ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН – ДАРВОЗАИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19-20 август дар Қароқалпоқистон шуд.

20 август дар Нуқус мулоқоти навбатии кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо соҳибкорон баргузор гардид. 

Ин мулоқот, ки дар солҳои охир ба анъана табдил меёбад, рӯйдоди деринтизор барои соҳибкорон ба ҳисоб меравад, зеро барои ҳалли мушкилоти низомнок дар соҳа, баррасии пешниҳодҳо ва фароҳам овардани рағбатҳои нав ҳамчун платформаи самарабахш хидмат мекунад.
Метавон гуфт, ки ин дафъа муколамаи ошкоро тамоми сол давом кард. Худи Президент, инчунин Сарвазир, муовинони он, вазирон, ҳокимон, роҳбари Палатаи савдою саноат, Бизнес омбудсман ба таври доимӣ бо соҳибкорон мулоқот намуданд. 
Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо беш аз 700 масъала, ташаббус ва лоиҳаҳои нав аз ҷониби соҳибкорон дастгирӣ ёфта, ба таври иловагӣ 8 триллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Бар замми ин, боз 18 триллион сӯм ба рушди саноат, кишоварзӣ, соҳаи хидматрасонӣ ва инфрасохтори соҳибкорӣ равона карда шуданд. Муваффақияти аз ҳама муҳим – низоми нави дастгирӣ аз лоиҳаҳои хурд дар маҳаллаҳо то мегалоиҳаҳо ба роҳ монда шудааст. 
Қаблан ба далели мушкилоти қарз, инфрасохтор ва санҷишҳои беохир,  дарёфти бозори фурӯш фаъолияти 60 фоизи соҳибкорони нав аллакай дар соли аввал қатъ мешуд. Ҳоло ҳиссаи корхонаҳое, ки зиёда аз се сол фаъолият мекунанд, 76 фоизро ташкил дода, бори аввал ба 300 ҳазор расидааст. Ин ба 100 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ низ дахл дорад. 
Танҳо соли ҷорӣ муомилоти моли соҳибкорон назар ба соли гузашта 25 фоиз афзуда, ба 986 триллион сӯм расид. Шумораи корхонаҳои миёнае, ки муомилоти солонаашон аз 10 то 100 миллиард сӯмро ташкил медиҳад ду баробар, шумораи корхонаҳои калоне, ки муомилоти молашон зиёда аз 100 миллиард сӯм аст аз 2,2 ҳазор гузашт, ки ин назар ба соли гузашта ду баробар зиёд аст.
Ба шарофати он, ки комплексҳои андоз, бонк, молиявию хоҷагӣ дар қисмати маҳаллаҳо ва мизоҷон кор мекунанд, 16 ҳазор корхонаи пеш зараровар дар шаш моҳ 6,5 триллион сӯм фоида гирифт. 
Имрӯз шумораи корхонаҳое, ки зиёда аз 100 нафар коргар доранд, наздик ба 3 ҳазор буда, шумораи ҷойҳои корӣ дар онҳо дар як сол 440 ҳазор зиёд шудааст. Дар сектори хусусӣ зиёда аз 1 миллион нафар коргарон беш аз 5 миллион сӯм, аз онҳо 370 ҳазор нафарашон зиёда аз 10 миллион сӯм маош мегиранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорон аз соя баромада, ба фаъолияти қонунӣ ва рақобати солим мегузаранд. 
Боз як мисоли дигар – дар рейтинги соҳибкорӣ шумораи корхонаи тоифаҳои «А» ва «В» 91 ҳазор зиёд шуда, 170 ҳазор корхонаи дигар аз категорияи пасттарини «D» хориҷ карда шуданд. Ба шарофати ин санҷишҳои андоз нисбат ба соли гузашта ду баробар кам шуданд. Гузашта аз ин дар ин муддат даромади андозсупорандагони калон 10 фоиз, корхонаҳои сатҳи вилоятӣ – 25 фоиз, андозҳое, ки соҳибкорони ноҳия мепардозанд, 40 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин натиҷаи тағйир додани услуби кори мақомоти андоз ва озодгардонии пешбурди тиҷорат мебошад. 
Муносибатҳо бо давлатҳои ҳамсоя ба сатҳи бесобиқа расиданд. Ӯзбекистон аллакай ба як бозори бузурги ҳам корхонаҳои маҳаллӣ ва ҳам ширкатҳои хориҷӣ, инчунин хаби саноатӣ дар минтақа табдил ёфтааст. 
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба наздикӣ бори аввал аз 100 миллиард доллар гузашт. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармояҳои бевоситаи хориҷӣ нисбат ба соли гузашта ду баробар афзуда, ба 14 миллиард доллар расид. Чунин нишондиҳандаҳо дар тамоми таърихи 33 солаи тараққиёти мустақил мушоҳида нашуда буданд. 
– Ҳамаи ин натиҷаи ислоҳотест, ки 8 сол пеш бар асоси эътимоди мутақобила, паҳлӯ ба паҳлӯ истода бо соҳибкорон кор кардан ва муколамаи доимӣ оғоз шуда буд. Мо ҳанӯз имкониятҳои зиёд дорем. Аз ҳама муҳимаш, дар мо чунин соҳибкорони ватандӯсту фидокор ҳаст, ки мисли шумо қодиранд онҳоро ба кор андозанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлат аз рӯйи 5 самт ташаббусҳои навро эълон кард. 
Самти аввал – вусъат додани захираҳои молиявӣ барои тиҷорати хурд ва миёна.
Пеш аз ҳама, минбаъд тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд метавонанд дар дастгирии соҳибкории хурду миёна ширкат кунанд. Миқдори қарзҳои хурд се баробар зиёд карда шуда, ба 300 миллион сӯм расонда мешавад. Дар баробари ин  дар қисмати қарз то 100 миллион сӯм гарав талаб карда намешавад. 
Дуюм, дастгирии давлатии хидмати маблағгузории хурд идома хоҳад ёфт. Ба онҳо ба таври илова ба 1,6 триллион сӯм маблағи соли ҷорӣ 1 триллион сӯм ресурс ҷудо карда мешавад. 
Бар замми ин «Микрокредитбанк» ба воситаи ташкилотҳои маблағгузории хурди худ то охири сол 1 триллион сӯм ҷалб хоҳад кард. Созмон додани бонкҳои маблағгузории хурд бо сармояи оинномавии на кам аз 50 миллиард сӯм имконпазир мегардад. 
Барои ташкилотҳои маблағгузории хурд низ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд: ба соҳиборон иҷозат дода мешавад, ки бо асъори хориҷӣ хидмат расонанд ва дар асоси иҷозатнома ҳамчун ташкилоти пардохтӣ фаъолият кунанд. 
Сеюм, мувофиқи Фармони Президенти Ӯзбекистон аз 12 августи соли ҷорӣ барои ташкилотҳои факторингӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Акнун онҳо ба мизоҷон бо асъори хориҷӣ хидмат мерасонанд. Платформаи электронӣ ба кор андохта мешавад, ки дар он соҳибкорон метавонанд маҳсулоти молиявии барои худ мувофиқро интихоб кунанд. 
Умуман, ба шарофати оммавӣ гардондани факторинг соҳибкорон ба маблағи 20 триллион сӯм барои гардиши сармоя ва корхонаҳои содиркунанда иловагӣ ба маблағи 1 миллиард доллар захираҳои молиявӣ пайдо мекунанд. 
Чорум, таҳияи қонун дар бораи молияи исломӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин ба пешниҳоди хидматҳои нави молиявӣ, ҷалби бештари сармоягузорон ва фароҳам овардани 5 миллиард доллар захираҳои иловагӣ мусоидат мекунад. 
Панҷум, амалиёти ба корхонаҳои калон додани маблағҳои аз тарафи давлат ба дастовардашуда зина ба зина барҳам дода мешавад. Таъмини ин гуна маблағ дар давоми ду сол камаш 40 фоиз коҳиш меёбад. Аз ҳисоби ин бонкҳо ба тиҷорати хусусӣ камаш 30 триллион сӯм ҷудо мекунанд. 
Самти дуюм – бо инфрасохтор, замин ва энергия таъмин кардани тиҷорат. 
2 ҳазор дархосте, ки дар чаҳорчӯби муколамаи кушод ворид шудааст, ба замин ва инфрасохтор марбут мебошад. Хароҷот барои ба даст овардани замин барои лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ якбора баланд шуд.
Аз ин рӯ, ҳоло, вақте соҳибкор аз савдои музояда замин мехарад, аз он андози арзиши иловагӣ ситонида намешавад. Дар шаҳри Тошканд ва марказҳои вилоятӣ иҷозат дода мешавад, ки барои хариди замин бо муҳлатдиҳӣ ба се сол, дар минтақаҳои боқимонда – ба панҷ сол, барои ноҳияҳои тоифаи 4 ва 5 – то даҳ сол дода мешавад.
Дуюм, минбаъд ҳангоми ҷудо кардани заминҳои нав ҳатман муҳлати аз лоиҳакашии бино то супурдани иншоот нишон дода мешавад.
Сеюм, барои ҳар як қитъаи замин дақиқ муайян шудааст, ки фаъолияти асосиро ба кадом намуди фаъолият иваз кардан мумкин аст, кадом иншооти ёрирасонро ҷойгир намудан мумкин аст. Барои ин аз 1 январ таснифгари ягонаи қитъаҳои замин ва объектҳои сохтмони асосӣ ҷорӣ карда мешавад. 
