ҚАРОҚАЛПОҚҲО ДАР ФАРҒОНА МЕҲМОН БУДАНД

Як гурӯҳ олимону адибон, рӯзноманигорону санъаткорон ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таҳти раёсати ноиби раиси Ҷуқорғи Кенес Довуд Қурбонниёзов ба вилояти Фарғона ташриф оварданд.

Дар миёни меҳмонон мудири нашриёти “Билим”, Нависандаи халқии Ӯзбекистон Мурод Низомов, раиси Иттиҳодияи нависандагони Қароқалпоқистон, узви Сенати Олий Маҷлис Кенесбой Каримов,  Шоири халқии қароқалпоқ Бахтиёр Генҷемурод, этнограф Мақсад Қарлибоев ва дигарон ҳузур доштанд. 
Муовини ҳокими вилоят Файзулло Қосимов меҳмононро ба шаҳри ҳамешабаҳор ва зебои Фарғона хайрамақдам гуфт. Раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Энахон Сиддиқова, доктори улуми филологӣ Йӯлдош Солиҷонов, раиси хазинаи «Нуронӣ» Топволдӣ Холдоров ба меҳмонон перомуни дастовардҳои вилоят дар соҳаи илму фарҳанг, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, аз ин баъд мустаҳкам кардани робитаҳои фарҳангии аҳли қалами вилоят бо ҳамтоёни қароқалпоқи худ ибрози назар карданд. 
Дар ҷараёни суҳбат баргузор намудани даҳаи адабиёту фарҳанг  дар Фарғона ва Қароқалпоқистон ва ба ин васила баҳам наздик намудани ду халқу ду адабиёт таъкид гардид. Баъд мизбонон меҳмононро ба қасри «Маданият ва маърифат»-и низомиёни шаҳр раҳнамоӣ карданд. Дар ин ҷо бо иштироки дастаи миллӣ-фолклории «Айқулаш», овозхонҳову раққосони  Қароқалпоқистон ва вилояти Фарғона консерти муштарак баргузор гардид.  
Меҳмонон саёҳати худро дар «Боғи эҷодкорон» ва «Мактаби эҷодӣ»-и шаҳри Марғелон давом доданд. Роҳандозии мушоира дар ин шаҳри куҳан сафари меҳмононро бештар шукӯҳ бахшид. Меҳмонон ҳамчунин аз корхонаи хусусии «Қолинҳои Исмоилҷон»-и ноҳияи Қӯштеппа боздид ба амал оварданд.
Дидору мулоқотҳои меҳмонон аз деҳаи Такалики ноҳияи Ёзёвон хурсандибахш буд. Дар ин ҷо ҳудудан 1200 нафар қароқалпоқтаборон бо ӯзбекону тоҷикон паҳлӯ ба паҳлӯ дар оилаи ягона ва тифоқ зиндагӣ ва кор мекунанд.  Дар даромадгоҳи деҳа мардум меҳмононро бо гулдастаҳо истиқбол гирифтанд, шеърҳои зиёд ба забони қароқалпоқӣ хонда шуд. Ба мӯйсафедони деҳ ҷомаҳои миллии қароқалпоқӣ пӯшониданд. Як тарафи майдони деҳаро хаймае оро медод, ки меҳмонон бо худ аз Қароқалпоқистон овардаанд.
Дар фароғатгоҳи «Толқудуқбобо»-и ноҳия консерти калон  баргузор шуд ва ба мардум таассуроти хуш боқӣ гузошт. Меҳмонон боз якчанд ҷойҳои таърихии вилоятро тамошо карданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: