ҚАРОРДОД БО ДОНИШГОҲИ АЛЛОМА ТАБОТАБОӢ

Солҳои охир аз тарафи ҳукуматамон бо давлатҳои дуру наздик робитаҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву маънавӣ васеъ ба роҳ монда мешавад, ки дар ин асос рушди ҳамаҷонибаи мамлакат назаррас мегардад.

Солҳои охир аз тарафи ҳукуматамон бо давлатҳои дуру наздик робитаҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву маънавӣ васеъ ба роҳ монда мешавад, ки дар ин асос рушди ҳамаҷонибаи мамлакат назаррас мегардад. 


Чи хеле ки хабар дода будем, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ бо ҳамкории сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маркази забон ва маданияти форсӣ ташкил шуда буд.
Дар байни Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи Аллома Таботабоии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба қарибӣ шартномаи ҳамкорӣ имзо гардид. Ҳуҷҷати мазкур, ки ба тарзи онлайн имзо шуд, чун хишти аввал ба муносибатҳои байниҳамдигарии муассисаҳои таълими олии Эрон ва ДДШТ қарор гирифт.
Дар мамлакатамон омӯзонидан ва таҳқиқи манбаъҳои таърихӣ ва адабие, ки ба забонҳои форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ ва пашту офарида шудааст, таърихи дуру дароз дорад. Ба корҳои эроншиносии Донишгоҳи шарқшиносӣ соли 1918 асос гузошта шудааст, кафедраи филологияи эрон бошад, фаъолияти илмиву амалиашро соли 1944 оғоз намудааст.
Ҳоло дар донишгоҳи мазкур мутахассисон оиди эроншиносӣ дар се самт – бакалаврӣ, магистратура ва докторантура таълим мегиранд.
Дар соли хониши ҷорӣ наздик ба 500 нафар донишҷӯён забони форсиро ҳамчун забони асосӣ меомӯзанд. Мутахассисон аз рӯйи тахассуси филология, матншиносӣ, манбаъшиноси адабӣ, таърих, фалсафа, иқтисодиёт ва сиёсат тайёр карда мешаванд.
Дар чорабиние, ки бахшида ба ин муносибат баргузор шуд, ректори ДДШТ Гулчеҳра Рихсиева таъкид намуд, ки ба туфайли сиёсати оқилонаи «дарҳои кушод»-и Президент Ш. Мирзиёев имкониятҳои нави ҳамкорӣ бо Эрон ба вуҷуд омад. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки шартномаи ҳамкории баимзорасида ба баланд бардоштани сифати таълими олӣ оиди соҳа ва ҷустуҷӯҳои илмӣ хидмат мекунад.
Дар навбати худ ректори Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ Ҳусайн Салимӣ оид ба муассисаи мазкур маълумоти пурра дод.
– Донишгоҳамон дар Эрон муассисаи ягона дар соҳаи иҷтимоиву гуманитарӣ буда, дар он барои омӯхтани забони форсӣ ба хориҷиён ҳамаи шароит офарида шудааст,– гуфт Салимӣ. – Ният дорем робитаҳоро бо Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд доир ба соҳаи иҷтимоиву гуманитарӣ ва боз ҳам аз худ кардани забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба роҳ монем.
Котиби сеюми сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тошканд Муртазо Боқирӣ ба ҷамоаи донишгоҳ барои ҳиссаашон дар оммавӣ гардондани маданият, забон ва адабиёти форсӣ дар Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор кард. Ӯ аз ҷумла, изҳори боварӣ намуда гуфт, ки аз сабабе, ки муассисаи мазкур дар мамлакатамон маркази эроншиносӣ ба шумор меравад, дар байни сафоратхона, муассисаҳои таълими олии Эрон ва ДДШТ робитаҳои бисёрҷанба мустаҳкам мешаванд.
Ҳоло дар кафедраи «Филологияи Эрон ва афғон» 5 нафар доктори илм ва 5 нафар номзад фаъолияти илмиву педагогӣ мебаранд. Дар ин ҷо омӯзгорон Симо Ҳусайн Аббосӣ, Муҳаммадризо Аслонӣ ва Каҷол Алмосӣ, ки аз Эрон таклиф шудаанд, кор мекунанд. Ба ҷараёни хониш ҷалб гардидани 3 нафар мутахассис аз Эрон дар таърихи кафедра ҳолати аввал буда, мутахассисон ба он баҳои баланд доданд.
Соли 2018 ДДШТ бо Бунёди «Саъдӣ»-и Эрон шартнома доир ба ҳамкориро имзо карда буд. Мувофиқи он ҳамкориҳо бо якчанд донишгоҳи Эрон ба роҳ монда шуд. Дар давоми ду соли охир 7 нафар профессорон-омӯзгорони донишгоҳ дар конфронсҳои байналхалқие, ки дар Эрон баргузор шуд, иштирок карданд. Дар шароити пандемия низ 32 нафар  профессорон-омӯзгорон дар гурӯҳҳои такмили ихтисоси масофавии  Донишгоҳи Таботабоӣ, ки таҳти мавзӯи «Таърихи забони форсӣ ва адабиёт», «Дар асоси талаби CEFR омӯзондани  забони форсӣ ба хориҷиён» гузаронида шуд, иштирок карда, соҳиби сертификатҳои дахлдор гаштанд.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: