7-8 октябри соли равон аъзои ҳайъати парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии он Шукурҷон Зуҳуров ба малакатамон ташриф оварда буд.
Вохӯриҳое, ки бо онҳо дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис сурат гирифт, дар муносибатҳои дӯстонаи байни ду мамлакат аҳамияти муҳим касб намуд.
Тавре ки Ш. Зуҳуров таъкид намуд, тӯли се соли охир дар натиҷаи иродаи сиёсӣ ва сисёсати оқилонаю дурандешонаи президентҳои ду давлат ҳамкориҳои дӯстонаи байни мамлакатҳоямон самараи худро медиҳанд. Албатта, асоси инро ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ таҳким мебахшад.
Мулоқот ва қарордодҳое, ки дар доираи ташрифи ҳайъати парлумони Тоҷикистон ба мамлакатамон, бино ба ҳамкориҳои байниякдигарӣ ба тасвиб расиданд, давоми мантиқии робитаҳои мустаҳками дӯстона буд. Дигаргуниҳои дуҷонибае, ки дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, маданию гуманитарӣ ба амал татбиқ мегарданд, ба манфиатҳои ду халқи бародар хидмат мекунанд. Афзудани табодули ҳаҷми амвол, вусъат ёфтани доду гирифт дар самтҳои истеҳсолоту саноат, таҳким ёфтани ҳамкории соҳибкорону корчаллонҳои ду давлат ва боз гардидани сарҳадҳо сатҳу сифати муносибатҳои некҳамсоягӣ ва дӯстонаро ба зинаи нав бардошт. Бобати рушди робитаҳои байниякдигарӣ, амиқрафти муносибатҳои мамлакатҳоямон ва ба амал татбиқ намудани қарордодҳои дуҷониба робитаҳои парлумонӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар ин маврид бояд гуфт, ки ба тасвиб расидани қарордод «Дар бораи ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар муносибатҳои байни ду давлат ҳодисаи муҳими таърихӣ гардид. Ин қарордод бобати рушди муносибатҳои анъанавие, ки ба дӯстиву ҳамкории байни халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон асос ёфтааст, аҳамияти калон дорад.
Мулоқотҳои намояндагони парлумони ду давлат, ки дар рӯҳи конструктивӣ ва боварӣ ба якдигар сурат гирифт ва қарордоди дар натиҷаи ин мулоқот батасвибрасида ба густариши робитаҳои ҳамкории байнипарлумонии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ғанӣ гардидани он бо мазмуну мундариҷаи нав, рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва инвеститсионӣ, умуман, вусъат пайдо кардани робитаҳо дар ҳама соҳа хидмат менамояд.
Авазбек ҶАЛИЛОВ,
раиси Кумитаи робитаҳои байналхалқӣ ва байнипарлумонии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.