ҚАРС АЗ ДУ ДАСТ...

Номаи бетаҳрир

Маълум аст, ки аз моҳи январи соли 2017 дар мамлакати мо, бо сарварии Президент Ш.Мирзиёев ба манфиати халқ гардиши куллӣ амалӣ мешавад. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дигаргуниҳои эҷобӣ рух дода, ҳаёти мардум беҳтар шуда истодааст. Муносибати масъулони идораҳои давлатӣ ба манфиати халқ тағйир ёфт. Дар тамоми ноҳияҳо қабулхонаҳои халқӣ кушода шуда, муаммоҳои солҳои сол кашолёфта ҳаллу фасл мешаванд. Худи сарвари давлат дар маҳалҳо бо ҳаёти воқеии мардуми оддӣ шинос шуда, ёрии амалӣ мерасонад. Аз ин иқдоми халқпарваронаи давлату ҳукумат мардум шоду розианд. Худо хоҳад ҳаёти халқамон боз ҳам беҳтару фаровон, осудаю осоишта мешавад.
Мушоҳидаҳои зиёдам водор сохтанд, ки ман сатрҳои зеринро пешкаши шумо – рӯзномахонон намоям. Чунки ҳар як фарди соҳибақл бояд ҳам дар сухан ва ҳам дар амал барои боз ҳам хуб шудани ҳаёти халқ ҳиссагузор бошад.
Одами тамошобин, ки «ба ман чӣ» гуфта, бепарвоӣ зоҳир мекунад, барои ҷамъият бағоят хавфнок аст. Аз ин рӯ мо, ки шаҳрвандони ин сарзамин ҳастем, бояд барои ободии вай ба қадри имкон саҳм гузорем.
Чунончи, бобати гузаронидани тӯю маъракаҳо қарори ҳукумат ва ҳуҷҷатҳои дигар қабул шуданд. Дар миқёси вилоятҳо, ноҳияҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо чорабиниҳо андешида мешаванд. Аммо дар амал тӯй ва маъракаҳои дигар ошкорою пинҳонӣ чун пештара давом доранд. Мутасаддиёни маҳаллаҳо бошанд, бо ҳар роҳ баҳонаҷӯӣ ё канорҷӯӣ мекунанд, касеро ба ҷавобгарӣ ва танбеҳ намекашанд. Мо шаҳрвандон бошем, аз ҳамаи ин чашм мепӯшем, эроде намегирем, ба идораи маҳаллаҳо ёрӣ намерасонем. Хулоса, худро фиреб медиҳем. Охир қарору ҳуҷҷатҳои давлат бо дастгирию саъю ҳаракатҳои мо бояд амалӣ шаванд.
Бисёр солдидагону кордидагон дар маҳаллаҳо фаъол нестанд, худро аз ҳаллу фасли муаммоҳои ҷойдошта канор мегиранд, ки ин аз рӯйи инсофу диёнат нест. 
Дигар муаммои муҳим ин дар мо то имрӯз ҷой доштани дабдабабозӣ, намоишкорӣ, иллатҳои худситоӣ, маъракабозӣ ва ғайра мебошад. Ҳол он ки ҳоло давраи корҳои амалӣ расидааст. Сарвари давлат доир ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ғамхориҳои бисёр мекунад. Зеро тарбияи маънавии насли наврас аҳамияти калон дорад. Президент наврасону ҷавононеро, ки китобро дӯст медоранду китобхонанд, дастгирӣ, ҳатто автомобилҳои сабукрав ҳадя карда истодааст.
Лекин дар маҳалҳо то ҳол ба ин масъала чандон эътибори зарурӣ дода намешавад. Чунончи, дар деҳаи мо бештар аз бист ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, 4 мактаби миёна, мактаб-интернат, коллеҷ фаъолият доранд, вале ягон дукони китобфурӯшӣ, ё ки китобхона нест. Клуби аз собиқ колхоз меросмонда чандин сол боз бесоҳиб буда, як қисми он ба мағозаи молҳои хоҷагӣ ва устохонаи автомобилтаъмиркунӣ табдил дода шудааст. Чаро мо то ҳол ҳаллу фасл кардани муаммоҳои худро дар миқёси вилоят, ноҳия, деҳа ёд нагирифтаем. Охир қарсак аз ду даст гуфтаанд. То кай ба амалҳои неки давлату ҳукумат нигарон шуда меистем. Мо бояд бо кору амали худ ҳар як иқдоми неку халқпарваронаи Президенти муҳтарам ва ҳукуматамонро дастгирӣ намоем. Фақат бо ҳамин роҳ ба мақсадҳои олии худ хоҳем расид.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: