Алҳол мо ҳаётамонро бидуни радио, телевизион, рӯзнома ва интернет тасаввур карда наметавонем.
Оре, садаи XXI асри технологияҳои ахбор ва инноватсия гардид. Ҳоло ҳар як навгонӣ бо истифода аз намудҳои ҳозиразамони тарғиботӣ бо зудӣ ба тамоми олам паҳн шуда, ҷаҳонбинии иҷтимоии мардумро ба вуҷуд меоварад.
Миқдори воситаҳои ахбори оммавӣ чунин бисёр аст, ки бо номбар кардан ба охираш намерасем. Вале рӯзнома дар байни онҳо мавқеи алоҳида дорад. Кас аз мутолиаи он ҳам савод меомӯзад, ҳам аз навгонӣ хабардор мешавад, ҳам маданияти сухан ва маърифатро аз бар мекунад. Алқисса, ҷаҳонбинии инсон рангинтар мегардад.
«Овози тоҷик» дар мамлакат ягона рӯзномаи тоҷикии умумиҷумҳурӣ буда, дар равнақи забони модарии мо, дар тарғибу ташвиқи маданияти миллии тоҷикони кишвар хидмати беҳамто дорад. Бо воситаи ин рӯзнома мо баробари бо ҳаёти ҳамзабонони кишварамон шинос шудан, қарор ва фармонҳои Сарвари давлатамонро бо забони модариамон – тоҷикӣ мутолиа мекунем.
Вале сад дареғ, ки бисёр ҳамзабонони мо, ҳатто дар мамлакатамон мавҷуд будани чунин як рӯзномаи тоҷикиро намедонанд. Баъди номашро шунидан «Оё дар Тоҷикистон чоп мешавад?»– гуфта, касро дубора асабӣ мекунанд. Агар хато накунам, дар ҷумҳурии мо беш аз 245 мактаби таълимашон бо забони тоҷикӣ ё омехта амал мекунад. Қариб дар ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ тоҷикон аз қадим зиндагӣ мекунанд. Вале адади рӯзномаи «Овози тоҷик» дар сари сол ҳамагӣ ба 5 ҳазор нусха мерасид, ки ин рақам ҳатто аз рӯзномаҳои ноҳиявӣ кам мебошад.
Чаро мо ба обунаи рӯзномаамон бепарвоӣ мекунем? Чаро ҳар як мактаби тоҷикӣ ба он эътибор намедиҳад?! Бисёриҳо нархи рӯзномаро баҳона мекунанд. Охир, ҳеҷ набошад се-чаҳор нафар ба як рӯзнома обуна шаванд, мешавад-ку!
Дар ноҳия ва вилоятҳои тоҷикнишин баъзан ба кори обуна ба ин рӯзнома бепарвоӣ зоҳир мекунанд, «Овози тоҷик» ҳам рӯзномаи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст ва мақомаш бо рӯзномаҳои «Халқ сӯзи»-ву «Народное слово» ва «Правда Востока» баробар мебошад. Бояд фаромӯш накунем, ки ин рӯзнома таърихи қариб садсола дорад. Аз ин рӯ ҳар як зиёии тоҷик бояд ба обунаи «Овози тоҷик» саҳмгузор бошад.
Ин қарз ва фарзи миллии мост.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
вилояти НАМАНГОН.