Чорум, маҳдудиятҳо барои неруи барқ ва гази табиӣ барои корхонаҳои саноатӣ коҳиш дода мешаванд. Тарифи асосӣ ҳатто агар истеъмоли неруи барқ ва газ аз лимит 20 фоиз зиёд бошад ҳам боқӣ мемонад. Агар баландии лимит беш аз 20 фоизро ташкил диҳад, тариф барои қисми баланд ба 20 фоиз зиёд мешавад. Инчунин пардохти хидматҳои коммуналӣ ҳатто дар сурати мавҷуд будани инкассо низ боздошта намешавад.      
Самти сеюм – ба вуҷуд овардани фазои баробари рақобат дар бозори дохилӣ ва вусъат додани имконоти баромадан ба бозорҳои хориҷӣ. 
Бо ин мақсад ҷараёни дохил гардидан ба Ташкилоти ҷаҳонии савдо идома дода шуда, рақобат инкишоф хоҳад ёфт. Аллакай ҳуқуқи махсус дар соҳаҳои металлургия, кимиё, энергетика ва телекоммуникатсия бекор карда шуд. 
Акнун зимни харидҳои корпоратив афзалияти нарх ба маҳсулоте, ки барои истеҳсолот харид мегардад, бекор карда мешавад. Аз ин баъд ҳеч кас молики ҳуқуқи махсус нахоҳад гардид, чӣ корхонаҳои давлатии стратегӣ, корхонаҳои хусусӣ ва ё сармоягузори хориҷӣ – ҳама дар шароити баробари иқтисодӣ кор хоҳад кард. 
Дуюм, аз маблағе, ки барои рушди соҳаҳо ҷудо карда мешаванд,  ба нақша гирифта шудааст, ки 200 миллион доллар барои таъмини молиявии пеш аз содиротӣ равон карда шавад. Аз он 50 миллион доллар ба сифати замонат бинобар кредити бонк пешниҳод мегардад. Аз ҳисоби ин маблағ дар зарфи сол барилова маҳсулот ба қимати 1 миллиард доллар содир мегардад. 
Сеюм, пойгоҳи «Е-логистика» оид ба боркашонӣ роҳандозӣ мегардад, ки он ба содиркунандагон имкон медиҳад то бубинанд, ки дар кадом корхона чӣ қадар иҷозати боркашонӣ ва имзо намудани қарордодҳои бевосита мавҷуд аст. 
Чорум, акнун зимни дохил намудани таҷҳизот ва маснуот қарздорӣ ба вуҷуд намеояд, дар сурате, ки муддати қарордод халалдор нагардад. Аз ин пас маълумоти электронии мақомоти гумрук, ки содиротро собит менамояд, барои баргардондани андоз барои арзиши изофа асос мегардад ва дигар ҳуҷҷатҳои барзиёд талаб карда намешавад. 
Панҷум, ҳамкории корхонаҳои содиркунанда бо ҳамватанонамон, ки соҳиби таҷрибаи калони тоҷириро дар хориҷа доранд, вусъат дода мешавад. 
Шашум, афзоиши саҳми маҳсулоти ватанӣ дар харидҳои давлатӣ рағбатнок гардонда мешавад. Аз он ҷумла, корхонаҳои калони соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё, металлургия, роҳи оҳан фармоишҳоро барои 2-3 сол дар портали кооператсионӣ ҷойгир менамоянд. Корхонаҳои маҳаллӣ дар асоси ин фармоишҳо намудҳои нави маҳсулотро ба роҳ меандозанд. Барои лоиҳаҳои онҳо дар қадами аввал 100 миллион доллар равон карда мешавад. 
Ҳафтум, ба идораи шабакаҳои ҳудудии электрикӣ сектори хусусӣ ҷалб карда мешавад. Аз он ҷумла, моҳи октябр тендер барои ҷалб намудани оператори хусусӣ ба шабакаи электрикии вилояти Самарқанд эълон карда мешавад. Соли оянда чунин кор дар вилоятҳои Ҷиззах ва Сирдарё ба амал оварда мешавад. 
Ҳаштум, то охири сол ба соҳибкорон боз 300 ҳавзаи истихроҷ ва қитъаҳои канданиҳои фоиданок пешниҳод мегардад. Барои қонеъ намудани талаб ба рег ва шағал инчунин 172 маҳалли истихроҷ бо захираи 110 миллион метри мукааб ҷудо карда мешавад. 
Самти чорум – ба соҳаи хидматрасонӣ таҳрикбахшии нав.
Дар Ӯзбекистон 52 фоизи аҳолии машғули кор дар соҳаи хидматрасонӣ меҳнат мекунанд. Акнун дар тамоми соҳаҳо технологияи зеҳни сунъӣ васеъ татбиқ хоҳад гардид. Дар IT-парк маркази зеҳни сунъӣ кушода мешавад. Барои таъмини молиявии лоиҳаҳо 50 миллион доллар ҷудо карда мешавад. 
Дуюм, экосистемаи дастгирии стартап-лоиҳаҳо фароҳам оварда мешавад. Барои ин фаъолияти фондҳои венчур роҳандозӣ мегардад. Инчунин давлат дар ҳаҷми як доллар барои ҳар як доллари сармоя захира пешниҳод менамояд, ки онҳоро стартап аз хориҷа ҷалб намудааст. Чунин харҷ, мисли патент намудани коркардҳои стартап ва сабти ном намудани маркаҳои тиҷоратӣ аз ҷониби давлат сарпур карда мешавад. 
Сеюм, бо мақсади маҳаллигардонии хидматрасонӣ дар тӯли сол 3 ҳазор нафар мутахассисон барои такмили ихтисос ба ширкатҳои истеҳсолии Олмон, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Чин ва Туркия фиристода мешаванд. Барномаи вусъат додани иштироки соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷиҳати хидматрасонии корхонаҳои калон таҳия карда мешавад.
Чорум, аз 1 январ қисми андоз аз арзиши изофа барои корхонаҳои хӯроки умумӣ ба соҳибкор дар намуди кэшбек баргардонда мешавад. Андози даромади ресторан ва қаҳвахонаҳое, ки ба пардохти чунин андоз гузаштаанд, ду баробар кам карда мешавад. 
Ғайр аз ин, аз 1 декабр зимни дохил намудани маҳсулоти кишоварзие, ки корхонаҳои мазкур бо пули нақд харидаанд, ягон ҳуҷҷат талаб карда намешавад. Ресторан ва қаҳвахонаҳо метавонанд кормандонро бо шартномаҳои меҳнатии кӯтоҳмуҳлат ва сода ҷалб намоянд.
Панҷум, аз 1 октябр низоми «Шаффоф қурилиш», ки мисли Рейтинги соҳибкорӣ аст, аз ҷониби худи соҳибкорон бурда мешавад. Вазифаи марказҳои консалтинг пурра ба сектори хусусӣ гузаронда мешавад. 
Самти панҷум – минбаъд коҳиш додани мамониат ва гиреҳҳои тиҷорат. 
Якум, бо мақсади бартараф намудани мамониатҳои соҳибкорӣ рӯйихати маҳакҳое таҳия мегарданд, ки воқеан ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ хатар дорад. Шахсони соҳибвазифае, ки фаъолияти соҳибкорро бидуни сабаби дар рӯйихати маҳакҳо вуҷуддошта қатъ мегардонад, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
Дуюм, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани соҳибкорон боз ҳам бештар либералӣ карда мешавад. 
Сеюм, аз ин пас дар сурати халалдор гардидани муддати баргардондани кредит пеш аз ба гарав гузоштани мулк нархи ҷории бозории он муайян карда мешавад. Агар қарзи барнагардонида камтар аз 15 фоизи арзиши гаравро ташкил намояд, ситондани он ба мулк нигаронда намешавад. Бонк ба мизоҷ имкон медиҳад, ки қарзро аз ҳисоби дигар манбаъ баргардонад. 
Чорум, акнун маблағе, ки аз фурӯши замин ворид мегардад, пеш аз ҳама ба баргардондани қарзи соҳибкорон барои аз байн бурдани иншоот равон карда мешавад. 
Президент ба он таваҷҷуҳ намуд, ки соли ҷорӣ гуфтугӯйи ошкоро маҳз дар Қароқалпоқистон баргузор мегардад ва афзалияти дар ин ҷо ба роҳ андохтани соҳибкориро таъкид кард. Дар Қароқалпоқистон барои тиҷорат беш аз 50 имтиёз пешниҳод гаштааст, ки он дар ягон минтақаи дигар вуҷуд надорад. Дар ин ҷо низоми одии ҷудо намудани замин татбиқ гаштааст. Минтақа инчунин барои ба бозорҳои калон баромадан қулай мебошад. 
Таъкид шуд, ки бо мақсади босамар истифода намудани ин имконот барномаи «Дар Қароқалпоқистон тиҷорат кун» қабул хоҳад гардид. 
Чорабинӣ дар намуди гуфтугӯйи ошкоро идома ёфт. Соҳибкорон аз студияҳои марказӣ ва минтақавӣ, ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар бо тиҷорат машғуланд, фикри худро иброз доштанд. Мушкилот муҳокима гардида, пешниҳодот дастгирӣ гардид.      
Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ,
Икром АВВАЛБОЕВ,
мухбирони ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: