ҚАРОРДОД БАРОИ РАСОНДА ДОДАНИ 5 ҲАЗОР ТОННА ГЕЛОСИ ӮЗБЕКИСТОН БА ЧИН ИМЗО ШУД

Бо ширкати бузургтарини «Beijing Xinyu Yatong International Trade Co.Ltd»-и Чин муоҳида бинобар расонда додани ҳосили нави гелоси Ӯзбекистон дар ҳаҷми 5 ҳазор тонна ба имзо расид.

Бо ширкати бузургтарини «Beijing Xinyu Yatong International Trade Co.Ltd»-и Чин муоҳида бинобар расонда додани ҳосили нави гелоси Ӯзбекистон дар ҳаҷми 5 ҳазор тонна ба имзо расид. 
Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Чин бо бузургтарин харидорони чинӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, ритейлерҳо бобати вусъат додан ва диверсификатсия кардани сохтори савдои дуҷонибаи байни кишвари мо ва ҶМЧ корҳои мунтазамро идома медиҳад. 
Ба фурӯши фаъолонаи маҳсулоти меваву сабзавоти ватанӣ дар бозорҳои кишвари мазкур эътибори махсус дода мешавад. Бинобар корҳое, ки дар ин самтҳо бо ширкати бузургтарини Чин «Beijing Xinyu Yatong International Trade Co.Ltd» гузаронида шуданд, бобати расонда додани гелос аз Ӯзбекистон ба Чин қарордод ба имзо расид. Аз ҷумла муоҳида барои расонда додани ҳосили нави гелос дар ҳаҷми 5 ҳазор тонна имзо гардид.
Ҳосили нави пешбинишудаи гелос аз тамоми тартиботи коркарди содиротӣ ва тайёрӣ ба фурӯш  аз тариқи таҷҳизоти замонавӣ (ҷамъоварии ҳосил, сардкунӣ бо гидрокулер, ба навъҳо ҷудокунӣ бинобар рангу ҳаҷм, борбандӣ, фумигатсия, нигаҳдорӣ) гузаронида мешавад. Мувофиқи талаботи харидорони хориҷӣ ҳосили нав дар борхалтаҳои махсуси замонавии «ҳаворас» бинобар технологияҳои МАР (Modified Atmosphere Packaging) барои дароз кардани муҳлати нигоҳдории маҳсулоти содиротӣ ҷогузин карда мешавад. 
Бори аввалини гелос, ки дар боғҳои ширкати «Samarkand Garden Plast» (вилояти Самарқанд, ноҳияи Булунғур) рӯёнда  шудааст, 5 июн аз тариқи хатсайри махсуси боркашони миллии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба шаҳри Шанхай фиристода шуд. 
Бояд гуфт, ки пас аз бори аввалин ширкати чинӣ ният дорад ҷуғрофияи расондадиҳии онро ба вилоятҳои ҷанубӣ ва ҷанубу шарқӣ (Гуандун, Сзянсу, Чжетзян, Сичуан ва шаҳри Чунсин), ки дар онҳо гелоси мо талаботи зиёд дорад, афзун кунад.
Барои расонда додани маҳсулоти меваву сабзавоти содиротии Ӯзбекистон ба бозорҳои Чин аз ҷониби содиргарони ширкатҳои ватанӣ, бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Бонки саҳомиву тиҷоратии «Туронбонк» низ, аз тариқи таъҷилан ҳаллу фасл кардани амалиётҳои байналхалқии бонкӣ кор бурда мешавад. 

Шуҳрат УМИРОВ, 
АИ «Дунё»,
ПЕКИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: