Вай бо шахсони оддие, ки мӯзаи муғулӣ, кавши панҷобӣ дар пой доштанд ва бо ин кашмирӣ, ҳиндустонӣ будани худро ошкор месохтанд, аз наздик суҳбат намуд. Таҳти таъсири вохӯрӣ бо онҳо шеърҳои зиёд эҷод кард, ки онҳо ба чанд забони дунё тарҷума шуданд. Дар «Мушоира»-и Зулфия, ки дар маҷаллаи он вақтҳо машҳури «Огонёк» ба табъ расид, чунин сатрҳо ҳастанд:
Ӯзбек супасидай саҳнада гилам,
Чироқда ёнарди гӯё камалак.
Меҳру муҳаббатин кӯрарди баҳам,
Ҳақиқат ва нурга интилган юрак.
Конференсияи Деҳлӣ дар таърих чун аввалин анҷумани бузурги адабӣ эътироф гашт ва дар он нависандагон аз 17 кишварҳои дунё иштирок намуданд. Тадбири мазкур дар назди адибон вазифа гузошт тавассути адабиёт халқҳоро, мамлакатҳоро ба ҳам наздик созанд, муаммоҳоро якҷоя ҳал намоянд.
– Таклиф мекунам анҷумани навбатии адибони Осиё дар шаҳри ман доир карда шавад, – гуфт шоираи ӯзбек Зулфия. Соли 1957 дар Қоҳира, соли 1958 дар Тошканд анҷумани адибони Осиё ва Африқо рӯи кор омад. Аҳли ҷомеаи тараққипарвари Ҳиндустон адибаи соҳибистеъдод Зулфияро ба мукофоти байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неру муносиб донист. Мукофот боис гашт овози шоираи ӯзбек аз минбарҳои баланди дунё танинандоз ва садояш нишонгиртар гардад.
Намояндагони барҷастаи халқҳои сулҳпарвар, минҷумла, санъаткорони варзида аз кишварҳои гуногуни олам дар Тошканд вомехӯрданд. Ҷашнвораҳои синамо, ки паиҳам дар ин ҷо ба вуқӯъ меомаданд, аз лавҳи хотири дӯстдорони санъати кино ҳанӯз зудуда нашудаанд. Хусусан, кинои ҳинд эътибори умумро ба худ мекашид.
Соли 1967 дар Тошканд даҳрӯзаи маданияти Ҳиндустон хеле хотирмон сурат гирифт. Раққосаҳо, овозхонҳо ва оҳангсозони ҳинд бо барномаҳои дилангези консертӣ иштирокдоронро мафтун сохтанд. Актёр ва кинорежиссёри номии ҳинд Раҷ Капур Ӯзбекистонро дӯст медошт. Вай гуфта буд: «Дар дунё ҳамин гуна  қудрате мавҷуд, ки чизе ба он баробар шуда наметавонад – он эҳсоси дӯстист. Имрӯз ман бо шарофати ҳамин эҳсос дар оғӯши меҳри қадрдонҳоям қарор дорам. Чанд маротиба ба Тошканд омада ва ёру қарибони нав меёбам. Шаҳри дӯстӣ, сулҳ ва санъат бароям бисёр писанд аст. Дар Пешовар ба дунё омадаам. Шароити иқлим, урфу одатҳои миллии зодгоҳам ва Ӯзбекистон бисёр монанд. Бинобар ҳамин дар диёри офтобии шумо худро чун дар диёри аҷдодӣ ҳис мекунам. Аз санъаткорони ӯзбек ҳунари волои Мукаррамахонум, Тамарахонум, инчунин  барномаҳои ансамбли рақсии «Баҳор»-ро бисёр дӯст медорам.
Ман бо «Сангам», «Қасами сеюм» ва «Дар мамлакате, ки дарёи Ганг ҷорист» барин картинаҳои худ ба Тошканд омадам. Агар тамошобинони нозуктабъи ӯзбек аз кинофилмҳои мо завқ баранд, худро бахтиёр ҳис мекунам.
Тошканд боғи бағоят зеборо ба хотир меорад. Ин шаҳри гулобод барои халқи ҳинд чӣ ҳозир ва чӣ оянда беҳтарин дӯст шуда мемонад. Мо ба Ҳиндустон баргашта, хотироти худро дар хусуси ин шаҳри аҷоиб ба ҳамватанон нақл менамоем».
Зимни суҳбат бо мухбирон:
– Бо падарам Раҷ Капур дар Тошканд бисёр шудаам, – гуфта буд писари ин коргардони номвар Риши Капур. – Муносибати мухлисони ӯзбекистонӣ ба филмҳои ҳиндӣ маро лол кардааст. Ба бисёр кишварҳои дунё сафар кардаам, аммо мардуми меҳмонпарвари Ӯзбекистон бо кушодадилӣ ва самимият ҷудо шуда меистанд. Вақте ба ин ҷо омадам, «дар тамоми дунё дӯстҳо дорем, вале самимитарин дӯстонамон дар Ӯзбекистон»-гӯии падарам ба ёдам мерасад.
Коргардонҳои номии ӯзбек ва ҳинд Латиф Файзиев ва Умеш Меҳра аз наздик ҳамкорӣ мекарданд. «Алибобо ва чиҳил роҳзан», «Афсонаи муҳаббат» барин картинаҳо, ки самараи ин гуна ҳамкориҳост, бештар аз чиҳил сол инҷониб эътибори тамошобинони дунёро ба худ мекашанд. «Ӯзбекфилм» наздик ним аср пештар аз рӯи «Завол»-и Робиндранат Такур «Духтари дарёи Ганг» ном картина офарид, ки он низ чӣ дар Ҳиндустон ва чӣ Ӯзбекистон ҳамон намоиш дода мешавад.
Дӯстии илм ва адабиётҳоямон, айни замон, қобили таваҷҷӯҳ. Муаллифони «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Таронаи Кашмир» Турсунзодаю Шароф Рашидовро дар Ҳиндустон хуб мешиносанд. Дар Осорхонаи давлатию миллӣ, як қатор китобхонаҳои Ҳиндустон осори дар шакл ва навъ гуногуни илмию адабии намояндагони барҷастаи илм ва адабиёти мо нигоҳдорӣ мешаванд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: